Сомон Махмадбеков

Сомон Маҳмадбеков ба даври сеюм роҳ ёфт

413
(Таҷдидшуда 17:38 19.02.2021)
Пас аз ду бохти пайдарпайи Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam – 2021, варзишгари дигари тоҷик ба даври сеюм роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни 73 кило Тоҷикистонро дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam – 2021" намояндагӣ мекунад, ба даври сеюм роҳ ёфт, хабар медиҳад Ховар.

Ба иттилои манбаъ, Маҳмадбеков бо ҳарифаш аз Лаҳистон Стодолски Адам рақобат карда, ӯро бо бартарии "Иппон" мағлуб  намуд ва ба даври сеюм роҳ  ёфт. 

Қаблан ду варзишгари тоҷик Акмал Муродов ва Беҳрӯз Хоҷазода аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза бурдан, маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур  шаш варзишгари маъруфи тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов иштирок мекунанд, ки ду аввал бинобар шикаст хӯрдан, аз мусобиқа канор монданд.

Темур Раҳимов дар "Мастерс" мақоми панҷум касб кард - навор

Бояд гуфт, ки дар рӯзи охири мусобиқа Комроншоҳ Устопириён бо Юто Виллар-Галаррето, Темур Раҳимов бо Ерасл Кажибаев (Қазоқистон) ва Шакармамад Мирмамадов бо Наор Итах (Исроил)  байни ҳам  рақобат  мекунанд

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи  "Tel Aviv Grand Slam" дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.

413
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Талоши таеквандочиёни тоҷик барои холҳои олимпӣ: санаи сабқат дақиқ шуд

39
(Таҷдидшуда 12:50 27.02.2021)
Иттиҳоди таеквондои Осиё - WT Asia санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.

Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.

39
Барчаспҳо:
Олимпиада, Тоҷикистон
Рустам Эмомали президент ФФТ

Президенти ФФТ ба деҳот рӯй овардааст: ташкили лига ва чемпионати нав

722
(Таҷдидшуда 10:17 27.02.2021)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Барномаи махсуси президенти ФФТ дар бораи рушди футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2024 – ро тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.

“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.

ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол,  ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.

722
Барчаспҳо:
чемпионат, лигаи аввали футбол, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

0
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

0
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон