Ҳолномаи Муродалӣ Алимардон

© Sputnik / Амир ИсаевМуродали Алимардон. Акс аз бойгонӣ
Муродали Алимардон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якуми апрел бо фармони президенти Тоҷикистон муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон, ки 7 соли ахир бахши иқтисодии мамлакатро роҳбарӣ мекард, аз симматаш бараканор гардид.

Муродалӣ Алимардон, корманди давлатӣ аст. Ӯ 20 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1983 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 1983-1991 дар бахши Агробанки Тоҷикистон дар Чептура кор мекард. Солҳои 1991-1993 мудири Агробанк дар ноҳияи Ҳисор буд.

Солҳои 1993-1996 президенти бонки агросаноатии "Шарқ" шуда кор мекард.

Аз декабри соли 1996 то январи соли 2008 раиси Бонки миллӣ буд.

Аз 26 январи соли 2008 то имрӯз (01 апрели соли 2015) дар мақоми муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа дошт.

1 апрели соли 2015 райисҷумҳур бо фармони худ Муродалӣ Алимардонро аз мансаби муовини нахуствазири Тоҷикистон бинобар ба кори дигар гузаштанаш барканор кард.

Яке аз сарватмандтарин ашхоси Тоҷикистон ба шумор рафта, муассис ва бунёдгузори чандин ширкати сохтмонӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ ба қалам дода мешавад.

Дар феҳрасти нашркардаи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" дар соли 2014 дар бахши "Бистгонаи таъсиргузор" дар мақоми чорум буд. Соли равон бошад, таҳлилгарон дар рейтинги ҳамин нашрия ба Алимардон мақоми 14-умро сазовор донистанд.

Соли 2007 исми хонаводагии худро аз шакли русии Алимардонов ба Алимардон табдил кард.

Мавод бо истифода аз манбаъҳои боз аз расонаҳо омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0