Погрузка гуманитарной помощи из самолета МЧС РФ в аэропорту Душанбе

Ёрии муҳоҷирон ба ниёзмандони Рӯшон: аз пӯшоку пойафзор то доруву дастгоҳ

1060
(Таҷдидшуда 17:53 07.07.2017)
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав довталабона гурӯҳе созмон дода ва мехоҳанд бо мададкорӣ дар беҳбуди зиндагии ҳамдеҳагонашон дар Кӯҳистони Бадахшон саҳмгузорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. То ин дам гурӯҳи  "Мадад" ба ниёзмандон дар ноҳияи Рӯшон 7 тонна мол фиристодаву дар назар дорад, боз чанд банд кумаки дигарро дар остонаи "Ҷашни Алмосӣ" — 60-умин солгарди имомати пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ба интернати ноҳияи Рӯшон ва кӯдакистонҳову бунгоҳҳои пизишкии ноҳия бифиристад.

Яке аз созмондиҳандагони гурӯҳи  "Мадад", ки аз хоксорӣ аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ин гурӯҳ се моҳ пеш таъсис ёфтааст, вале дар ин муддати кӯтоҳ ҳафт тонна кумак барои ниёзмандон фиристодааст.

"Мо чанд сол пеш мехостем чунин гурӯҳе созмон бидиҳем, вале танҳо имсол даст дод, то ниятамонро амалӣ кунем. Ҳадафи аслӣ аз ташкили ин гурӯҳ ёрирасонӣ ба ниёзмандон аст", — гуфт яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Мадад" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар рӯзҳои аввали ташкили гурӯҳ мо 30 кас будем. Вале бо гузашти се моҳ бархе аз мададкорон аз мо ҷудо шуданд ва акнун мо 11 кас мондем", — гуфт ӯ.

Дар ин муддат ҷавонони хайрхоҳ ба интернати ноҳияи Рӯшон маводи дарсӣ, сару либос, маводи ниёзи аввал фиристоданд.

Ин бор ҷавонон дар назар доранд барои интернати ноҳияи Рӯшон ва ҳама кӯдакистонҳои ноҳия — аз деҳаи Шипад то Ғудара — доруворӣ ва дастгоҳҳои фишорсанҷ бифиристанд.

"Дар оғоз мо бештар пӯшокеро мефиристодем, ки муҳоҷирони муқими Маскав ба мо медоданд. Яке масалан кулоҳ медод, дигаре пойафзор, севум кампали зимистонӣ. Вале акнун бо ниёзмандон дар Бадахшон тамос мегирем ва аз ниёзу камбудашон мепурсему ҳамон ашёро барояшон мефиристонем", — гуфт мусоҳиб.

Накӯкорони гурӯҳи "Мадад" кумакҳои башардӯстонаи худро аз Маскав ба Тоҷикистон бо худравҳои боркаш мефиристонанд.

"Яке аз ҳамгурӯҳони мо бо масъули ширкати таробарие ошност, ки аз Маскав ба Душанбе бор мебарад. Ин масъул моро ёрӣ медиҳад, то борҳоямонро ба мақсад бирасонем, вагарна ҳамлу нақли як килуграм бор беш аз 500 рубл нарх дорад", — гуфт ин ҷавони мададкор.

Ин ҷавонон барои ёрирасонӣ ба ҳамдеҳагон ва беҳбуди зиндагии ниёзмандон дар Кӯҳистони Бадахшон дар Маскав барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ баргузор мекунанд ва даромад аз онҳоро барои мададрасонӣ ҳазина мекунанд.

Ин бор онҳо тасмим гирфтаанд бо ҳамкории созмони "Нур" барномаи фарҳангие ба муносибати "Ҷашни Алмосӣ" — 60-умин солгарди имомати шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ баргузор кунанд. Мусоҳибамон гуфт, ин барнома маърифатӣ буда, рӯзи 7 июл дар рестурони "Белое золото" баргузор мешавад.

Билети он барои коргарон ҳазор рубл ва барои донишҷӯён панҷсад рубл аст. Вале мусоҳибамон мегӯяд, ки "агар касе омада гӯяд, ки ҳеч шароит надорад, мо ӯро ройгон ҳам роҳ медиҳем".

Мададкорон мехоҳанд 70 дарсад аз даромад аз ин барномаро барои хариди доруворӣ барои кӯдакистонҳову бунгоҳҳои пизишкии ноҳияи Рӯшон ҳазина кунанд ва 30 дарсадро барои пешбурди барномаҳояшон дар Маскав ба кор баранд.

"Мо аз ноҳияи Рӯшон оғоз кардем ва мехоҳем то дигар ноҳияҳои ВМКБ кумакамонро расонем. Агар ҳам тавонистем, ба бародаронамон дар он сӯи Панҷ, яъне Бадахшони Афғонистон, низ кумак хоҳем кард", — гуфт дар поён ин ҷавонмард.

1060
Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, Рӯшон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт: ба мақомот кумак кунед
Омодагии Корпоратсияи исломии рушд барои кумак ба ҶТ
Вазорати меҳнат барои баргаштани оилаи тоҷик ба ватан кумак кард
Мадина Акназарова - Бо ту / Madina Aknazarova - Bo Tu (2020) - YouTube

Мадина Ақназарова чеҳраи Tcell интихоб шуд

1601
(Таҷдидшуда 17:57 24.05.2020)
Сарояндаи ҷавон ва машҳури тоҷик Мадина Ақназарова чеҳраи яке аз брэндҳои алоқаи Тоҷикистон Tcell интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик чеҳраи ширкати номдори Tcell интихоб шуда ҳамроҳи ин ширкат бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд.

Дар ин бора ширкати Tcell ва ҳам Мадина Ақназарова дар саҳифааш дар инстаграм хабар додааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@tcell.tj 🎉🙏🏻 Интихоби ман Tcell 😏

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Бино ба гузориши манбаъ, Мадина аз ҷумла дар видеоролике барои пешбурди барномаи "Эко" - барномае барои муштариён, ки маблағи он барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон ҳазина мешавад.

Мадина мардуми Тоҷикистонро барои мубориза бо ин вабои аср даъват мекунад, то ба барномаи "Эко" - и Tcell пайваст шаванд ва дар мубориза бо вируси корона саҳмгузор бошанд, чун қисме аз маблағи ин тарофа ба бунёди мубориза бо коронавирус гузошта мешавад.

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

Ёдрас мешавем, ки пештар Мадина Ақназарова дар аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик ширкат карда ба 50 оилаи ниёзманд кумак расонид.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

1601
Барчаспҳо:
"TCELL", Тоҷикистон, Мадина Ақназарова
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Юбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

901
(Таҷдидшуда 13:33 24.05.2020)
Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар давраи ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 ва арафаи Иди Рамазон дар Тоҷикистон аксияи хайриявӣ роҳандозӣ карданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр нахустин аксияи хайриявии аҳли санъату фарҳанг роҳандозӣ шуда, ба 50 хонаводаи ниёзманд маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Дар аксия Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Зайнура Пулодова, Шабнами Собирӣ, ровӣ ва рӯзноманигор Мубориз Усмонов, Сабринаи Назрӣ ва ғайраҳо ширкат кардаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Аввалин челлендж (аксияи хайрияви) миёни ахли санъату фархангу сухан рохандози намудем. Ташаккур ба ташкилкунандагон : @madinaaknazarova_ @rajahmadofficial @delay_dobro_tajikistan Ин навори таргиби (реклама) ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар рохи анчом додани амалхои хайр аст. Мо дар якчояги кудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз хама миннатдории худро ба хамаи шахсоне, ки челленчи моро дастгири карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем. Ин танхо огози кори мост. Дар челленчхои оянда мо шахсонеро даъват менамоем, ки имконияти моли доранд , мувофики имконият 1, 5 ,10 сомони ба оилахое, ки дар ин давраи вазнин мухточи дастгириянд, ёрдам намоем. Биёед якдигарро дар ин рузхои сахт дастгири кунем. @nurov_a_i @rajahmadofficial @nigina_amonqulova @khujasta.m @mubor1z @zulaykhoofficial @rafaelgulov @shabnamsurayoofficial @shabnami_sobiri @sabrinai_nazri_official @umedjoni_burhon @_rukhshonakarimova_ @safinajon___8 @fatim.9595 @bonu_shop_tj @zaynura_pulodova @showshotime @pulatovagulasal @shahnozirustam.official @soffi_1111_official @delay_dobro_tajikistan

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Ин навори тарғибӣ ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар роҳи анҷом додани амалҳои хайр аст. Мо дар якҷоягӣ қудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба ҳамаи шахсоне, ки челленҷи моро дастгирӣ карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем", - гуфтаанд дар шарҳи аксия сарояндагон ва афзудаанд, ки ин оғози кор буда дар аксияҳои оянда ба ин кори хайр ашхоси доро ҷалб мешаванд.

Кумаки як миллионӣ: ба муҳоҷирони ниёзманди Маскав 37 тонна маводи ғизоӣ доданд

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна мардуми ниёзманд аз дастгирии ситораҳо изҳори шодмонӣ мекунанд ва дар ҳаққи онҳо дасти дуо мебардоранд.

Вазорат омори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 -ро гуфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

901
Барчаспҳо:
кумак, кори хайр, ситораҳо, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Город Хорог, архивное фото

Дар Бадахшон рувуои мардум байни ноҳияҳо маҳдуд шуд

0
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) Тасмим гирифтааст рафту омади шаҳрвандон аз дигар минтақаҳои кишвар ба ин вилоят ва ҳамин тавр, аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон имрӯз дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар ин минатқа гирифта шудааст.

Спирт нӯшем ё на: посухи Шӯрои уламо ба Шероз, ки барои пешгирии коронавирус тавсия пурсид

Вай афзуд, ки маҳдудият  ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумат дигар ба ҳами шаҳрвандон ВМКБ, рабт дорад.

Ғолиб Ниятбеков, таъкид кард, ки ин маҳдудият маҷбурӣ нест.

Бо даъвати Рустам: груруҳи табибони чинӣ барои мубориза бо коронавирус ба Душанбе омаданд

 

“Мақомот ба ҳамаи сокоинон вазъро фаҳмонда, аз сокинону меҳмонон хоҳиш кард, ки ин маҳдудияти мувақатиро риоя намоянд. Мошинҳои боркаш бидуни ягон маҳдудият равуо доранд. Маҳдудият танҳот барои сокинон аст. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки бидуни зарурат аз рафту омад худдорӣ кунанд”, - гуфт ниятбеков.

Вай ҳамчунин илова кард, ки мақомоти ВМКБ ин паёмро ба тамоми мардуми Бадахшон, ки дар ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ ба хусус дар пойтахт зиндагӣ мекунанд расонидааст.

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ 3100 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд.

0
Барчаспҳо:
вирус, Хоруғ, вилоят, шаҳрвандон, маҳдудият, Бадахшон, Тоҷикистон