Бокс, архивное фото

Шавкат Раҳимов бо Ҷозеф Диас то охир ҷангид: муҳориба якранг анҷом ёфт

212
(Таҷдидшуда 12:56 14.02.2021)
Шаби гузашта дар Калифорнияи Амрико муҳорибаи шадиди муштзаи тоҷик ва амрикоӣ ба анҷом расид: натиҷаи муҳориба мухлисонро ба ҳайрат гузошт

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Муҳориба миёни муштзани тоҷик Шавқат Раҳимов, ки Русияро муаррифӣ мекунад ва варзишкори амрикоӣ Джозеф Диас шаби гузшта дар Калифорнияи Амрико баргузор шуд.

Муҳориба 12 раунд идома ёфт. Ба гуфтаи мухлисон муҳориба ҷолиб буд. Рақибон як дигаро раҳм намекарданду ба якдигар муштҳои сангин мезаданд.

Муҳорибаи рақибон бидуни ҳозирин сурат гирифт. Аммо дар давоми рақобат дар майдон садои “офарин” ва “ба пеш” ба гӯш мерасид.

Новобаста аз дастгирии тим ва муҳорибаи хуб Раҳимов натавонист варзишкори амрикоиро шикаст диҳад.

Дар ниҳоят доварон ба хулоса расиданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашудааст касе набохтааст. Рақобат якранг анҷом ёфт.

“Сипос ба ҳама. Ман ҳар коре тавонистам анҷом додам”, - гуфт Раҳимов баъд аз рақобат.

Бояд қайд кард, ки Диас рақобатро алакай пештар бохта буд: варзишкори амрикоӣ дар вақти вазнкашӣ ноком шуда буд, вазни 1,5 кило зиёдтар буд. Ба ҳамин хотир, ӯ камарбанди чемпионӣ IBF-ро аз даст дод. Ҳамчунин ӯ бояд ҷаримаи бузурге супорад.

212
Барчаспҳо:
ҳайрат, амрикоӣ, муҳориба, варзишкор, бокс
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо

Дар зӯрозмоии Тошканд 13 паҳлавони тоҷик, аз ҷумла як зан ширкат мекунанд

151
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7 март дар шаҳри Тошканд дар назар аст, 13 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои  Федератсияи ҷудо дар зӯрозмоии Тошканд аз Тоҷикистон 13 паҳлавони ҷудокор, аз ҷумла як зан намояндагӣ хоҳад кард.

Аз ҷумла Қаюмзода Абумуслим – 60 кило, Суфиев Баҳром - 66кило, Сафаралиев Алиҷон – 66 кило, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар дар вазни то 81 кило, Комроншоҳи Устопириён - то 90 кило, Саидҷалол Саидов то 100 кило, Раҳмон Мансур – 100 кило, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ҳарду дар вазни беш аз 100 кило сабқат мекунанд. Хабаргузории “Ховар” аз қавли Федератсия овардааст, ки дар сабқати занон аз Тоҷикистон як нафар - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 63 кило зӯрозмоӣ менамояд.

Манбаъ афзуд, барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳол иштироки 547 варзишгар, аз ҷумла 317 мард ва 230 зан аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Дар  рӯзи аввали мусобиқа – 5  март  қувваозмоиҳо дар вазнҳои  60 - 66 кило миёни мардон ва аз 48 то 57 кило миёни занон доир мегарданд.

Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон аз 73 то 81 кило миёни мардон ва аз 63 то 70 кило миёни занон рақобат мекунанд.  Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон аз 90 то зиёда аз 100 кило миёни мардон ва 78 кило миёни занон ба поён мерасад.

Ғолибони ин зӯрозмоӣ баробари холҳои олимпӣ инчунин 5 ҳазор доллар барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ хоҳанд гирифт.

Бар асоси меъёрҳо, ҷудокоророни ҷаҳон имкон доранд, то моҳи июни соли равон холҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токиоро ба даст оранд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

151
Барчаспҳо:
паҳлавон, Душанбе, Тоҷикистон
Фарход Восиев, архивное фото

Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт

137
(Таҷдидшуда 19:39 22.02.2021)
Фарҳод Восиев, футболбози 30-солаи тоҷик ҳунарнамоии варзишии худро дар Премер Лигаи Русия идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи "Тамбов" идома медиҳад, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Ба иттилои манбаъ, ҳимоятгари 30-солаи тоҷик дар ҳайати тими "Тамбов" дар Премер Лигаи Русия қувваозмоӣ мекунад. 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от TAJIKISTAN FOOTBALL FEDERATION (@fft_official)

Ба иттилои ФФТ, пас аз 19 даври бозии Премер лигаи Русия, "Тамбов" 13 имтиёз дорад ва дар арафаи хориҷшавӣ аз лига қарор дорад. 

Фарҳод Восиев қаблан низ дар бошгоҳҳои Русия бозӣ кардааст. Ҳамин тавр, соли 2017 шартномаи худро бо тими футболи "Оренбург" қатъ карда, ба "Истиқлол"-и Душанбе баргашта буд.

Фарҳод Саидҷонович Восиев 14 апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Шогирди дастаи "Эверест" -и Душанбе мебошад.  Соли 2005 ӯ дар ҳайати ҷавонон ва дастаҳои асосии ССКА Душанбе ба бозӣ шурӯъ кард. Вай инчунин дар мавсими 2006 дар ин клуб бозӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, ӯ дар тими артиш 17 бозӣ гузаронида, 2 гол ба самар расонидааст.

Вай инчунин дар тимҳое, ба монанди "Сатурн", "Криля Советов", "Перл 2" (Сочи), "Шинник", "Волгар" бозӣ кардааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ӯ дар Чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола бозӣ карда, то ба 1/8 финал баромад. Аммо дар марҳилаи ҳаштяк финал аз тими миллии Перу мағлуб гаштаанд.

Аз соли 2007 Восиев ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷалб карда мешавад.

137
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0