Алексей Бобринский – аввалин пажуҳишгари урфу одати тоҷикӣ

© архив Института Этнологии и Антропологии РАНГраф А.А. Бобринской (в центре) в сопровождении проводников Восточный Памир. 1901 г
Граф А.А. Бобринской  (в центре) в сопровождении проводников Восточный Памир. 1901 г - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Граф Алексей Бобринский яке аз аввалин таҳқиқотгарон  дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба омӯзиш ва кашшофии минтақаҳо ва мардуми барои инглисҳо номаълум машғул шуда фарҳанг ва забони тоҷикиро низ омухта будааст

ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Зиёданд гардишгарони пажуҳишгарон ба мисли Афанасий Никитин, Марко Поло, Николай Пржевайский, ки номашон аз даврони мактабхони ба ҳамагон машҳуранд. Онҳо роҳҳо ва шаҳру кишварҳо ва фарҳангҳои навро пайдо карда ба ҷаҳониён ошно карда ҳамин тариқ масоҳати ҷаҳонро зиёд кардаанд.

История Таджикистана на карте Москвы: Кремль - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна Маскав макони истиқрори сулҳи тоҷикон гардид – навор

Аммо, мутаассифона аз ҳаёт ва эҷодиёти баъзеи онҳо мо огоҳ нестем ва ин дар ҳолест, ки хидмати онҳо дар омузиши гӯшаҳои гуногуни курраи замин бебаҳо аст.

Яке аз онҳо Алексей Алексеевич Бобринский мардумшиноси (этнограф) рус мебошад,ки яке аз аввалинҳо шуда бо мақсади омӯзиш ба Тоҷикистон сафар карда будааст. То сафари ӯ ба Бухорои Шарқӣ танҳо ҳайати ҳарбӣ-стратегии ҳудудгузории ҳудудӣ сафар карда буданд. Дар Русия дар бораи ин сарзамин маълумоте мавҷуд набуд.

“Бобринский яке аз онҳоест, ки сарзамини имрӯза Тоҷикистонро пиёда ва савори асп тай кардааст”, - ба Sputnik Тоҷикистон гуфт коргардони машҳури тоҷик, Давлат Худоназаров. 

 

Ин олим вобаста ба саёҳатҳояш дар Тоҷикистон навишта ва номаҳои зиёде боқӣ гузоштааст. Аммо ба гуфтаи Худоназаров дар китобхонаи ба номи Линин дар шаҳри Маскав ҳамаи навиштаҳои ӯ бо номи амакбачаи вай маҳфузанд. “Худи ӯ бошад аз ёдҳо фаромӯш шудааст”, - бо таассуф мегуяд коргардон.

Сафари пажуҳишӣ аз ҳисоби худ

Алексей Бобринский (1861-1938) аз насли Екатеринаи II, ки бо унвони Екатеринаи Кабир машҳур аст, мебошад. Бобокалони ӯ Алексей Григоревич фарзанди ғайриникоҳии малика Екатеринаи II ва граф – Григорий Орлов мебошад.

 

© архив Института Этнологии и Антропологии РАНСпутники графа А.А. Бобринского пьют чай на привале. Западный Памир, Вахан. 1901 г.
Алексей Бобринский – аввалин пажуҳишгари урфу одати тоҷикӣ - Sputnik Тоҷикистон
Спутники графа А.А. Бобринского пьют чай на привале. Западный Памир, Вахан. 1901 г.
Ба гуфтаи ҳамасронаш Бобринский ба дигар ашрофзодагоне, ки мехостанд аз ҳисоби бойгарии гузаштагонашон зиндагии хубе дошта бошанд монанд набуд. Вай дар роҳи илм дороиҳои зиёдашро сарф намуда таҳқиқотҳои зиёд гузаронида аз худ меросӣ илмӣ боқӣ гузоштааст.  Аниқтараш ӯ дар роҳи омӯзиш ва таҳқиқоти сарзамину халқҳои нав ва анъанаву фарҳанги онҳо хароҷотҳои беандоза кардааст.

 

Бобринский се маротиба ба Тоҷикистон ва Помир сафар карда аст. Бори аввал дар соли 1895, дуюм дар соли 1998 ва бори охир дар соли 1901 пиёда ва бо асп сафар кардааст. Дар ин сафарҳо вай танҳо набуд, бо ӯ ду олими дигар – таърихчӣ-шарқшинос А.А. Семенов ва зоолог (олими соҳаи ҳайвонотшиносӣ) Н.В. Богоявленский, ҳамроҳ буданд. 

Экспонаты в Музее востока в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Осорхонаи Шарқ ва ё гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар қалби Маскав

Чаро махсусан Тоҷикистон? Сабаб дар он буд, ки минтақаҳои дар охири асри XIX ба империяи Рус шомил карда шуда, ба мардуми рус шинос набуданд. Дар бораи ин минтақа танҳо аз харитаҳои топографӣ, ки сарҳадашон бо Афғонистон ва Бритониё ҳаммарз буд, медонистанд.

Танҳо баъди омӯзиш ва кашшофиҳои Бобринский дар Русия дар бораи фарҳангу маданият ва халқи ин минтақа маълумот пайдо шуд. Инчунин дар маводҳои Бобринский шабоҳат миёни мардум ва урфу одати халқҳои ин диёр ва Русия исбот карда шудааст.

Дар се сафар Бобринский  тавонист дар маркази Осиёи Миёна аз Самарқанд қад-қади Сирдарё то болооби дарёи Панҷ сафарашро идома диҳад.

Ҳарсе ин пажуҳишгар ба воситаи Зарафшон қаторкуҳҳои Қаротегин, Дарвоз то ба Помир расидаанд. Ҳарсеи сафарҳои Бобринский бо роҳҳои гуногун сурат гирифтаанд, барои ҳамин пажуҳишҳои ӯ гуногун мебошанд.

Хоб дар болои харсанг ва дигар мушкилиҳои омӯзиши минтақавӣ

© архив Института Этнологии и Антропологии РАНГраф А.А. Бобринской и Н.В. Богоявленский (в центре) среди участников экспедиции на привале, Дарваз. 1898 г.
Алексей Бобринский – аввалин пажуҳишгари урфу одати тоҷикӣ - Sputnik Тоҷикистон
Граф А.А. Бобринской и Н.В. Богоявленский (в центре) среди участников экспедиции на привале, Дарваз. 1898 г.

Саёҳат ба маҳалҳо ва мардуми ношинос худ на танҳо кори мушкил, балки хатарнок ҳам ҳаст. Аммо мувофиқи гуфтаҳояш  Бобринский ба мушкилии калоне дучор нашуда будааст. Баракс аз тоҷикон меҳмоннавозӣ дидааст. Дар маҳалҳои Тоҷикистони имрӯза мардуми таҳҷой онҳоро ба хонаҳояшон ба меҳмони даъват карда, ба ҷуз аз меҳмоннавози ҷойҳои таърихию диданбобро барояшон нишон медодаанд.

Ҳамин тариқ бо шарофати софдилию меҳмоннавозии тоҷикон пажуҳишгарони рус системаҳои обёрии куҳани пеш аз исломӣ, яъне даврони зардуштиёнро пайдо карданд.

История Таджикистана на карте Москвы: Посольство Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав: таърихи бино – навор

Дар бораи ҳаёт ва зиндагии мардуми он диёр аз забони аввал фаҳмидан хело мушкил буд. Дар баробари меҳмоннавозияшон мардуми куҳистон дар бораи дину мазҳабашон на он қадар мехостанд суҳбат кунанд.

Худи Бобринский дар ҷое ишора мекунад, ки ҳангоми суҳбат бо мардуми куҳистон ба мусалмонҳои суннимазҳаб худро суннӣ ва бо шиаҳо худро шиа муаррифӣ мекардаанд. Бо ғайри мусалмонҳо кӯшиш мекардаанд аз дин гап накушоянд

Маҳз Бобринский муаян кардааст, ки мардуми Помир дар дигар равия – Исмоилӣ мебошанд. То ин вақт нисбати мардуми Помир овозаҳо будааст, ки дар он ҷо ё будистон ё ин ки намояндагони дигар дин ба сар мебаранд.

Ҳангоми сафари дуюм Бобринский дар сарҳади Афғонистон ба мушкилие дучор мешавад. Қушунҳои Абдураҳмон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки аз сарҳади империяи Рус берун шаванд  ва онҳо роҳи сафаррро дигар мекунанд.

Ҳангоми як сафарашон Бобринский саъй мекунад ба деҳаи дурдасте дар ноҳияи Ванҷ ворид шавад. Аммо ин қишлоқ аз ҳама тарафаш махкам ва умуман роҳи ба онҷо ворид шудан надоштааст.

История Таджикистана на карте Москвы: Донское кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Чаро қаҳрамонҳои миллати тоҷик дар оромгоҳи Донски шаҳри Маскав дафн шудаанд – навор

Ба он деҳа танҳо ба воситаи овринг – пайраҳаи танги кӯҳӣ, рафтан мумкин будаасту халос. Аз миёни пажуҳишгарон танҳо Бобринский кӯшиши ба деҳа рафтанро мекунад. Овринг ба воситаи бандҳои дар болои шух баста шуда қарор дода шуда будааст. Дар болои ресмонҳои навдаҳои дарахт партофта шудаа будаанд.

Ҳангоми қадам мондан ба овринг ногаҳон санрези оғоз шуд, ӯ бошад аз саросемагӣ ба дигар тараф ҷаҳид, аммо дар як ҷои номувофиқ афтид, ки дигар ҷое ҳаракат карда наметавонист ҳар гуна ҳаракт метавонист ӯро ба поёни куҳ ҳавола диҳад. Ҳамин тариқ ӯ шабро дар он ҷо рӯз кард. Саҳар танҳо мардуми деҳа омада ӯро аз варта наҷот додаанд.

“Ман чӣ кор метавонистам кунам? Ягон қаҳрамоние дар инҷо намебинам ва инчунин дар куҳҳо ҳар ҳодиса шуданаш мумкин”, - суханҳои Бобринскийро баъди ин воқеа рӯзноманигор Леонид Чигрин овардааст.

Шавқи пажуҳиш аз тарс болотар аст

Воқеаи овринг, ки дар он ҷо Бобринский шабро рӯз карда буд то ҷое ба ӯ таъсир гузошта буд, ки вай то чанд рӯзи дигар ҳаракат карда наметавонистааст. Ин воқеа ҳангоми сафари дуюми ӯ ба Тоҷикистон рух дода буд.

Аммо новобаста аз ин ҳама мушкимлиҳо шавқи сафари пажуҳишӣ ба Тоҷикистон аз ӯ дур нашуда баракс зиёд гардид. Илова бар ин сафари сеюмаш пурра ба Помир бахшида шудааст.

Главный вход в Донское кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Дар бораи ҳар як сафари ӯ метавон як рисолаи илмӣ навишт, чунки пажуҳиши ӯ аввалин ва пурмаҳсултарин вобаста ба мардумшиносии ин минтақа ба шумор меравад. Ҳаёти ҳаррӯзаи тоҷикон, урфу одат, анъана ва таърихи сокинони маҳалӣ, шакли либос, матоъ лавозимоти рӯзғор, дину мазҳаб ва дигар хусусиятҳои мардуми куҳистони Тоҷикистон дар дастхатҳои Бобринский бо расмҳояшон боқӣ мондаанд.

Дар натиҷаи се сафари пажуҳишӣ Бобринский тавонистааст, ки асбобу ашёҳои нодир аз Тоҷикистон махсусан мансуб ба мардуми Помирро ҷамъоварӣ намояд. Дастовардҳои ӯ дар осорхонаи мардумшиносии шаҳри Санкт-Петербург  маҳфузанд.

Ҳангоми ин сафарҳо Бобринский якчанд китоб ва мақола ҳам навиштааст. Масалан, "Зеравшанские горы и верховья Амударьи", "Горцы верховья Пянджа", альбомы "Орнамент горных таджиков Дарваза" ва ғайраҳо.

История Таджикистана на карте Москвы: Музей Востока - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон дар осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав – навор

Дар ин китобҳо маълумоти гуногун дар бораи ҳаёт ва тарзи зиндагии мардуми тоҷик махсусан шарқи Тоҷикистон оварда шудааст. Бобринский ҳатто тавонистааст аввалин луғати вахонӣ-русӣ (яке аз забонҳои помирӣ) тартиб диҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1918 Бобринский ватанаш Русияро гузошта ба Италия муҳоҷир мешавад ва дар он ҷо мадфун аст.

Дар Маскав то ҳол хонае Бобринский ва дигар донишмандони насли ашрофзодагон иқомат мекарданд дар Малой Никитской боқӣ мондааст.  Ҳоло ин хона азнавсозӣ шудаистодааст ва Давлат Худоназаров умед дорад, ки баъди бозсозӣ дар ин бино гӯшае ба Бобринский ва оилаи ӯ бахшида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0