Таджики отметили в Москве День России

Созмони “Нур” - гӯшаи ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

159
(Таҷдидшуда 16:35 20.09.2019)
Созмони ҷамъияти “Нур” дар Маскав барои муҳоҷирони тоҷик 2 навъ хидматрасонии асосиро ба роҳ мондааст: кумак ба муҳоҷирон барои мутобиқшавии онҳо дар Маскав ва дур намондан аз урфу одатҳои тоҷикӣ

ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Аз соли 2007 инҷониб дар Маскав созмони “Нур” яке аз ҷамъияти калонтарини тоҷикон дар Русия фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Мактаб. Акс аз бойгонӣ
© Фото : ПРЕСС-СЛУЖБА ЦЕНТРАЛЬНОГО ВОЕННОГО ОКРУГА

Шаҳрвандони Тоҷикистон даҳсолаҳо боз ба Русия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунанд, барои ҳамин дар бисёр шаҳрҳои Русия ҷамъиятҳои тоҷиконро пайдо кардан мумкин.

Ҳангоми сафар ба шаҳру кишвари бегона дилхоҳ инсон ба баъзе мушкилиҳо дучор шуданаш мумкин аст: шаҳри дигар, фарҳанги бегона, одамони ношинос ва ҳоказо.

Дилхоҳ корҳои на он қадар мушкил, масалан, ба назди духтур рафтан ва ё фарзандро ба боғча супурдан барои муҳоҷирон мушкилиҳои зиёдеро ба бор меоранд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки қисмати зиёдаш ба муҳлатҳои тулонӣ ба Русия меоянд дар мулки бегона худро беҳимоя ҳис мекунанд. Ба зиндагии нав одат кардан мушкил аст, махсусан дар танҳои ва худ ба худ. Ҳисиёти дурӣ ва муштоқи рӯи наздикон ва ёди хоки ватан инсонро ба дилтанги водор мекунад.

Барои ҳамин созмонҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳо дар кишварҳои бегона махсусан Русия барои тоҷикон сахт лозим ва зарурӣ мебошанд. Чунки маҳз ҳамин гуна ҷамъиятҳо метавонанд ба муҳоҷирон дар мутобиқшавӣ ва дур нашудан аз фарҳангу одатҳои худ кумак кунанд.

Кумак ба ҳама дар ҳама кор

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Sputnik / Стас Этвеш
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва

Созмони ҷамъиятии минтақавии “Нур” дар аввал танҳо муҳоҷирони бадахшониро ба ҳам меовард. Ҳоло бошад ин созмон худро ҳамчун ҷамъияти умумӣ барои ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия муарифӣ мекунад.

 Созмон кумак ба муҳоҷиронро дар ҳама мушкилиҳо – ба расмиятдарории суғурта, ёрии тиббӣ, таъмир ба кор ва ё тавсияҳои лозима ба роҳ мондааст. Аммо бояд иқрор кард, ки муҳоҷирони тоҷик ҳангоми пеш омадани мушкилиҳо дар бисёр ҳолатҳо дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд.

“Мо кӯшиш мекунем, ки муҳоҷирони мо худро дар мусофират, ки бо сабабҳои гуногун аз ватан дур шудаанд танҳо ҳис накунанд. Ихтиёриёни (волонтёр) “Нур” дар ҳолатҳои пеш омадани мушкили ба ҳамватанонамон онҳоро кумак мекунанд ва онҳоро танҳо намегузоранд”, - мегуянд роҳбарони ин ҷамъият.

Барои беҳтар кардани кор “Нур” ба кумитаҳо ҷудо карда шудааст. Масалан, кумита оид ба омӯзиш ва масоили ҳуқуқӣ, оид ба кумаки тиббӣ ва мушкилиҳои ба кор таъминкунӣ. Сохторҳои махсус ба корҳои занон, ҷавонон ва ихтиёриён бахшида шудаанд.

“Дар маҷмуъ кумитаҳо қариб ҳамаи соҳаҳоеро, ки муҳоҷирон дар он ба мушкилӣ дучор мешаванд фаро гирифтаанд” – тавзеҳ медиҳанд кормандони ҷамъият.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин кумитаҳо дар як бино, дар кӯчаи Угрешская ҷойгир шудааст.

Созмони “Нур” на танҳо ба кумаки муҳоҷирон машғул аст, балки корҳои ташкилӣ низ мегузаронад, ки муҳоҷиронро водор мекунанд аз хастагиҳои муҳоҷират фориғ шаванд. Масалан, ҷамъият иду ҷашнвораҳоро таҷлил мекунанд, консертҳо ва дигар барномаҳои фароғатӣ бо иштироки муҳоҷирон баргузор мекунад.

Бо баргузории чунин барномаҳо ҷамъияти “Нур” на танҳо хастагии муҳоҷиронро аз ғарибӣ берун мекунад, балки фарҳангу маданияти миллати тоҷикро низ ба мардуми рус нишон медиҳад. Солҳо боз “Нур” бо Депортаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳо миёни минтақаҳои Ҳукумати Маскав ҳамкорӣ карда истодааст.

Масалан созмони “Нур” ҳангоми таҷлили Иди Ғалаба дар “Ҳанги ҷовидон” иштирок мекунад ва ҳамин тариқ сафи иштироккунандагони тоҷик дар ин қадамзанӣ дар шаҳри Маскав сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Аммо фаъолияти ин созмон бо ин ҳам маҳдуд намешавад ва ҳақу ҳуқуқи кудакон, низ ба инобат гирифта мешавад.

Кӯдакон ҳам муҳиманд

Дети во время праздника, архивное фото
Фото предоставлено НУР
Дети во время праздника, архивное фото

Дар Русия аз ҳама мушкилии вазнин барои муҳоҷирон ин таъмини кудакон ба омӯзиш дар мактабҳо аст. Чунки дар ҳолати надоштани қайди ҷои иқомати доимӣ ба кӯдакони муҳоҷирон барои ворид шудан ба боғчаю мактаб мушкилиҳои зиёд пеш меоянд ва онҳо аз ин ҳуқуқашон маҳрум мемонанд.

Кормандони “Нур” ба таври фаъолона баҳри рафъи ин мушкили камар бастаанд ва якчанд барномаҳои омӯзишӣ барои кӯдакон ба роҳ мондаанд.

Барои ҳар як давраи кӯдакон – аз таваллуд то ба шомил шудан ба донишгоҳ барномаҳои омӯзишии махсус пешбинӣ шудаанд. Ҳамасола барои мактаббачагон курсҳо ва маҳфилҳои махсус баҳри омода шудан ба супурдани имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ  “ЕГЭ” ба роҳ монда мешавад.

Нишастҳои гуногун барои волидайн низ баргузор мегарданд. Омӯзгорон тарзи дурусти тарбияи фарзандро меомӯзонанд ва машварат медиҳанд, ки чигуна вақтро баъди дарсҳо гузаронд.

Ҷамъияти “Нур” ҳангоми таътилҳои тобистона кӯдаконро ба истироҳатгоҳҳо мефиристад.

Ихтиёриёни "Нур" 

Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

“Нур” аз 10 кумита иборат аст, ки ҳар яке дорои мутахассисони касбӣ ва бомаҳорат аст. Барои чунин корҳоро амали гардонидан қувваи кории калон лозим аст ва хушбахтона “Нур” аз ин имконият баҳраманд аст.

Зодагони Тоҷикистон, ки солҳои тулонӣ дар Маскав кору фаъолият кардаанд, ба таври иловагӣ дар созмони “Нур” ҳам фаъолият мекунанд: вакилони дифоъи муҳоҷиронро ёрии ҳуқуқӣ ва духтурони касбӣ – кӯдакон ва калонсолонро машварат медиҳанд.

Ин ҳама корҳои ташкилию маълумотӣ дар шакли ройгон ба роҳ монда шудаанд. Бояд гуфт, ки ба воситаи ин ҷамъият худи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳамватанони худ – онҳое, ки дар ҳақиқат ба кумак ниёз доранд дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Ризокорони “Нур” то рафт сафашон зиёд шуда истодааст. Дар ин созмон сандуқи хайрияи махсусе мавҷуд аст, ки ҳар ниёзманде, ки аз он истифода мекунад баъдан вақте, ки имкон пайдо кард метавонад дигаронро кумак кунад ва ҳамин тариқ сафи онҳо зиёд шуда истодаанд.

Ҳамин тариқ созмони “Нур” яке аз маконҳои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дониста мешавад. Ба ин даргоҳ муҳоҷирон ба таври оилавӣ мераванд ва барои ҳамаи аъзои оила дар ин ҷо барномаи мувофиқе пайдо мешавад. 

Бояд гуфт, ки Русия дар ҷаҳон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он сафи муҳоҷирон зиёд аст. Мувофиқи маълумот дар Русия зиёда аз 11 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд, ки як ҷузъи онҳоро зодагони Тоҷикистон ташкил мекунанд. 

159
Барчаспҳо:
"Нур", муҳоҷир, Маскав, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)