Майдони Дӯстӣ ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе

Дар мадди назари Sputnik: ҳодисаи сол ва машварати Душанбею Тошканд

14
(Таҷдидшуда 18:55 24.12.2015)
Хонандагони муҳтарами сомонаи Sputnik дар Тоҷикистон, ки натавонистанд, хабару рӯйдодҳои имрӯзро сари вақт пайгирӣ кунанд, набояд нороҳат шаванд. Чун ҳамеша гуруҳи эҷодии Sputnik дар фикри онҳо ҳасту фишурдаи матолиби рӯзи худро ҳар шом пешкашашон мекунад.

Даргириҳои шадид дар Ҳилманди Афғонистон

Ба навиштаи ин расона, ҳоло барои кӯмак ба низомиёни ҳукуматӣ гурӯҳе иборат аз сарбозону афсарони собиқадор ба минтақа эъзом шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Маъсум Станакзай, сарпарасти вазорати дифои ин кишвар  иброз доштааст, ки неруҳои тақвиятӣ ба вулусволии Сангин расидаанд.

Вазорати дифоъи Афғонистон ҳамчунин аз нируҳои эътилофи байналмиллалӣ кӯмак, ба вижа ёрии ҳавоӣ хостааст.

Афганские силы безопасности, архивное фото
© AP / Massoud Hossaini
Афганские силы безопасности, архивное фото

Навор аз маҳалли таркиш дар фурудгоҳи Истамбул

Таркиш дар фурудгоҳи ба номи Сабиҳа Гюкчени Истамбул дар маҳалли фуруди ҳавопаймоҳо ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ду фарроши фурудгоҳ захм бардоштанд.

Яке аз бонувони фаррош бар асари таркиш дар фурудгоҳи Сабиҳа Гюкчени Истамбул ба ҳалокат расида, дигаре бо захмҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳодиса дар соати 03:05 (ба вақти Маскав) иттифоқ уфтод. Ду фаррош, ки дар наздикии яке аз ҳавопаймоҳо қарор доштанд, ҷароҳат бардоштанд. Дар касалхона Зуҳра Ямачи 30-сола баъди чанд лаҳза даргузашт.

© RUPTLY.
Кадры с места взрыва на стоянке лайнеров в аэропорту Стамбула

Боздошти нафаре, ки телефони "Samsung"-ро дуздид

а иттилои манбаъ, 22 декабр ба Шӯъбаи пулиси ноҳияи Сино зани 23 солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соати 14:30-дақиқа шахси номаълум дар кӯчаи Испечаки пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи "Samsung", ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тибқи иттилои сарчашма, далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд

Аснои сар задани муноқиша дар Сурия, ИМА ба ҳар васила саъй мекард "халоъ дар низоми Димишқ"-ро пайдо кунад ва бо ин роҳ кудатои низомиро анҷом бидиҳад, менависад нашрияи мазкур.

"Аммо як чунин камбудиҳо кам ва хеле кам пайдо шуданд. Зимнан, дар соли 2011 хадамоти ҷосусии Амрико афсарони алавиеро ҷустуҷӯ карда ёфтанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба сари қудрат биёянд",- иттилоъ медиҳад рӯзнома бо такя ба масъулини собиқ ва феълии маъмурияти Кохи Сафед.

ВКХ Чин: тақдири ҳукумати Сурия дар дасти мардуми ин кишвар аст

Тақдири ояндаи ҳукумати Сурия ва раҳбарони вақти Димишқ танҳо дар дасти мардуми ин кишвар аст, иброз дошт вазири умури хориҷаи Чин Ван и аснои мулоқот бо ҳамтои суриягиаш Валид Муаллим.

"Мавқеъи мо дар ин масъала мушаххасу рӯшан аст. Мо бар ин назарем, ки тақдири ояндаи Сурия ва раҳбарияти кишварро танҳо мардуми ин сарзамин метавонанд ҳал намоянд",- қайд кард вазири ҶМЧ пас аз анҷоми суҳбатош бо оқои Абдулло.

Города мира. Дамаск
© Sputnik / Валерий Мельников
Город Дамаск, Сирия. Архивное фото.

Машварату маслиҳати солинавии Хадамоти оташнишонӣ ба сокинон

Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад, омадааст дар машварате, ки Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба нашр расонидааст.

"Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасанд ва аз девор камаш як метр дур истад",- қайд мекунанд масъулини ин хадамот.

Дар Душанбе ба 21 варзишгар беш аз 673000 сомонӣ медиҳанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати молия амр дод, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии раисҷумҳур дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 673 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо намояд, менависад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ин санад аз сӯи Раҳмон имрӯз, 24-уми декабр ба имзо расида, тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ин маблағ ба 21 тан аз варзишарон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тақдим бояд шавад.

Коршинос: буҳрон ба наздикшавии Тошканду Душанбе мусоидат мекунад

Соли 2015 аз солҳои пешин бо он фарқ мекунад, ки дар соли равон Душанбею Тошканд бевосита ба масоили равобити дуҷонибаи худ машғул шуданд. Барои мисол тирамоҳи соли равон мақомоти Тоҷикистону Узбакистон ба ҳамдигар имётизҳои гумрукӣ ҳангоми интиқоли коло тавассути роҳи оҳан қоил шуданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо вуҷуд дар мавриди "гармшавӣ"-и равобити ин ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз чизе гуфтан барвақт аст. Ӯ мегӯяд, қадами аввале, ки метавонад, бозгӯкунандаи хуб шудани муносибатҳои Душанбею Тошканд бошад, ин азсаргирии рафтуои ҳавоӣ миёни кишварҳост.

Украина 1 январ ба Русия "посух" мегӯяд

Ба гуфти ӯ, Украина Киев тайи се соли ахир вобастагии молиаш аз Русияро то се маротиба коҳиш дода, дар оянда низ аз ин иқдом кор мегирад. "Агар се сол қабл содироти моли укроинӣ ба Русия 35% (аз ҳаҷми умумии содирот- шарҳ аз идора)-ро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда ба ҳадди 12%, яъне се маротиба коҳиш дода шудааст",- афзуд Ятсенюк.

"Қонуне, ки мо барои тасвиб пешниҳод менамоем, ба ин гуна аст: кабинаи вазирони Украина дар сурати қабули санад аз 1 январи соли 2016 дар қиболи Русия "чораҳои монанд" барои ҷилавгирӣ аз вобастагии Русияро роҳандозӣ хоҳад кард",- гуфт вай.

Арсений Яценюк. Архивное фото
© Sputnik /
Арсений Яценюк. Архивное фото

ҶТ Созишнома дар бораи савдои озодро тасвиб кард

Ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар давоми 11 моҳи ахир 1,36% коҳиш ёфтааст. Миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар табодули коло бо Русия ва Қазоқистон сурат мегирад. Тиҷорат бо ин кишварҳо ҳам мутаносибан 7,6 ва 18% кам гардидааст.

Дар Шартнома дар бораи тиҷорати озод дар соҳаи савдо, гардиши озоди сармоя ва мол, инчунин фурӯши мол бо назардошти талаботи санитарию фитосанитарӣ баъзе аз сабукиҳо пешбинӣ шудааст.

14
Барчаспҳо:
тасвиб, имзо, шартнома, тиҷорат, чора, санитарӣ, дӯздӣ, боздошт, рӯйдод ва ҳаводиси рӯз, ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммад Маъсум Станакзай, Қазоқистон, ИМА, Тоҷикистон, Украина, Сурия, Туркия, Русия