Зулайхо Носирова модели тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Модели тоҷик ва модари ду фарзанд бо маҷаллаи Elle қарордод баст

167
(Таҷдидшуда 12:06 03.07.2017)
Модели тоҷик дар рафти озмуни World Beauty Queen 2017 таваҷҷӯҳи масъулини маҷаллаи Elle-ро ба худ ҷалб кардааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Зебосанами 28-солаи тоҷик ва модари ду фарзанд, Зулайхо Носирова, бо маҷаллаи машҳури занона — Elle шартномаи ҳамкорӣ баст.

Чуноне намояндагони Бунгоҳи моделҳои New Era хабар доданд, масъулини маҷаллаи машҳур зимни ширкати Зулайхо дар озмуни зебоии World Beauty Queen 2017, дар Куреи Ҷанубӣ ба ӯ таваҷҷӯҳ кардааст.

"Шартномаи ҳамкорӣ бо маҷаллаи ҷаҳонӣ ягона мувафаққияти модели мо набуда, Зулайхо бар асоси натиҷагирӣ аз озмуни зебоӣ ба феҳристи панҷгонаи беҳтарин моделҳо шомил шудаву унвони "Best Talent" —ро гирифтааст",- хабар дод манбаъ.

Озмуни зебоӣ дар Сеул барои Зулайхо, нахустин ширкати ӯ дар озмунҳои байналмилалӣ мебошад. Вале ба гуфти худи модели тоҷик, дар соҳаи муд ӯ соли чаҳорум мешавад, ки фаъолият дорад.

  • Модели тоҷик бо маҷаллаи Elle шартномаи ҳамкорӣ баст
    Модели тоҷик бо маҷаллаи Elle шартномаи ҳамкорӣ баст
    Sputnik

  • Зулайхо Носирова
    Зулайхо Носирова
    © Фото : Из личного архива Зулайхо Носировой
  • Зулайхо Носирова
    Зулайхо Носирова
    © Фото : Из личного архива Зулайхо Носировой
1 / 5
Sputnik
Модели тоҷик бо маҷаллаи Elle шартномаи ҳамкорӣ баст
167
Барчаспҳо:
шартномаи ҳамкорӣ, Elle, Зулайхо Носирова, Тоҷикистон
Мавзуъ
Модели тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Чин пирӯз шуд
Зебосанами тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Маскав дуюм шуд
Зебосанами тоҷик ба озмуни зебоӣ "Miss Union" ба Боку меравад
Донишҷӯи тоҷик “дилработарин зан” дониста шуд. Дар озмуни зебоӣ
Духтари тоҷик дар озмуни зебоӣ барандаи унвони “Бонуи боиффат” шуд