Ёсумани 18-сола дар озмуни зебоии Miss Global Tourism ғолиб омад

Модели тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Чин пирӯз шуд

378
(Таҷдидшуда 16:03 15.03.2017)
Ёсуман Холова дар озмуни байналмиллалии “Miss Global Tourism-2017” дувум шуд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар озмуни "Miss Global Tourism 2017" ки бо ширкати намояндагоне аз 60 кишвари ҷаҳон дар Чин баргузор шуд, намояндаи Португалия зеботарин модел шинохта шуд ва Ёсуман сазовори ҷои дувум гардид.

Ёсуман дастпарвари бунгоҳи моделҳои "NEW ERA" аст. Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмиллалии зебоии Miss Global Tourism буд.

Рақобат барои дарёфти унвони "Miss Global Tourism" 15 рӯз идома дошт. Азиза Қаюмова, бунёдгузори бунгоҳи "NEW ERA" гуфт, ки моделҳо пеш аз роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ дар чанд озмуни дигар, аз он ҷумла аккосии гузинишӣ, ҳамроҳӣ дар барномаҳои расмӣ, ширкат дар барномаҳои хайрия ва намоиши ҳунар, ширкат кардаанд.

Азиза Қаюмова ёдоварӣ кард, ки ин нахустин бор нест ки Ёсуман дар озмунҳои зебоӣ ширкат дошта, балки пештар низ барандаи дигар озмунҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Восемнадцатилетняя модель из Таджикистана Ёсуман Холова стала первой вице-мисс международного конкурса красоты Miss Global Tourism
Ёсуман Холова

Бунгоҳи "NEW ERA" нахустин омӯзишгоҳи моделҳои пешакор дар Тоҷикистон аст. Нахустин озмуне ки  дастпарварони ин бунгоҳ ширкат карда буданд, озмуни байналмилллалии тарроҳии Пиер Карден "Fashion House International" буд ки соли 2006 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Дар он озмун шаш модел аз бунгоҳ ба даври ниҳоӣ расида буданд ва Ёсуман Холова севумин мақомро ба даст оварда буд. Дар паи ин озмун ӯро барои намоиши либосҳои Пиер Карден дар Фаронса интихоб карданд.

  • Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик
    Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик
  • Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни  Miss Global Tourism
    Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни Miss Global Tourism
  • Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни  Miss Global Tourism
    Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни Miss Global Tourism
  • Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни  Miss Global Tourism
    Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик дар озмуни Miss Global Tourism
1 / 4
Ёсуман Холова-модели ҷавони тоҷик

Азиза Қаюмова афзуд: "Имрӯз Тоҷикистон барои баргузории озмуни зебоии ҷаҳонӣ ҳам муҷаввиз дорад ва моделҳои тоҷик дар ҷашнвораи ҷаҳонии либоси Пиер Карден дар Фаронса ширкат хоҳанд кард".

378
Барчаспҳо:
озмуни зебоӣ, Miss Global Tourism, Ёсуман Холова, Ҷаҳон, Чин