Даниель Рустамов

Даниел Рустамов пас аз "Голос" ва “X-Фактор” дар "Youthvision-2017" сароид

647
(Таҷдидшуда 09:13 16.05.2017)
Даниел Рустамов-ҳунарманди ҷавон ин дафъа Тоҷикистонро дар озмуни байнулмилалии "Youthvision-2017" муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Ӯ дар озмуни сурудхонии "Youthvision-2017", ки авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар Боку баргузор шуд, ширкат карда соҳиби ҷои намоён гардид.

Sputnik Тоҷикистон бо Даниел Рустамов дар бораи ширкат дар озмун ва нақшаҳои оянда суҳбат кард.

Дар озмуни "Youthvision-2017" намояндагони ҷавони 25 кишвари дунё ҳунари худро ба доварон ва тамошобинон нишон доданд. Даниел дар озмун суруди Bruno Mars — Uptownfunk-ро иҷро кард.

Ба қавли ҳунарманди ҷавони тоҷик ӯ дер боз орзу дошт ҳамин сурудро иҷро кунад ва инак ба орзуяш расид.

"Ман дер боз мехостам ин сурудро дар назди тамошобинони бешумор сароям. Дар толор зиёда аз 5000 нафар ҳузур дошт",-гуфт Даниел.

Little bit about Baku performance #youthvision2017 #brunomars #uptonwnfunk #russiansingers @russiansingers @brunomars

Публикация от Даниель Рустамов (@dannyrustamov) Май 14 2017 в 4:45 PDT

 

Барои ин ҷавони тоҷик омодагӣ ба озмуни байнулмилалӣ мушкилие надоштааст, чун аз хурдӣ бо мусиқӣ сару кор дораду таҷрибаи ширкат дар озмунҳои бонуфуз ва фаъолият дар гурӯҳи Новая Эра ӯро боз обутобёфтатар кардааст.

"Ман аввал дар Маскав ва баъд қабл аз озмун дар худи Боку ба ҳунарнамоӣ омодагӣ дидам. Гурӯҳи корӣ ба ман бисёр писанд омад ва фирк мекунам, ки мо дар саҳна хуб ҳунарнамоӣ кардем. Таҷрибаи пешинаам дар Новая Эра ба ман кумак кард",-гуфт Даниел дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ясмина Алидодова, Акс аз бойгонӣ
© Фото : Из личного архива Ясмины Алидодовой

Ба Даниел натанҳо ширкат дар озмун балки тарзи баргузории барнома низ писанд омадааст. Мегӯяд, ки аз Боку бо таҷрибаи ғанӣ баргашт ва сайёҳат дар кӯчаҳои шаҳр барояш ҷаҳони дигареро кушод.

"Ман ҳамагӣ як ҳафта дар Боку будам. Мо ҳам омодагӣ медидем ва ҳам дар кӯчаҳои шаҳр сайёҳатмекардем.  Ба мо ҷойҳои таърихию диданибоби Бокуро нишон доданд. Ман бо ҷавонони зиёде дӯст шудам. То ҳол мо бо ҳам дар алоқаем".

Caspian Sea))) #baku #youthvision #caspiansea

Публикация от Даниель Рустамов (@dannyrustamov) Апр 22 2017 в 6:50 PDT

 

Даниел мегӯяд, шартҳои  озмуни "Youthvision-2017" ба Евровидение бисёр монанд аст. Яъне ҳам овози доварон ва ҳам овози тамошобинон ба назар гирифта мешавад.

"Моро чун дар озмуни Евровидение баҳогузорӣ карданд. Ман дар ин озмун аз байни 25 кишвари дунё мақоми 11-умро гирифтам",-иброз дошт Даниел.

Даниел мегӯяд, ҳар як ҳунарнамоии ӯ танҳо барои машҳур шудан набуда, ба хотири муаррифии  Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ва  кишварҳои хориҷ аст.

"Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, дар кӯҷое набошам ватани худ-Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям",-мегӯяд бо ифтихор ҳунарманди ҷавони тоҷик.

Ба гуфти сароянда, қаблан ӯ дар консертҳои наздимактабӣ баромад мекард ва баъдан бо рафиқаш-Шерзод Латифзода гурӯҳи "One Way"-ро ташкил карданд.

"Мо бо хушнудӣ дар тарабхонаҳо ва клубҳлои замонавии пойтахт баромад мекардем, ба тамошобинон низ писанд буд,-мегӯяд сароянда. —Баъди нокомӣ дар барномаи "Голос" ман шикаста шуда будам, фикр мекардам, ки наметавонам дар Русия номи Тоҷикистонро баланд бардорам".

Даниэл бовар дорад, барои бори дигар ба худ омаданаш нақши аҳлу оилааш хеле бузург аст.

Соли гузашта, ҳунарманди ҷавон дар барномаи "X-Фактор"-и Украина ҳунарнамоӣ карда, бо сурудхониаш тамоми тамошобинон ва ҳакамонрро тасхир кард.

Ӯ дар барномаи "X-Фактор"-и Украина бо суруди Radioactive-и гурӯҳи Imagine Dragons баромад кард.

 

Даниел бо ҳамаи ин дастовардҳояш қаноатманд нест ва мехоҳад бештару беҳтар омодагӣ бинаду боз як бори дигар истеъдоди худро дар озмуни "Голос" санҷад.

Даниел дар айни замон ба сабти албоми аввалини худ машғул аст. Ба ин ҷавони боистеъдод комёбиҳо орзу дорем.

647
Барчаспҳо:
мақоми 11, ширкта дар озмун, Даниел Рустамов, Боку