Духтари тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Се шарти арӯсӣ: тоҷикдухтарон чиро бояд бидонанд

1183
(Таҷдидшуда 20:07 08.06.2017)
Имконнопазир аст, ки духтари тоҷик оши палав пухта натавонад ва ҳамчунин...

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикдухтар будан ифтихор аст, зеро, ба гумони бисёриҳо, нозанинони тоҷик зебову бовафову сахткӯш ва қавииродатарин занони Шарқ ҳастанд.

Вале намояндаи ҷинси латиф будан дар Тоҷикистон кори осон нест. Чун аксари кори хона бар дӯши занон аст. Занони тоҷик хӯроки хушмазза мепазанд, аз ҳамаи аҳли хонавода муроқибат мекунанд ва бе ҳеҷ шикваву шикояте  кори сахти мардонаро ҳам дар набуди шавҳари муҳоҷирашон бар дӯш мегиранд.

Духтарони тоҷикро модарони сахтгиру суннатҳои сахтгиртар аз онҳо ва бархе мамнуъиятҳое, ки онҳо аз хурдсолӣ бо шир аз худ мекунанд, барои чунин зиндагие омода мекунанд.

Абрӯи ночида — нишони дӯшизагии духтари тоҷик

Шояд яке аз аҷибтарин мамнуъиятҳо барои духтарони тоҷик мамнуъ будани чидани абрӯвон то замони хонадор шудан бошад. Муҳим ҳам нест, ки духтар дар чандсолагияш шаҳвар мекунад. Ҳатто агар дар 30-солагияш ҳам хонадор шуда бошад, то он рӯз набояд абрӯвонашро бичинад!

Ин мамнуъият гарчи дар нигоҳи аввал ноҳанҷор менамояд, вале далел дорад.

Нахуст ин ки абрӯвони чидаву борик дар Тоҷикистон нишон аз шавҳардор будани духтарон аст. Агар, масалан, духтаре дар маҳфиле ҷавонеро писанд ояд, он ҷавон нахуст абрӯвонашро менигарад, ки бориканд ё на. Абрӯвон посухи кунҷковии ҷавонро дақиқ медиҳанд. Агар абрӯвон ночида бошанд, духтар шавҳар накарда ва ишораи хубест барои ҷавон то иқдом кунад.

Дувум ин ки ҷуз аз он ишораҳо, начидани абрӯвон ҷандаи дигаре ҳам дорад ки басе муҳимтар аз он аввалӣ аст. Ислом, ки 99 дарсад аз мардуми Тоҷикистон мусулмон ҳастанд, иҷоза намедиҳад, ки ҳар ончиро, ки Худованд офардидааст, дигаргун кунанд.

Ороишу пероиш дар ислом мамнуъ нест, вале бояд ҳадду андозае дошта бошад. Аз ин рӯ, агар ҳам абрӯвонро мечинанд, вале набояд шаклашонро пурра дигар кунанд.

Дидор бо дӯстдошта

Бино бар суннати ҷомеъа, духтарони тоҷик то арӯсияшон набояд бо мардҳо дидору мулоқот дошта бошанд — на гашту гузор дар боғу бӯстон, на шом дар рестурон ва на синамо бо ҳам бираванд, чи расад ба ин ки бӯсу канор дошта бошанд.

Занон дар кӯчаҳои Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
© Sputnik / Сергей Гунеев

Агар шароит чунин сахтгир аст, пас духтарони тоҷик чигуна шавҳар мекунанд? Бисёр сода. Чун ошиқ шудан то арӯсиро ки касе мамнӯъ накардааст. Ва интихоби шавҳарро низ ҳамчунин. Вале барои ҳар тоҷикҷавоне муҳим аст, ки ҳамсараш дӯшизаву пок бошад.

Ӯ бояд ҷисман ва руҳан танҳо ва танҳо моли як мард — шавҳари ояндаш бошад ва бо сабру таҳаммул ӯр оинтизор бошад. Вагарна на танҳо духтар ки кулли хонаводаву табораш бадном хоҳад шуд ва касе ба хостгорияшон нахоҳад омад. Худо накунад, ки вай пирдухтар бимонад. Дар хонаводаҳои суннатии тоҷик духтаронро тақрибан бо ҳамин далоил метарсонанд.

Пирдухтар

Барои модарони тоҷик бадтар аз пирдухтар мондани фарзандашон пешомаде нест. Модарон орзу мекунанд, ки бо пур шудани 18 сол аз дар хостгор дарояду духтарашонро хотсгорӣ кунед.

Худо накунад, ки духтар то 30-солагияш бешавҳар монад. Ва Худо накунад, ки духтар "саркашу бадхӯй" бошад ва на шавҳар кардан, балки таҳсилу кору бор орзӯяш бошад. Чунин духтароне метавонанд то 30-солагӣ ҳам шавҳар накунанд ва эҳтимоли ин ки пирдухтар бимонанд бисёр болост. Дар замоне, ки ин духтар дониш меҷӯяду касбу коре пеша мегирад, ҳамсоядухтари ҳамсолаш метавонад ду — се фарзанд дошта бошад.

Тоҷикон боварманданд, ки замон гаронбаҳотарин неъмат аст ва рафтаҳоро ҳаргиз намешавад бар гардонд. Хонадор шудан ҳам вақту замоне дорад, ки агар духтаре онро аз даст бидиҳад, дари бахташро бастааст. Аз ин рӯ, духтар то сисолагӣ бештар хостгор дорад. Мардони тоҷик ҳам чи ҷавону чи миёнсол, духтарони ҷавонро хуш доранд.

Бегумон дар ин замон на ҳама духтарони тоҷик ин мамнуъиятҳоро дар амал риоя мекунанд, вале ҳама кӯшиш мекунанд пояшонро фаротар аз ин чорчӯба нагузоранд.

1183
Барчаспҳо:
бояд чт гуна бошад, духтари тоҷик, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим: "қарзгирӣ барои тӯй кам шудааст"
Комроншоҳи Устопириён: пас аз тӯй ба мусобиқа меравад
Dolce-и помирӣ: либосҳои Салима барои арӯсу домоди тоҷик дар Маскав
Намоиши мӯд: аз куртаҳои помирӣ то либосҳои панҷакентӣ
Намоиши либосҳои арӯсии итолиёвӣ дар Душанбе
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

4162
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

4162
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

693
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

693

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

0
(Таҷдидшуда 17:57 11.08.2020)
Вуруд ва бурун рафтан аз бозори "Теплий стан" дар шаҳри Маскав муваққатан масдуд гардид. Иллати баста шудани бозор ба шикори муҳоҷирони ғайриқонунӣ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар бозори "Теплий стан" - и шаҳри Маскав алъон рейди кормандони пулис алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷараён дорад.

Даромад ва баромади мардум ба бозори мазкур муваққатан масдуд гардидааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

Зикр мегардад, ки рейди мазкур ба хотири дастгир намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиёда гардидааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршудагоне, ки дар сохтакории як қатор ҳуҷҷатҳо ва мӯҳрҳо машғул буданд, ҳоло дастгир карда мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамкории пулис бо Хадамоти федеролии Русия ва Росгвардия сурат мегирад.

Тибқи гузоришҳои тасдиқнашуда, ин рейд метавонад ба бархӯрди байни муҳоҷирон ва полис дар авоили моҳи август бастагӣ дошта бошад.

0
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Маскав, баста, бозор