Шоираи Раҳмиҷон дар Амрико

Дуои Лоиқ шеъри Шоираи Раҳимҷонро то Амрико расонд

1168
(Таҷдидшуда 14:07 21.12.2016)
Ифтихор мекунам, ки дасти дуои устод Лоиқро гирифтаам ва ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон чандин шеърхоямро дар ҳузури устод хондааму аз ҷониби он кас баҳои хуб ҳам гирифтаам

Шоираи Раҳмиҷон, ки фаъолияташ ба номаш тавъам аст, байни мухлисони шеър, хусусан ҷавонони тоҷик хуш пазируфта шудааст. Шоирабонуи оҳангсоз, рӯзноманигор ва шоира якҷоя бо ҳунармандони машҳури тоҷик, дар доира Фестивали байналмиллалии "Шашмақом" бахшида ба 100-солагии Нуриё Аминов ба Амрико рафт ва дар тӯли як моҳ дар он ҷо ба ҳаёти мардуми тоҷик, фарҳанги амрикоӣ шинос шуд ва ташнагони  каломи волоро бо ашъори худ сероб намуд.

Шоира пас аз сафар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз эҷодиёти худ, сабки хеш, бардоштҳои худ аз кишвари Амрико, ҳаёти тоҷикони дар он тарафи уқёнус, фарҳанги кишвари дигар нақл намуд.

Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки тавонистааст шеъри худро дар назди устод Лоиқ қироат намояд ва аз устоди шеър дуо бигирад ва ният дорад, ки бо овозхони машҳури Шарқ —Гугуш ҳамсӯҳбат шавад.

Тоҷикони Амрикоро чӣ гуна дарёфтед?

— Тоҷикони Амрико хело хуб ба шеваи зиндагии Ғарб ворид шудаанд ва бо сабки мардуми амрикоӣ кору фаъолият мекунанд. Бо мушоҳидаи ман тоҷикони муҳоҷири Амрико азият намекашанд ва озоданд. Ба фикри ман Амрико  кишвари имкониятҳост.

Киро дар ҷодаи эҷодиёт устод мешуморед ва бо маслаки кадом шоир рафтан мехохед?

— Ба  истиснои он, ки баъзан шеърҳои маро устодон  таҳриру дуруст мекунанд, дар ҷодаи эҷод ман устоде надоштам, ки маро куллан роҳнамоӣ кунад. Ягона нафаре, ки борҳо ҳангоме аз шеър дур шудан маро боз ба он наздик кард  ва домони шеърро ба дастам медод — модарам ҳастанд.
Пайрави ҳеҷ шоир будан намехоҳам. Мехоҳам ҳарфи гуфтаи ман сирф тавлидёфтаи зеҳни ман бошад, на аз тасвири шеъри касе рӯбардор шавад. Ва ҳарчӣ офаридам, то имрӯз шукронаи Худованд, ки онҳоро дар зеҳнам  рехт, вагарна:
Ман киям?Ман ҳеҷ кас!
Ман киям?Як роҳ хас!
Беҳавас,беҳамнафас
Дар миёни ин қафас
Тангу торик,сарду шум
Гуми гумам,гуми гум!!!

Нигоҳи Шумо ба эҷодиёти Лоиқ?

— Ба фикри ман шеър бояд тавре бошад, ки онро ҳатто як деҳқон ҳам ҳангоми дарав ё кишт кардан, дарк карда тавонад. Мардум вақти луғатгардонӣ надоранд.(Ин фикри ман аст албатта, ки шояд аз нигоҳи дигарон ғалат бинамояд). Яъне  соддаву фаҳмо иншо шуда бошад, ки мавриди қабули ҳама зеҳнҳо бошад. Ин муваффақиятро устод Лоиқ то ҳадде касб кардаанд, ки маҳбубияти эшон асрҳо боқӣ мемонад. Ман бовар дорам  нафаре нест, ки эҷодиёти Лоиқро бихонаду нафаҳмад. Шеъри ӯ барои ҳама аст, оммафаҳму соддаву табиӣ ва зебо.  Ифтихор мекунам, ки дасти дуои устодро гирифтаам, ва ҳангоми дар қайди хаёт буданашон чандин шеърхоямро дар ҳузури устод хондааму аз ҷониби он кас баҳои хуб ҳам гирифтаам.

 

  • Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико
    Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико
    © Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
  • Ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова
    Ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова
    © Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
  • Шоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико
    Шоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико
    © Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
  • Шоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад
    Шоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад
    © Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
1 / 4
© Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико

Барои худ дар Амрико чӣ кашфиётҳое кардед?

— Рузноманигор,шоир, оҳангсоз? Намедонистам кадоме аз инҳо асли ман аст, намедонистам ман киям?!  Дар ин сафар, дар сӯхбат бо нафарони бофарҳангу соҳибилм, ки таҳлилгарони хуб ҳам буданд, ин суолро ба миён гузоштам. Бо эътироф ва таъкиди онҳо дарк намудам, ки каси универсали будааму бояд ҳама кореро ки қувватам мерасад, анҷом бидиҳам. Дар Лос Анҷелес  бо сардабири маҷаллаи "Tehran magazin"  Шахбод Нурӣ, ки як шахсияти хеле донишманду муваффақ аст, во хӯрда сӯҳбати муфиде анҷом додам.

Фарҳанги амрикоӣ бароятон писанд омад?

— Фарҳанги Амрико ҷавобгӯи ҳама меъёрҳои ҷаҳонӣ аст. Шояд аз сардии ҳаво бошад, ман духтареро урён надидам. Ҷавонон он ҷо саргарми кор ҳастанд. Иллати бекорӣ, ки надоранд дар сарашон фикрҳои ғайр намеояд.  Ҳатто дар тарбхонаҳо ҳам(чӣ тарабхонахои аврупоӣ ва чи шарқӣ) духтарони тоҷикро, ки муқими онҷо шудаанд,  бо як одобу фарҳанги хоса медидем, ки бисёр хушамон меомад. Ҳама ба ҳамдигар лутф мекунанду табассум. Касе касеро таҳқир ва дашном намекунад.  Аз ҳама муҳимаш дағал нестанд.

Амрико аз нигоҳи Шумо?

— Одоби муоширати онҳоро дӯст доштам. Ман тӯли он ҷо  буданам дар ҳеҷ холате надидаам, ки касе касеро нороҳат кунад ё касе бо табъи хира бошаду аз умр нороҳат.  Амрико ба ман аз ҷихати озодии кул писанд омад. Чунин менамояд, ки мардум озоданд —  ҳам дар доираи фаъолияти эҷодӣ,  хам фаъолияти корӣ.  Қиммати вақтро медонанд. Ҳеҷ гоҳ барои хӯроки нисфирузӣ дар тарабхона ё қаҳвахонаҳо вақташонро намегузаронанд. Як бургер ва як пиёла чой. Он ҳам сари компутари коришон…

Ташнагони шеърро дар он тарафи укёнус чӣ гуна дарёфтед?

— Пеш аз сафар ман фикр мекардам, ки  он ҷо аслан шеърро намепазиранду ба шеър таваҷҷуҳ ҳам надоранд. Аммо вақте, ки дар толор ба ғайр аз форсизабонон ва тоҷикон мардуми амрикоӣ омада, маро бо таваҷҷӯҳ гӯш мекарданд, дарк намудам ҳамагӣ ташнаи шеъру тарона ҳастанд.

Оё фарханги форсӣ — тоҷикӣ  дар Амрико эҳсос карда мешавад? 

— Худи баргузории Фестивали Шашмақом, ки дар он таронаҳо бо забони форси- точикӣ суруда шуданд ва аз эҷодиёти Ҳофиз, Бедил, Рудакию Ҷомӣ ва Хайём- шоирони класики форсӣ- точикӣ буданд, гувоҳи он аст ки, мардуми онҷо, бахусус яҳудиёни Бухоро корҳоеро барои ривоҷ додани фарҳанги форсӣ анҷом медиҳанд, барои пойдорию муаррифии он талошҳое мекунад, ки боиси ифтихор ва эҳтиром аст.

Поэтесса Шоира Рахимджон во время поездки в США
© Фото : страница Шоиры Рахимджон в Facebook
Шоирабону дар доираи аҳли фарҳанг

Дар кадом қисматхои Амрико маҳфилхо баргузор намудед?

— Баромади аввали ман дар Фестивали Шашмақом буд, ки дар он зери навои танбур ғазали худамро сароидам. Танбӯрнавози беҳтарин Роман Талмасов шеъри маро бо оҳанг ҷӯр мекард. Ин лаҳза хеле бароям хотирмон шуд. Дар Ню Йорк ду маҳфили дигар доштам, баъд аз он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар шаҳри Вашингтон маҳфили эҷодии ман бо иштироки хунарпешаи ҷавон Ситораи Кароматуло  баргузор гардид.

Маҳфилхоятон дар Амрико чӣ гуна баргузор шуданд?

— Махфилҳоям дар сатҳи олӣ гузаштанд ва олӣ пазироӣ ҳам шуданд, зеро бе ягон тайёрии пешакӣ ва бе тарҳрезӣ баргузор шуд. Ҳама чӣ  табиӣ буд. Маҳфиле, ки дар Ню Йорк бо ибтикори яҳудиёни Бухоро баргузор шуд, бароям бисёр фаромӯшнашаванда буд.  Иштироки дурахшонтарин ҳунармандон — Малика Қаландарова, Рошел Аминов, Рошел Рубинов, Тамара Катаева, Муҳаббат Шамаева ва чанде дигарон дар маҳфили камина боис ба  сарбаландиам буд. Барои баргузории ин маҳфил ман аз сардабири маҷаллаи Zamon times Рафаэл Некталов бисёр миннатдор ҳастам, ки ҳама тарҳрезиву банду басти маҳфил дасти  ӯ буд.

Ғайр аз ин сафари ман ба Лос Анҷелос ба нияти дидани Гугуш буд, ки мутассифона рӯзҳое,  ки он шаҳр будам ӯ дар сафари ҳунарӣ, дар Фаронса қарор дошт. Вале ба ман даст дод, ки ба воситаи писараш Комбиз пуле бисозам барои дидори оянда бо Гугуш.

Таасуроти Шумо аз сафар?

— Сафаркарда ҳамеша барои худ ҷаҳонбинии васеъ аз ҳар сафар бардошт мекунад. Имрӯз ман бо як энерҷие аз сафар баргаштам, ки фикр мекунам қудрати идора кардани як дастгоҳи бузургро дорам. Ва дар самти эҷоди шеър, эҷоди суруду мусиқӣ ҳам пур аз энерҷиву  идеяҳои ҷадид хастам. Пур аз хоҳишу пур аз талош, ки фикр мекунам ин хама таконеро бароям бахшидаву масъулиятамро даҳчанд намуда.

Кунун танбалиро раҳо мекунам. Ҳарфҳои ногуфта зиёданд фурсати умр андак. Бояд ногуфтаҳоро суруд. Бояд фарозтар аз ҳадди хештан рафт, то қаноат дошта бошӣ. Ҳарчанд ба гумон аст иктифо ва қаноатманд будан аз худ!

Дар бораи шоира

Яке аз бонуи шеъри тоҷик Шоира Рахимҷон зодаи шаҳри Ваҳдат буда, 31 марти соли 1977 дар оилаи коргар ба дунё омадааст.  Шоираи кӯчак ҳануз аз айёми 10-солагӣ шеър мегуфт.

Шоирабону хатмкардаи ДДМТ, факултаи филологияи тоҷик мебошад.

Вай солиёни зиёд дар Радиёи Тоҷикистон ба сифати муҳаррир фаъолият намудааст.  Аввалин намунаи ашъори шоира соли 2003 бо номи "Нахустин номаҳои дард"  интишор шуда,  китоби дуввуми вай соли 2013 бо номи  "Вопасин номаҳои дард"  дастраси ихлосмандони шеър гардидааст.  Шоирабону соли 2012 дар машварати адибони ҷавон хамчун шоири суруднавис узви Иттифоқи Нависандагон гардид.

Шоира бо хунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеър ва оҳанг эҷод мекунад.

Ҳоло Шоираи Раҳимҷон муаллимаи калони фанни балоғати суханварии Донишгоҳи такмили ихтисос барои мактабҳои олӣ мебошад.

1168
Барчаспҳо:
тоҷикон дар Амрико, Шоираи Раҳмиҷон, Тоҷикистон-ИМА
Стоматолог

Оиларо гузошту ба Сахалин рафт: чӣ гуна тоҷик дар Русия карйера сохт

821
(Таҷдидшуда 12:59 24.01.2021)
Зодаи Тоҷикистон, дандонпизишк Маҳмад Неъматов боре тасмим гирифт, ки қадами ҷасуронае гузорад ва барои кор ба Русия рафт. Ин қадами ҷасурона ҳаёти ӯро ба куллӣ дигар кард

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дандонпизишк Маҳмад Неъматов аз Тоҷикистон ба Русия кӯчид ва тавассути барқарор кардани шуъбаи дандонпизишкӣ дар Сахалин карйераи барҷаста сохт.

Чизе, ки ӯ тӯли 13 сол дур аз ватан ба даст овард ва ба хотири кор чиро қурбон кард, дар матлаби муаллифи РИА Новости Мария Марикян бихонед.

Ба дӯсташ ваъда доду аз Тоҷикистон рафт

Неъматов дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Пас аз мактаб дар Душанбе ба ҳайси духтури дандон таҳсил кардааст. Баъди хатми донишгоҳ аввал дар муассисаҳои тиббии вилоятӣ кор карда, сипас ба зодгоҳи хурди худ баргашт.

"Бо гузашти вақт, муовини сардухтур шудам, ва ҳамзамон раиси иттифоқи касаба будам. Ҳамааш қонеъкунанда буд", - мегӯяд, Неъматов.

Ҳамааш дар соли 2007 тағир ёфт: дӯст ва ҳамкори Маҳмад ба Сахалин рафт ва ӯро бо худ даъват кард.

"Ман розӣ шудам. Ин муколамаи мо, ба назари ман, ҷиддӣ набуд. Ва ногаҳон - занг."  Хуб, ин ҷо хуб аст.  Даромади мӯътадил, таҷрибаи нав. Омода шав! "- гуфт Неъматов.

Ба гуфтаи Неъматов, иҷрои ваъда кори осон набуд: оила ин иқдомро бо камҳавасӣ қабул карданд. Падар ошкоро зидди он буд, ва баҳс мекард, ки ҳоҷат ба тарки вазифа ва гузошта рафтани оила нест.

Аммо Маҳмад ба ин гуфтаҳо гӯш накарду оиларо дар ватан гузошт ва роҳи Русияро пеш гирифт.

Оғози муваффақиятҳои табиби тоҷик дар Русия

Ҷои кори аввалини Неъматов бахши дандонпизишкӣ дар Александровск-Сахалинский дар шимоли вилоят буд. Сахалин пеш аз ҳама ӯро бо барфи зиёд мутаассир кард.

"Ҳолатҳое мешавад, ки шумо дар канори роҳраве, ки ҳар рӯз тоза мекунанд, мегузаред ва дар паҳлӯҳо барф болотар аз шумост. Мисли нақб. Саҳар, баъзан аз даромадгоҳ баромада наметавонед. Ман аз тирезаи ҳамсояҳоям дар ошёнаи якум берун шуда будам ",- ба ёд меорад Маҳмад.

Пас аз панҷ сол, Неъматов қариб тасодуфан ба деҳаи Смирних кӯчид. Ман бо як ҳамватани худ вохӯрдам, ки гуфт, беморхонаи маҳаллӣ мутахассис надорад. Ва дӯсте, ки барояш ба Русия омадам, аллакай ба нафақа баромад, мегӯяд ӯ.

Маҳмад ба беморхонаи марказии ноҳиявии Смирниховский ба кор даромад ва ӯро фавран мудири шӯъбаи дандонпизишкӣ таъин карданд. Духтури дандон дар ихтиёри худ се ҳуҷра дошт: ду ҳуҷра барои қабул ва як ҳуҷра барои табобат.

Махмад Неъматов в Смирныховской ЦРБ
© Фото : из личного архива Махмада Неъматова
Махмад Неъматов в Смирныховской ЦРБ

Чӣ гуна тоҷик дар Русия дандонпизишкиро тағйир дод

Дар ҷои нави кор муҳоҷир  ба вазъи ногувору фанои умумии стоматология дучор шуд. Барои тағир додани шӯъба саъйи зиёд лозим буд.

"Ба назар мерасид, ки ин деворҳо дер боз таъмир нашудаанд. Таҷҳизот аз замони Шӯравӣ буд", - гуфт табиб.

Шуъбаро таъмир карданд, таҷҳизоти нав оварданд. Ва худи Неъматов мутахассисони ҷавон ва кадрҳои ботаҷрибаро фаъолона ҷалб мекард.

Ҳоло беморон дар чор ҳуҷра қабул карда мешаванд. Маҳмад 13 корманд дорад: панҷ табиб, техник-стоматолог, ҳамшираҳои тиб, фаррош. Ифтихори алоҳидаи шуъба- стоматологияи сайёр мебошад.

Ҷеймс Насимӣ - нахустин коргардони тоҷик, ки Ҳолливудро тасхир кард

"Вақте ки ман нав омадам, хеле ҳайрон шудам, ки чаро дар минтақае, ки шароити боду ҳавои махсус дорад, чунин таҷриба вуҷуд надошт. Мо мошинро соли 2019 гирифтем. Онро се сол мунтазир шудем. Дар як моҳ ду маротиба сафар мекунем", - бо болидагӣ мегӯяд, духтури дандон.

Барои карйера, маҷбур будам, оиларо қурбон кунам

Ҳама ин 13 сол Маҳмад аз оилааш дур зиндагӣ кард. Ҳамсараш ҷуръат накард, ки то калон шудани духтарони хурдӣ ба Русия ояд. Ӯ иқрор кард, ки хонаашро хеле пазмон шудааст, гарчанде кӯшиш мекунад, соле ду маротиба ба назди оилааш равад.

Ҳамзамон ба назди Маҳмад, писаронаш низ омаданд: калонӣ, ҳамчун техники дандон таҳсил карда, таҳти назорати падар тахассусашро такмил медиҳад, писари миёнааш ду сол пеш Донишгоҳи давлатии Чувашияро хатм кард ва инчунин ба Сахалин кӯчид.

Махмад с сыном
© Фото : из личного архива Махмада Неъматова
Махмад с сыном

"Ҳоло набераҳоям низ калон шуда истодаанд. То он даме, ки қувват дорам, кор мекунам ва ҳамзамон донишамро ба ҷавонон меомӯзам. Ман як вазифа дорам - ба одамон кӯмак расонидан. Чӣ фарқ дорад, ки дар куҷо? Мо ҳама дар як замин зиндагӣ мекунем. Барои табиб фарқияти ҷинсият, миллат ва дин вуҷуд надорад “, - гуфт Неъматов.

Сайёра Сафарӣ: ҳаргиз бо ҳампешагонам роман надоштам

Маҳмад мегӯяд, ки ӯ худро аллакай Сахалини воқеӣ ҳис мекунад, аммо ба ҳар ҳол нақша дорад, ки пас аз нафақа баромадан, ба зодгоҳаш Тоҷикистон баргардад.

821
Барчаспҳо:
Масчо, Сахалин, касби табибӣ, Русия, Тоҷикистон
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров

Назаров дар бораи убури марзи Ӯзбекистон, вохӯрӣ бо роҳбарону лағви консерташ дар Бухоро

1789
(Таҷдидшуда 18:17 12.01.2021)
Далер Назаров, ҳунарманди маъруфи тоҷикистонӣ пас аз чанд сол бори нахуст дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ин сафарашро олиҷаноб хондаву гуфтааст, барои консерти лағвшудааш дар Бухоро, дубора ба ин кишвар хоҳад баргашт

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров, ки охирҳои моҳи декабр дар Ӯзбекистон консерт гузошт, таассуроташ аз ин сафари ҳунариашро нақл кардааст.

Ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш, ин сафарро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пур аз эҳсоси наҷибу хурсандӣ хондааст.

Вай гуфтааст, сафар ба Ӯзбекистон, ҳарчанд дер боз дар нақша буд, якбора сурат гирифт.

"Ба назарам чунин менамуд, ки ба ин мулоқоти ҷолиб бо тамошобинони Ӯзбекистон бояд омодагии тӯлонӣ бошад. Хусусан, пас аз он ки сарони давлатҳои мо монеаи байни моро бартараф карданд, ки ба ҳама хурсандии зиёд овард ва ман ин ҳодисаро дар солҳои охир матлубтарин ва хурсандибахш мешуморам", - қайд кардааст ӯ.

Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

Вай афзудааст, ки "новобаста аз пандемия ва баста будани марзҳо, марзбонон  моро хушҳолона пешвоз гирифтанд ва пас аз гузаштани тамоми расмиятҳо ба сарзамини ошно ворид шудем".

"Дар чашми пешвозгирандагон як ҳаяҷон ва тантана намудор мешуд, дар дили мо бошад ҳеҷ "мову шумо"-е набуд, танҳо шодӣ аз вохӯрии деринтизор буд", - афзудааст Далер Назаров.

Овозхон таъкид кардааст, ки дар Самарқанду Тошканд вақташ хуш ва пур аз муҳаббат гузашт. Аммо ҳунарнамоияш дар шаҳри Бухоро бо сабабҳои номаълум лағв шуд.

Хоҳишмандон зиёд шуданд: Далер Назаров дар Тошканд ду рӯз консерт медиҳад

"Мутаассифона, консерти мо дар Бухоро, ки хело интизорамон буданд, лағв шуд. Сабабашро намедонем, аммо медонем, ки вохӯрӣ дар ин шаҳр дар сатҳи олӣ албатта мешавад", - таъкид мекунад ӯ.

Овозхон, қайд кардааст, ки дар давоми ин сафар бо табақаҳои гуногун, аз ҷумла аз роҳбарон то ошпазҳову савдогарон мулоқот дошт.

"Ман инро барои он мегӯям, ки касеро махсус интихоб накардем, ҳама бидуни ягон маҷбурӣ хурсанду самимӣ буданд", - таъкид мекунад ҳунарманд.

Далер Назаров афзудааст, ки то ҳол ба унвонаш "мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат мерасанд ва дар оянда ин ҳама самимият дар таронаҳои тозааш дарҷ хоҳанд шуд".

1789
Барчаспҳо:
консерт, таассуроти нахустин, Ӯзбекистон, Далер Назаров
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

0
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

0
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон