Суманак - рамзи Наврӯз

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

5477
(Таҷдидшуда 13:33 21.03.2016)
Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” аст. Аз он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март таҷлил мешавад. Наврӯз нишони бедории табиат ва инсон, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст.

Наврӯз — ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон ва ҳамчунин миёни бошқирдҳо ва тоторҳо мебошад.

Дар моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳрасти осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуд ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 мартро "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом кард.

Дар бораи таърихи Наврӯз

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар Замин аст. Аз ин ҷашн ҳанӯз то замони зардуштиҳо таҷлил мешуд. Дар давлати Хахоманишҳо (асрҳои VI-IV то қарни мо) ва Сосониҳо (асрҳои III —VII қарни мо) Наврӯз ҷашни аслӣ маҳсуб меёфт.

Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

Ақоиде вуҷуд дорад, ки дар ин рӯз чанд ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст: Зардушт худо интихоб шуд то ба мардум хушбахтӣ биоварад, шоҳи қадимӣ Таҳмураз ба зиндон девҳои хашмгин ва одамони бераҳмро фиристод, "Гуштосп, малика Каётун ва Ҷомосп мазҳаби Маздоёнсоро", яъне зардуштиро пазируфтанд.

Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳи тахаюллии Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯиё дар ин рӯ ба вай нури офтоб расидааст.
Вале қадимтарин манбаъе, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиҳо "Авасто" мебошад. Тибқи таълимоти "Авасто" мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар "шаш намуд" (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.

Чаро аз Наврӯз 21 март таҷлил мешавад?

Таҷлил аз наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш қабл аз ҳузури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад.

Тибқи он соли ҷадид баҳорон 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеъи ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.

Дар замонҳои қадим фарорасии Наврӯзро нуҷумшиносон дақиқ мекарданд. Ҳоло ин амр ба қайҳоншиносон вогузор шудааст, ки фарорасии Наврӯзро бо дақиқият аниқ мушшахас мекунанд.

Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?

Дар замонҳои қадим аз Наврӯз 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзест. Мардум бар ин назар буданд, ки нафаре ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст.

Ин расм дар Эрон ҳифз шудааст, ки аз Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад.

Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон ихтисос шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст.

Дар Тоҷикистон расман аз Наврӯз чаҳор рӯз — 21, 22, 23 ва 24 март таҷлил мешавад.

Как отмечают Навруз в Таджикистане
© Sputnik
Как отмечают Навруз в Таджикистане

 

5477
Барчаспҳо:
ҷашни Наврӯз, Давлати Аҳманидиҳо, Зардушт, Ҷамшед, Ҷомосп, Каётун, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Мавзуъ
Тарзи омода кардани суманак- ғизои асосии Наврӯз
Ҳукумати Хуҷанд то Наврӯз шаҳрро тозаву озода мекунад
Таъмиру тармими роҳ дар Хуҷанд то Наврӯз анҷом меёбад
Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Наврӯз”- ро тасдиқ кард