Волейбол, архивное фото

Бонувон барои Ҷоми раиси Душанбе қувваозмоӣ мекунанд: 104 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд

114
(Таҷдидшуда 20:44 10.02.2021)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки миёни бонувони вазорату идораҳо барои гирифтани Ҷоми раиси шаҳри Душанбе озмуни волейбол гузаронда шавад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида Рӯзи Модар гузаронда шавад.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт барои хароҷоти марбути озмун 104 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Масъулини пойтахт дастур гирифтаанд, ки барои ҷалби дастаҳои вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва инчунин дастаҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ ба раёсатҳои умури дохилӣ ва амнияти милллӣ, инчунин хадамоти тандурустию оташнишонӣ супориш додааст, ки дар ҷараёни озмун тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.

114
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, озмун, Тоҷикистон
Спортивный директор ФК «Тамбов» Павел Худяков

Худяков дар бораи гузариши Восиев ба "Тамбов": ӯ ҳадаф ва хоҳиши бозӣ карданро дорад

7
(Таҷдидшуда 00:26 25.02.2021)
Павел Худяков, директори варзишии КФ "Тамбов" шарҳ дод, ки .чаро барои футболбози тоҷик Фарҳод Восиев як гардиши куллии вазнин рӯй дод

Шарики кориям, ки қаблан дар "Оренбург" кор карда буд, пешниҳод кард, ки нозадии Восиевро аз дида бароям, гуфт директори варзиши КФ "Тамбов" Павел Худяков дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

"Як бачаи муқаррарӣ, омодааст дар шароити хоксоронаи мо кор кунад", - гуфт намояндаи КФ "Тамбов".

Директори варзиши клуби футболи Русия илова намуд, ки чизи асосӣ он аст, ки варзишгари тоҷик ҳадаф дорад, хоҳиши бозӣ кардан вуҷуд дорад, гарчанде ки ӯ аллакай ба қатори футболбозони ботаҷриба шомил аст.

"Вай мехоҳад ба худ чизе исбот кунад ва ба мо кумак кунад. Ҳоло лаҳзае аст, ки ӯ бояд исбот кунад, ки ҳунари хуб дорад ва ин маҳз сатҳи ӯст. Ҳама чиз танҳо аз ӯ вобаста хоҳад буд", - гуфт Худяков.

Ва чӣ гуна футболбози тоҷик худро нишон хоҳад дод, танҳо бо мурури замон маълум хоҳад шуд, хулоса кард директори варзиши КФ "Тамбов".

Ёдовар мешавем Фарҳод Восиев, футболбози 30-солаи тоҷик чанд рӯз қабл бо тими "Тамбов" шартнома баст ва ҳамакнун ҳунарнамоии варзишии худро дар Премер Лигаи Русия идома медиҳад.

Пас аз 19 даври бозии Премер лигаи Русия, "Тамбов" 13 имтиёз дорад ва дар арафаи хориҷшавӣ аз лига қарор дорад.

7
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо

Дар зӯрозмоии Тошканд 13 паҳлавони тоҷик, аз ҷумла як зан ширкат мекунанд

156
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7 март дар шаҳри Тошканд дар назар аст, 13 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои  Федератсияи ҷудо дар зӯрозмоии Тошканд аз Тоҷикистон 13 паҳлавони ҷудокор, аз ҷумла як зан намояндагӣ хоҳад кард.

Аз ҷумла Қаюмзода Абумуслим – 60 кило, Суфиев Баҳром - 66кило, Сафаралиев Алиҷон – 66 кило, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар дар вазни то 81 кило, Комроншоҳи Устопириён - то 90 кило, Саидҷалол Саидов то 100 кило, Раҳмон Мансур – 100 кило, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ҳарду дар вазни беш аз 100 кило сабқат мекунанд. Хабаргузории “Ховар” аз қавли Федератсия овардааст, ки дар сабқати занон аз Тоҷикистон як нафар - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 63 кило зӯрозмоӣ менамояд.

Манбаъ афзуд, барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳол иштироки 547 варзишгар, аз ҷумла 317 мард ва 230 зан аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Дар  рӯзи аввали мусобиқа – 5  март  қувваозмоиҳо дар вазнҳои  60 - 66 кило миёни мардон ва аз 48 то 57 кило миёни занон доир мегарданд.

Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон аз 73 то 81 кило миёни мардон ва аз 63 то 70 кило миёни занон рақобат мекунанд.  Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон аз 90 то зиёда аз 100 кило миёни мардон ва 78 кило миёни занон ба поён мерасад.

Ғолибони ин зӯрозмоӣ баробари холҳои олимпӣ инчунин 5 ҳазор доллар барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ хоҳанд гирифт.

Бар асоси меъёрҳо, ҷудокоророни ҷаҳон имкон доранд, то моҳи июни соли равон холҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токиоро ба даст оранд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

156
Барчаспҳо:
паҳлавон, Душанбе, Тоҷикистон