Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо

Акмалу Беҳрӯз бохтанд: муҳорибаи 4 варзишгари тоҷик дар пеш аст

253
(Таҷдидшуда 17:29 19.02.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 шаш варзишкори тоҷик намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021 барои Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода анҷом ёфт. Ҳар ду варзишгар аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд ва аз идомаи мубориза бурданд, маҳрум шуданд.

Нахуст Акмал Муродов, ки Тоҷикистон дар вазни 81 кг намояндагӣ мекард, рӯи татами баромад ва дар даври аввали ин мусобиқа, намояндаи Олмон - Александр Вечерзак бо усули "Иппон" ӯро шикаст дод.

Александр Вечерзак 29-сол дошта, дар рейтинги IJF дар вазни 81кг бо касби 1831 хол дар зинаи 33-юм қарор дорад. Акмал Муродов бошад, бо доштани 842 имтиёз дар ҷои 55-ум мавқеъ касб намудааст.

Пас аз Акмал, Беҳрӯз Хоҷазода ба майдон баромад, аммо муҳорибаи ӯ низ нобарор анҷомид. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг дар нахустин рақобати хеш бо намояндаи Ӯзбекистон Ҷалолиддин Бойназаров, ки дар рейтингӣ IJF умуман вуҷуд надорад, рақобат кард.

Гуфта мешавад, имрӯз Сомон Маҳмадбеков низ майдондорӣ мекунад.

Дар умум бошад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки ду нафари онҳо аз рақобат канор монданд ва муборизаи 4 варзишгари дигар идома меёбад.

Хоҷазода: 57%-и оилаҳои ниёзманд замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 437 нафар варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи  "Tel Aviv Grand Slam" дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон панҷ ҳазор доллар, барои ҷои дуюм се ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла, варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд.

253
Барчаспҳо:
дзюдо, тоҷик, варзишгар, мусобиқа
Джахонгир Эргашев, архивное фото

Ҷаҳонгир Эргашев аз "Хуҷанд" рафт: корномаи варзишияшро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

214
(Таҷдидшуда 18:50 04.03.2021)
Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози шинохтаи тоҷик корномаи варзишиашро дар Ӯзбекистон идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 март - Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбози тоҷик бо тими "Қизилқум" –и Ӯзбекистон шартнома баст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати шартномаи Ҷаҳонгир Эргашев то охири мавсими ҷорӣ буда, ҳамакнун ӯ дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сол дошта нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон мебошад ва яке аз футболбозони умедбахши кишвар гуфта мешавад

Тими охирини Эргашев “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо он даста медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард.

Қабл аз “Хуҷанд” ӯ дар тими "Саиф Спортинг Клуб"-и Бангладеш бозӣ мекарда ва тобистони гузашта дубора ба ин дастаи аввалааш баргашт.

Восиев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ба "Тамбов" гузашт

Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари футболи Суғд аст. Фаъолияти касбии худро дар “Хуҷанд” оғоз кардааст. Дар ҳайати асосӣ "Хуҷанд"  ӯ чаҳор маротиба ноиби чемпиони кишвар (2015, 2017, 2018, 2019) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2017) шуд.

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Восиев бо бошгоҳи футболи "Тамбов" шартнома баст.

214
Чемпионат мира по самбо 2019 года

Аз Хушқадаму Акмалиддин то Сорбону Сомон: ёздаҳ варзишгари тоҷик ба Маскав мераванд

58
(Таҷдидшуда 13:19 04.03.2021)
Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи ин навъи варзиш дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд.

25-26  март дар пойтихти Русия, ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо   баргузор мешавад, ки  дар он  11 самбочии тоҷик иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Омодагии муштзани мағлубнашудаи тоҷик Сангинов барои шикасти варзишкори амрикоӣ

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.

Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

58
Барчаспҳо:
Маскав, варзишгар
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

294
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

294
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон