Ёсуман Холова

Ёсуман - Сафири Сулҳ ё намояндаи расмии қаторҳои Куреи Ҷанубӣ

340
Тоҷикдухтари модел Ёсуман Холова намояндаи расмии ширкати SRT аз Куреи Ҷанубӣ интихоб шуд ва ҳамчунин гувоҳиномаи Сафири Сулҳро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ёсуман Холова, яке аз зеботарин моделҳои тоҷик, намояндаи расмии ширкати Куреи Ҷанубӣ интихоб шуд.

Вай ин мақомро дар озмуни зебоиву ҳунари Miss SuperTalent of the World ба даст овард, ки панҷ модели дигар ҳам дар он ширкат доштанд.

"Ёсумани моро Сафири Сулҳ дар ҷаҳон ва намояндаи расмии ширкати SRT — қаторҳои тундрави куреӣ интихоб карданд! Ифтихор дорем! Бо чунин суръат то пирӯзӣ чизе намондааст", — навиштааст Ниссо Қаюмова, роҳбари New Era Model Studio дар сафҳаи фейсбукии худ.

Ёдовар мешавем, ки Ёсуман Холова дар озмуни байналмиллалии "Miss Global Tourism-2017" дувум шуд.

Ёсуман дастпарвари бунгоҳи моделҳои "NEW ERA" аст. Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии зебоии Miss Global Tourism буд.

Восемнадцатилетняя модель из Таджикистана Ёсуман Холова стала первой вице-мисс международного конкурса красоты Miss Global Tourism
Восемнадцатилетняя модель из Таджикистана Ёсуман Холова стала первой вице-мисс международного конкурса красоты Miss Global Tourism

Рақобат барои дарёфти унвони "Miss Global Tourism" 15 рӯз идома дошт. Азиза Қаюмова, бунёдгузори бунгоҳи "NEW ERA" гуфт, ки моделҳо пеш аз роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ дар чанд озмуни дигар, аз он ҷумла аккосии гузинишӣ, ҳамроҳӣ дар барномаҳои расмӣ, ширкат дар барномаҳои хайрия ва намоиши ҳунар, ширкат кардаанд.

340
Барчаспҳо:
намояндаи расмии ширкати Куриё, Фиристодаи сулҳ, пирӯзӣ, Ёсуман Холова, Куриё, Тоҷикистон
Мавзуъ
Модели тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Чин пирӯз шуд
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

650
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

650
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

0
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен