Фарзона Ақназарова

Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

1504
(Таҷдидшуда 16:25 23.03.2017)
Фарзона Ақназарова - яке аз нахустин тоҷикдухтарони футболбоз - ҳамакнун дар Маскав зиндагӣ ба сар мебарад. Ӯ мехоҳад дар пойтахти Русия дастаи духтаронаи футбол ташкил кунад

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Фарзона Ақназарова дар бораи зиндагиву кору нақшаҳояш суҳбат кард.

Ақназарова Фарзона  26-уми декабри соли 1992 дар ВМКБ ба дунё омадааст. Баъди чанде хонаводаи Фарзона аз Бадахшон ба Турсунзода ва аз он ҷо ба шаҳри Душанбе кӯч баст. Мактабро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Собиқ ҳимоятгари мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон. Дастаи дӯстдоштааш Раел-Мадрид ва футболбози дӯстдоштааш Серхио Рамус мебошад. Шуғли дӯстдоштааш варзиш ва сурудхонӣ. Оиладор соҳиби як фарзанд.

Фарзона мегӯяд, ки аз кӯдакӣ ба варзиш шавқи беандоза дошт. Футболро бештар дӯст медошт, чун бародараш низ ба ҳамин намуди варзиш машғул буд.

"Ман ҳамеша аз паси бародарам медавидам. Вале мушкил ин буд, ки замоне, ки ман дар мактаб таҳсил мекардам, дар шаҳри Турсунзода дастаи футболи духтарона набуд".

Вале набудани дастаи духтаронаи футбол Фарзонаро аз роҳаш пас нагардонд. Ӯ бо иродаи қавӣ машқро идома дода, ҳамроҳи бародараш, ки гоҳо намехост ӯро бо худ бигирад, ба варзиш машғул мешуд.

Пас аз чанде дар шаҳри Турсунзода дастаи духтаронаи футбол низ пайдо шуд. Фарзона Ақназарова яке аз нахустин духтароне шуд, ки ба ин даста шомил шуда буданд.

"Мураббии мо Элдор Абдураҳмонович буд. Ӯ нахустин касе буд, ки дар шаҳри Турсунзода дастаи футболи занонаро роҳандозӣ кард".

Фарзона футболбозиро аз синфи ҳафтум оғоз кард. Вай мегӯяд, ки бозии футбол осон нест: "Футболбоз бояд иродаи қавӣ дошта бошад, вале муҳимтар аз ҳама хостан аст. Зеро хостан тавонистан аст. Албатта дар аввал мушкилот бисёр буд. Ҳар рӯз се соат машқ кардан осон нест. Вале касе, ки футболро интихоб мекунад, бояд шеваи дурусти зиндагӣ дошта бошад. Реҷаи хӯрокхӯриро риоят кунад. Касе, ки ин варзишро дӯст доштааст, дигар наметавонад бе он зиндагӣ кунад".

Ин тоҷикдухтари варзишгар футболро варзиши мардона намешуморад. Ӯ мегӯяд варзиш ҳам барои духтарон ва ҳам писарон баробар аст: "Барои духтарон машғул шудан ба футбол мушкил нест. Вале дар Тоҷикистон мардум нисбат ба футболи духтарона чандон назари хуб надоранд. Бештари волидон духтарони худро сарфи назар аз хоҳишашон иҷоза намедиҳанд ба ин варзиш машғул шаванд".

Фарзона таъкид мекунад, ки наздиконаш ӯро дар ин роҳ дастгирӣ мекарданд: "Бародарам аввал мухолиф буд, вале вақте бозиямро дид, дигар чизе нагуфт".

Фарзона Ақназарова
Фарзона Ақназарова

Пас аз он ки Фарзона синфи 9-ро ба поён бурд, хонаводаашон аз шаҳри Турсунзода ба шаҳри Душанбе мекӯчад. Ин ҷо Фарзонаро дастовардҳои бузурге интизор буданд. Мураббиёни дастаҳои пойтахт ӯро аз бозиҳояш хуб мешинохтанд ва аз омадаш шод ҳам шуданду зуд дар дастаи нав сардор интихоб карданд.

"Вақте ба Душанбе омадам, мураббии дастаи футболи занона Сулаймон Бобокалонов маро аз пеш мешинохт. Ман гуфтам: Салом, ман омадам. Ӯ дар посух гуфт: Хушомадӣ! Ва маро ба даста қабул кард", — мегӯяд табассумкунон Фарзона.

Ифтихорномаҳои Фарзона Ақназарова
© Фото : Аз бойгонии Фарзона
Ифтихорномаҳои Фарзона Ақназарова

 

Дар шаҳри Душанбе Фарзона Ақназарова ба дастаи мунтахаби занонаи миллии Тоҷикистон шомил шуд. Ӯро дар ин даста низ сардор интихоб карданд. Вале пас аз хатми мактаб Фарзона ҳам аз футбол ва ҳам аз Тоҷикистон дур шуд.

Фарзона Ақназарова
© Фото : Аз бойгонии Фарзона Ақназарова
Фарзона Ақназарова

"Бо дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон мо дар сабқатҳои зиёди байналмиллалӣ ширкат кардем. Бароям дидани шаҳрҳои нав хеле хуш буд. Вале ин давра низ ба поён расид. Тасмим гирифтам, ки дар оянда риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кунам ва шореҳи варзишӣ шавам. Вале чунин ҳам нашуд".

Фарзона мехост дар бахши рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон донишҷӯ шавад. Ба гуфтаи ӯ, он замон бе пуштибонӣ, ё ба истилоҳ "тағо", донишҷӯ шудан дар ин донишгоҳ амри маҳол буд. Фарзона низ натавонист донишҷӯ шавад ва бо дили шикаста Маскав раҳсипор шуд, ки падару модараш онҷо рафта буданд.

Вале Фарзона мегӯяд, ки далели аслии тарки Тоҷикистон карданаш нокомӣ дар вуруд ба донишгоҳ набуд. Балки ӯ дар Тоҷикистон ояндае барои футболи духтарона намедид: "То кунун бо духтарону дӯстонам, ки ҳамроҳ бозӣ мекардем, дар тамос ҳастам ва мебинам ки сатҳи футболи занона ҳануз ҳам пойин аст. Ба духтарони футболбоз ҳатто роҳкиро пардохт намешавад".

Ба гуфти Фарзона, пуле, ки Федеросюни футбол барои футболи духтарона ҷудо мешавад, дар самти лозима ҳазина намешавад.

Фарзона пас аз омадан ба Маскав, дар дуконе фурӯшанда шуд. Ҳамзамон ҳунари ороишу пероиши рӯйу мӯйро низ аз худ кард. Ӯ ҳафт сол боз футболбозӣ накардааст, вале ҳамчунон варзишро фаромӯш намекунад: "Дар Маскав ҳам бомдодон дар назди ҳавлӣ ба давидану машқи бадан машғул мешавам. Пас аз шавҳар кардану фарзанддор шудан фикр кардам, ки бояд футболро фаромӯш кунам, вале нашуд".

Ақназарова Фарзона варзишгари тоҷик
© Фото : Аз бойгонии Фарзона Ақназарова
Фарзона Ақназарова дар Маскав

Ташкили дастаи футболи занона дар шаҳри Маскв орзуи деринаи ин гурдофариди тоҷик аст. Мегӯяд солҳо боз ин озруро дар дил дорад, вале имкон даст намедиҳад. Ӯ мехоҳад духтарони тоҷикро ба тарзи ҳаёти солим тағрибу ташвиқ кунад.

"Акнун ман барои ташкили дастаи футболи занона дар Маскав тасмими ниҳоиямро гирифтам. Бародарам ваъда дод, ки кумакам мекунад. Мехоҳам бо ҳамкорӣ ва дастгирии созмони ҷамъиятии "Нур" ин мақсадамро амалӣ намоям".

Ҳамакнун Фарзона тарҳи худ барои ташкили дастаи занонаи футбол дар Маскавро такмил мекунад то ба пуштибонон муаррифӣ кунад. Дар ин кор барояш комёбӣ орзу мекунем.

Фарзона Ақназарова
© Фото : Sputnik Нилуфари Некқадам
Фарзона Ақназарова
1504
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

244
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

244
Музаффар Имомдод

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

3536
(Таҷдидшуда 15:19 23.06.2020)
Музаффари Имомдод, ризокор, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Цавор куен" (Чор кӯҳ) дар Facebook дар бораи вазъи COVID - 19 дар ВМКБ, кумаки хайрхоҳон ва 11 соли ихтиёрӣ буданаш гуфт

ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Музафари Имомдодро корбарони Facebook чун шахси фаъоли ҷамъиятӣ ва ризокори ҳамеша омодаи кумаку ёрӣ мешиносанд. Ӯ аз рӯзҳои аввали шуюи COVID - 19 дар Тоҷикистон, ба хайрхоҳон муроҷиат карда, бо маблағи ҷамънамуда ба табибони Суғду, Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кард.

Ҳар рӯз дар саҳифааш дар Facebook наворе дар бораи расонидани кумак ба табибони ин ё он минтақаи кишвар пайдо мешавад. Чун худи ӯ мегӯяд, "бояд хайрхоҳон бидонанд ва бубинанд, ки маблағи онҳо дар куҷо ва чӣ гуна ҳазина мешавад".

Аз Русия то Африқо

Дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 расман 15 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардид. Пас аз як рӯз Музаффар бо наворе барои ҷамъ овардани маблағ барои кумак ба пизишкон ба мардум муроҷиат кард. Ба гуфти ӯ бародарони саховатпеша аз Русия то Африқо занг мезаданду маблағ равон мекарданд.

"Аввал бародарон аз Русия ва аз худи Тоҷикистон кумак карданд. Баъдтар аз Олмон, Африқо, Амрико ва дигар кишварҳо низ маблағ равон карданд. Пас аз се рӯзи муроҷиат мо маблағи ирсолкардаро гирифта, 70-дона либоси вижаи муҳофизатӣ харидем ва ба пизишкони навоҳии гуногун аз Ҷилликул то шаҳри Хуҷанду Ёвон расонидем. Пули равоннамудаи хайрхоҳон дар умум наздики 50 ҳазор сомонӣ шуд. Аз ин маблағ аз номи ризокорони ВМКБ ба зарадидагони фоҷиаи Хуросон 10 ҳазор сомонӣ равон карда шуд", - гуфт Музаффар.

Музаффар аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки мардуми тоҷик ҳиммати баланд доранд ва саховатпешаанд.

"Ростӣ ман бо мардуми хайрхоҳамон ифтихор мекунам", - мегӯяд ӯ ва ба ҳамаи ашхоси саховатпеша ва ихтиёриён, барои хизматашон изҳори сипос мекунад.

Вазъи COVID - 19 дар ВМКБ: аз воҳима то оромии рӯҳӣ

Музаффар рӯзи 9 май барои кумак ба пизишкон ба ВМКБ сафар кард ва инак беш аз ду моҳ мешавад, ки ӯ дар хизмати халқ аст. Ба фикри ӯ? маризии коронавирус худ онқадар вазнин нест, вале ваҳму воҳимааш барои фаҳмиш душвор аст.

"Рӯзҳои аввал мардумро ваҳму воҳима пахш карда буд. Онҳо дар бораи маргу мир аз ин маризӣ, ки бахусус дар кишварҳои Урупо зиёд буд, шунида буданд ва ба таҳлука афтода буданд",-изҳор дошт ӯ.

Музаффар ҳамроҳи дигар ризокорон барои кумак ба пизишкон қариб ба ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва қишлоқҳои дурдаст сафар карданд. 

"Мо аз қишлоқҳои ноҳияи Ванҷ, Рӯшону Бартанг, Шуғнону Ишкошим ва то Мурғоб сафар карда, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, маҳлулҳои зиддиуфунӣ бурдем. Фақат Язгулом ва қишлоқҳои болоии ноҳияи Шоҳдара мондааст, ки насиб бошад пас аз се рӯз бо кумаки вижа барои хонаводаҳои ниёзманд, сафар хоҳем кард", - гуфт Музаффар.

Мусоҳиб мегӯяд вазъияти беморӣ дар ВМКБ дар ягон ҷо вазнин набуд, чун аз рӯзҳои аввал ҳам духтурон ва ҳам ризокорон барои пешгирии он кори зиёде анҷом доданд. Созмонҳои гуногун аз қабили Бунёди Оқохон оид ба тандурустӣ, ширкати Памир энерҷӣ ва Ҳукумат барои пешгирии беморӣ кумак карданд.

"Чун зичии аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ бештар аст, ин ҷо маризон бештар буданд. Дар водии Бартанг дар кишлоки якум - Шуджанд танҳо як бемор буд. Шукри Худо дар дигар деҳаҳои Бартанг нафаре бемор набуд. Мо ба қишлоқҳои дурдасти Бартанг аз номи Ҳукумат се либоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва аз номи ризокорон ниқобҳоро бурдем", - нақл кард Музаффар .

Дар ВМКБ то 20 июни соли равон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҳдудиятҳо - равуо миёни навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ, ҷорӣ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад мардуми ин вилоят ба зиндагии муқаррарии худ бозгаштааст.

"Феълан мардум бе ҳарос ба корҳои саҳроӣ ва хоҷагидорӣ машғул ҳаст. На бузургсолон ва на ҷавонон дигар аз ин беморӣ ҳарос надоранд, чун дарк карданд, ки он ҳам мисоли зуком гузаранда аст, албатта на барои ҳама", - гуфт Музаффар ва афзуд, ки мардум рӯҳан ором шудаанд.

 Чаро ВМКБ барои роҳ надодани COVID - 19 омода набуд?

Коронавируси навъи COVID - 19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва бар пояи гузориши расмӣ ба Тоҷикистон пас аз 4 моҳ, 30 апрели соли 2020  расид. Мебоист Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ҳаматарафа омода мешуд. Музаффар мегӯяд "қаҳрамонони рӯз" - пизишкон барои мубориза бо ин маризӣ омода буданд, вале имконияти пешгирии онро надоштанд.

"Фикр мекунам пизишкон барои табобати маризони коронавирус омода буданд, аммо лавозимоти муҳофизатӣ ва доруву даво надоштанд. Чун ба ҳар қишлоқе, ки мо сафар мекардем ва ба ҳар марказҳои табобатӣ, ки мерасидем, бо чашмони худ медидем, ки пизишкон либоси муҳофизатӣ надоранд", - шарҳ дод Музаффар. 

Сабаби аслии роҳ ёфтани коронавирус ба ВМКБ-ро Музаффар дар камаҳамиятӣ ва бедиққатӣ мебинад. Ба гуфти ӯ танҳо бо кумаки ризокорон ва шахсони саховатпеша мешуд паҳншавии COVID - 19 - ро дар ВМКБ пешгирӣ кард.

11 соли ризокории Музаффар ва кумаки 3000 ихтиёрӣ дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар Бадахшон

Ризокор ё ихтиёрӣ - шахсест, ки бемузд ба нафари дигаре хизмат мекунад. Аз давраҳои қадим чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон, мардуми Бадахшон бештари кори худро тариқи ҳашар - кори дастаҷамъонаи бемузд анҷом медоданд. Қариб ҳамаи хонаҳои помирӣ, ки имрӯз дар Бадахшон ҳастанд тариқи ҳашар - ё бо қувваи ихтиёриён сохта шудаанд.

Музаффар ризокориро аз арзишҳои волои мазҳаби худ медонад. Ӯ мегӯяд аз кумак кардан ба дигарон ҳаловат мебарад ва бо ин роҳ мехоҳад дилеро шод кунад.

"Ризокорӣ аз арзишҳои мазҳаби ман аст. Бо ин арзишҳо ман метавонам диле ба даст оварам. Дар навбати аввал ман аз коре, ки барои шахсе анҷом медиҳаму ӯ шод мешавад, ҳаловат мебарам, махсусан кумак ба бузургсолон, кӯдакон ва ниёзмандонро дар назар дорам", - гуфт Музаффар ва афзуд ки беш аз 11 сол ӯ дар хизмати халқ аст.

"Ҷое мешавад, ки нафареро бепул бо хадравам ба манзилаш мерасонам, ҷое мешавад, ки бо кумаки дӯстонам мушкили касеро ҳал мекунам".

Дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар ҳар қишлоқи ВМКБ гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби ҷавонон ва фаъолони ҷомеа ташкил шуд, ки тартибу интизом ва риояи қоидаҳои қарантиниро назорат мекард. Онҳо намегузоштанд, ки меҳмонони аз шаҳри Душанбе расида бе гузашти 14 рӯз бо дигарон ҳамсуҳбат шаванд, ё нафаре бидуни ниқоб аз хона берун равад, ё дар кӯча масофаи иҷтимоиро риоя накунад.

Ба ҳамаи ин корҳо беш аз 3000 ризокор банд буд. Шояд ҳамин якдиливу омодаи кумак будани халқ, буд, ки мардуми Бадахшон авҷи аввали  COVID - 19 - ро бидуни талафоти зиёд паси сар карданд.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки бино ба пешбинии ҳамагиршиносон мавҷи дуюми COVID - 19 дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест ва ҳамоно бояд риояи қоидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтиоию пӯшидани ниқоб фаромӯш нашавад.

То 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

3536
Барчаспҳо:
сукунати ихтиёрӣ, ихтиёрӣ, вазъ, вируси нав, Музаффари Имомдод, Тоҷикистон
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон