Финал конкурса красоты Мисс ФМР

Духтари тоҷик - зеботарин бону байни муҳоҷирон дар Русия: акс

1530
(Таҷдидшуда 17:23 13.11.2020)
Намояндаи Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ пирӯз шуд, ки аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил гардида буд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия натиҷаҳои ниҳоии озмуни зебоии "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия"-ро ҷамъбаст кард.

Узви ҳакамон намояндаи Тоҷикистон Фотима Қаландароваро зеботарин зан байни муҳоҷирон эътироф карданд, хабар доданд ташкилкунандагони озмун ба Sputnik Тоҷикистон.

Фотима Қаландарова дар Русия таваллуд шудааст, аммо дар худ ҳувияти тоҷиконаашро нигоҳ доштааст.

"Бо камоли хушнудӣ фарҳанги бузурги ватанамро намоиш медиҳам", - гуфтааст Фотима ҳангоми иштирок дар озмун.

Ҷои дувумро дар "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" намояндаи ҷумҳурии Тиваи Русия, Диана Бадирги гирифтааст.

Бештари тамошобинон бошанд, ба ҷонибдории Комила Полотбекова, духтари муҳоҷир аз Қирғизистон овоз додаанд. Ӯро дар озмун унвони "Зебосанами писандидаи тамошобинон" додаанд.

Зебосанамҳои шарқ дар ҳафтаи муди Душанбе - видео

 

 

1530
Анна Муминова, акс аз бойгонӣ

Анна Муъминова парчами Тоҷикистонро бар қуллаи Элбрус мезанад

109
(Таҷдидшуда 17:54 22.12.2017)
Ғолиби озмуни "Зебосанами ҷаҳон" Анна Муъминова ба Элбрус сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон, ғолиби озмуни "Зебосанами ҷаҳон-2017, мудел Анна Муъминова ба нақша гирифтааст, ки парчами Тоҷикистонро то қуллаи Элбрус боло кунад.

Тавре сомонаи озмуни зебогии "Зебосанами ҷаҳон" хабар медиҳад, бори аввал давраи нимниҳоии озмун дар қуллаи Элбрус баргузор мегардад.

"Ғолиби озмуни "Зебосанами ҷаҳон" ҳам ба Элбрус сафар хоҳад кард, ки ба нақша гирифтааст, парчамии Тоҷикистонро ба қулла расонад. Агар Анна тавонад, ки ба Элбрус барояд, аввалин зебосанаме мешавад, ки қуллаи мазкурро фатҳ кардааст.

Сафар ба ин кӯҳ моҳи юли соли оянда ҷараён хоҳад гирифт.

Элбрус-қуллаест, ки дар Қафқоз аст. Баландии он 5642 метрро ташкил медиҳад. Ин кӯҳ яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Пештар тоҷикдухтар Анна Муъминова дар яке аз озмунҳои бонуфуз зеботарин духтари дунё шинохта шуда буд.

Мудели тоҷик Анна Муъминова зеботарин духтари дунё шинохта шуд. Дар ин бора дар торномаи ташкилкунандагони озмун хабар дода шудааст.

Дар баробар ин тоҷикдухтар, Татяна Фомичова аз Маскав унвони "Муовини аввали зебосанами ҷаҳон-2017" ва Мария Демидова аз Новокузнетск унвони "Муовини дуюми зебосанами ҷаҳон-2017"-ро соҳиб шуд.

Бо гирифтани мақоми аввал Муъминова ба ҳайъати доварони озмуни "Зеботарини ҷаҳон-2018", ки моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз зеботарин казиноҳои ҷаҳон Monte Carlo Las Vegas дар Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад, ворид шуд.

109
Барчаспҳо:
озмуни зебогӣ, Анна Муъминова, Тоҷикистон, Русия
Акмалиддин Каримов - қаҳраомни Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод - 2017 аз рӯи самбо.

Акмалиддин Каримов: қаҳрамон будан мушкилтар аз қаҳрамон шудан аст

176
(Таҷдидшуда 14:15 08.10.2017)
Қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод Акмалиддин Каримов ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи пирӯзӣ ва ҳадафҳои аслияш гуфт

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Яке аз беҳтарин самбокорони Тоҷикистон Акмалиддин Каримов дар Бозиҳои осиёии Ишқобод медоли тилло ба даст овард. Акнун ӯ барои зӯрозмоӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон омода мешавад, ки моҳи ноябр дар Сочӣ баргузор хоҳад шуд.

— Акмалиддин, лутфан бигӯед, ки ин мавсим чӣ гуна сипарӣ мешавад?

— Ин мавсим барои ман бисёр бобарор буд — барои чандум бор дар қаҳрамонии самбои Тоҷикистон пирӯз шудам ва дар Бозиҳои Осиёӣ медоли тилло ба даст овардам. Ин дастовардҳо бароям бисёр бузурганд. Акнун бояд барои дар мусобиқаҳое, ки имсол баргузор мешаванд, аз ҷумла қаҳрамонии ҷаҳон, омода шавам.

— Шумо чанд сол боз дар майдонҳои ҷаҳонӣ зӯрозмоӣ доред. Оё акнун ширкат дар мусобиқаҳо мушкилтар шуда ё на?

— Бале, рақибон дар ҳар мусобиқае беш аз пеш ҷиддитар мешавад. Қаҳрамонии ҷаҳон — мусобиқае дар сатҳи баланд аст, аз ин рӯ бояд дучандон бештар машқу тамрин кард то натиҷаи хуб ба даст овард.

— Чаро Шумо самборо интихоб кардед?

— Ман 13-сола будам, ки бародарам Алишер маро ба варзишкадаи "Динамо" назди мураббӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов оварда буд. Ҳамон замон ин варзиш бисёр хушам омада буд.

Самбо — на танҳо варзиш, балки шеваи омӯзишу парвариш низ ҳаст, ки ҷанбаҳои руҳиву иродиву ахлоқии инсонро ҳам рушд медиҳад. Он донишу ҳунари дифоъ аз худ аст, на ҳамлаву дастёзӣ ба дигарон.

Самбо на танҳо дифоъ аз худро ёд медиҳад, балки таҷрибаи ғании зиндагӣ низ медиҳад, ки сиришти инсонро ташаккул медиҳад ва ӯро пойдориву тобоварӣ мебахшад, қавиирода ва устувор мекунад.

Ин варзиш барои парвариш додани хештандорӣ ва ташаккули ахлоқи хубу мавқеъи устувор дар зиндагӣ кумак мекунад.

— Пеш аз зӯрозмоӣ муррабӣ маъмулан чӣ раҳнамоиҳое медиҳад?

— Мегӯяд, ки ҳама нерӯву тавонатро ба кор бигиру фикрҳои беҳударо аз сарат дур куну шарм надору ҳунаратро намоиш бидеҳ!

Ман фикр мекунам, ки ин суханҳо беҳтарин раҳнамоие ҳастанд, ки бояд пеш аз зӯрозмоӣ ба варзишкор гуфта шаванд. Бақияро варзишкор бояд худ анҷом диҳад.

— Муҳимтарин ҳадаф дар ҳирфаи варзишиатон кадом аст?

— Дар ҳирфаам танҳо як қуллаҳо фатҳнашуда монда, ки қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон аст. Медоли тиллои ҳамин қаҳрамонии ҷаҳонро кам дорам.

Ман танҳо як орзу дорам — ба даст овардани ин ҷоиза. Дар мусобиқаҳои миёни ҷавонон ба ҳама ҳадафҳоям расидаам ва танҳо ҳамин унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бузургсолонро кам дорам. Барои ба даст овардани ин медол ман ҳама кӯшишу талошамро хоҳам кард ва умед дорам, ки имсол, иншоаллоҳ, ба ин ҳадафам хоҳам расид.

— Барои оянда чӣ нақшаҳое доред?

— Нахуст бояд дар қаҳрамонии ҷаҳон ба ҳадафам бирасам. Ман ҳамеша барои худ ҳадафе таъйин мекунам ва агар якеро ба даст овардам ҳадафе мушкилтар аз онро мегирам. Пас аз қаҳрамони ҷаҳон шудан дигар ҳадафҳоеро барои худ таъйин хоҳам кард, кӯшиш хоҳам кард дастовардамро такрор кунам.

Зеро чуноне ки маълум аст, қаҳрамон шудан мушкил аст, вале қаҳрамониро нигоҳ доштан мушкилтар аз он аст.

176
Барчаспҳо:
қаҳрамонӣ, сабқат, пирӯзӣ, бозиҳои Осиёӣ, Акмалиддин Каримов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд
Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод: Тоҷикистон 3 медоли тилло ба даст овард
Дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 2017 дар Ишқобод
Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон