Спартакиада в честь алмазного юбилея

"Ҷашни Алмосӣ" дар Маскав: гузориш аз бозиҳои варзишии исмоъилиёни тоҷик

638
(Таҷдидшуда 22:49 24.07.2017)
Ҷамоъати исмоъилиёни тоҷики Русия дар Маскав 23 июл дар варзишгоҳи "Янтар" 60-умин солгарди имомати шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро бо бозиҳои варзишӣ ҷашн гирифт

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҷавонони бисёре нерӯи худро дар бозиҳои варзишӣ дар риштаҳои футбол, волейбол, баскетбол, ҷудо, тенис ва варзиши даву майдонӣ санҷиданд.

Варзишгоҳи "Янтар" барои 12 соат размгоҳи варзишкорони тоҷик шуд. Мардум аз субҳ бо аҳли хонавода, ёру дӯстон, пайвандону наздикон ба тамошогаҳ омадаву Ҷашни Алмосиро ба якдигар табрик мегуфтанд. Дар он миён ҷавонон бештар аз ҳама буданд. Яке барои ширкат дар мусобиқаҳо омада буду дигаре барои ҳаводорӣ аз дӯстон ва севум барои ёрирасонӣ ба баргузоркунандагон.

Бояд гуфт, ки барномаро бисёр хуб омода карда буданд. Меҳмононро дар даромадгоҳ аз дарвозаҳои оҳанёб мегузаронданд ва дар нишемангоҳҳо ҷобаҷо мекарданд. Тамошобинон метавонистанд ҳам дар айвонҳо ҷо бигиранд ва ҳам дар сандалиҳо нишаста мусобиқаҳоро мушоҳида кунанд.

Меҳмонҳоро дар ҳар бахше аз варзишгоҳ довталабоне роҳнамоӣ мекарданд. Фазо дар варзишгоҳ чунон самимӣ ва гарм буд, ки гӯё офтоб, ки имсол тобистон Маскавро фаромӯш карда, баргаштаву мардумро бо нураш шод мекард.

Табассум дар лабони духтарони нозукандому паҳлавонони тануманд гул мекард. Бархе бозии волейболро тамошо мекарданду гурӯҳе баскетболро ва ҷамъе низ дафҳояшонро барои бозии ниҳоии дастаҳои футболи "Ишкошим" ва "Рӯшон" омода мекарданд.

Маросими ифтитоҳи расмӣ оғоз шуду сурудҳои миллии Тоҷикистону Русия садо доданд. Тамошобинон ба эҳтироми сурудҳои миллӣ аз ҷой бархостанд.

Суханони табрикотӣ

Дар бахши расмии барнома раиси "Федеросюни муҳоҷирони Русия" Вадим Коженов, раҳбари бахши сиёсати миллӣ ва равобити байналмилалии шаҳрдории Маскав Дмитрий Утлик ва раиси созмони "Нур" Алимамад Боймамадов суханронӣ карданд.

Вадим Коженов,  Дмитрий Утлик и Алимамад Боймамадов на спартакиаде
© Sputnik Ситдиков Рамиль
Вадим Коженов, Дмитрий Утлик и Алимамад Боймамадов на спартакиаде

"Федеросюни муҳоҷирони Русия ҳамеша аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ пуштибонӣ мекунад, бавижа аз барномаҳое, ки созмонҳои "Нур" ва "Помир"  барпо мекунанд. Онҳо чунин чорабиниҳоро бисёр мегузаронанд, барои ин ба онҳо сипосгузорӣ мекунем", — гуфт Коженов.

Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар сханронияш таъкид кард, ки чунин барномаҳо барои пайвастани муҳоҷирони тоҷик ба ҷомеъаи Русия мусоъидат мекунад.

"Варзиш ва фарҳанг омили муҳими муттаҳид кардани инсонҳост. Муҳим аст, ки мо дар Маскав миёни намояндагони миллатҳои гуногун гуфтугӯ ташкил кунем. Ин ки дигарон моро чигуна хоҳанд шинохт ва чи бархӯрде бо мо хоҳанд дошт, ба худамон вобаста аст", — гуфт Боймамадов хитоб ба тоҷикон.

Бӯйи кулчаю оши палав

Мусобиқаҳо дар варзишгоҳ пайдарҳам баргузор мешуданд: то яке ба поён мерасид, дигаре оғоз меёфт. Дар табақаи дувуми варзишгоҳи "Янтар", бонувон чун дар ошхонае ба пухту пази хӯрокҳои миллӣ ва пазироии меҳмонон машғул буданд.

Мизи бонувон аз анвои хӯрокҳо пур буд: ширчой, кулча, бурсоқ, пирошки, шириниву хушкбор, тарабору оши палав — ин ҳама хӯрданиву нӯшиданӣ фазои варзишгоҳро пур аз бӯйи Меҳан мекард.

4,5 ҳазор тамошобин

Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки  варзишгоҳи "Янтар"-ро бо маблағи 800 ҳазор рубл барои як рӯз иҷора гирифтанд ва ҳазинаашро куллан худи тамошобинон ва ширкаткунандгон пардохт мекунанд.

"Аксарият фикр мекунанд, ки Оқохони IV танҳо барои баргузории маросимҳо ва маҳфилҳои исмоъилиҳои Бадахшон сармоягузорӣ мекунад, ки хатои маҳз аст. Шабакаи рушди Оқохон (AKDN) на танҳо барои як миллат ё ҷамоъат, балки барои кулли башар хидмат мерасонад. Масалан, тарҳҳои AKDN дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ шудаанд ва грантҳои ӯ барои ҳама мардумони ҷаҳон ихтисос дода шудаанд. Ин Спартакиадаро мо аз ҳисоби худи тоҷикони Маскав барпо кардем.  Барои пардохти ҳаққи иҷораи варзишгоҳи "Янтар" мо ҳар билетро 300-рублӣ фурӯхтаем", — гуфт Алимамад Боймамадов.

Вай бар ин ақида аст, ки барои нишон додани чеҳраи воқеъии дини ислом ба ҷаҳониён сухан бисёр гуфтан лозим нест, балки бояд коре хайр анҷом дод.

"Бояд бо корҳои нек ба дигарон чеҳраи воқеъии дини исломро нишон дод. Баргузории барномаҳои варзишӣ аз як сӯ агар тағрибу ташвиқи тарзи солими зиндагӣ бошад, аз дигар сӯ имконе мусоъид барои ошноии бештар бо якдигар ва ҷомеъаи Русия аст", — мегӯяд вай.

"Бо ташкили чунин спартакиадаҳо мо кӯшиш дорем, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бештар бо ҷомеъаи Русия ошно кунем ва  фарҳангу ториху ҳунару тавоноиҳои худро ба мардуми рус нишон диҳем", — гуфт Алимамад Боймамадов.

Дар варзишгоҳи "Янтар" беш аз 4,5 ҳазор тамошобин аз гӯшаю канори Маскав ва атроф ҷамъ омада буданд.

Ба пеш, ба сӯи Тоҷикистон!

Ба гуфти Алимамад Боймамадов, варзишгароне, ки дар ин бозиҳо пирӯз мешавад, моҳи август ба вилояти Суғд барои ширкат дар спартакиадаи саросарии Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Волонтер на спартакиаде в честь алмазного юбилея
© Sputnik Ситдиков Рамиль
Волонтер на спартакиаде в честь алмазного юбилея

Беш аз 200 варзишгар, ки дар ин спартакиада беҳтарин шинохта шудаанд, ба вилояти Суғд сафар хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои давидан ба 100 метр аз миёни мардон Пайрав Зумратшоев мақоми аввалро касб карда, ҷои дувум насиби Алинур Пирмамадов ва мақоми севумро Аъзам Шоҳфозилов аз худ кард.

Дар миёни духтарон Раҳима Акбарова, Гулдаста Бахтиёрова ва Маърифат Қурбоншоева аввалин шуда ба марра расиданд.

Дар дави 400-метрӣ дар миёни мардон сегонаи беҳтаринро Пайрав Зумратшоев, Фирӯз Ҷангибеков ва Аъзам Шоҳфозилов пур карданд.

Дар масофаи 1,5 килуметр мақомҳои ҷоиздаор насиби Парвиз Ҳасанов, Ораз Ниёзмамадов ва Азиз Худоёров шуд. Дар давидан ба масофаи 5 килуметр Парвиз Ҳасанов, Ҳамид Мазҳабов ва Шоҳрух Оқоназаров медолҳоро ба гардан овехтанд.

Алимамад Боймамадов бо таъкид ба ёриву пуштибонии шаҳрдории Маскав, сафорати Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки дар оянда дар назар доранд бо ҳадафи бештар ошно кардани шаҳрвандони муқимӣ бо фарҳанги тоҷикон маҳфили "Бӯстон" ташкил кунанд.

"Дар баргузории ҳамаи чорабиниҳо ба мо ҳукумати Маскав ва маркази муҳоҷиратию сафоратти Тоҷикистон дар Русия кӯмак мекунанд".

Дар сабқати волейбол мақоми аввалро дастаи "Ишкошим" гирифта, мақоми дуюмро "Шоҳдара" аз худ кард. Дастаи "Рӯшон" дар ҷои севум қарор гирифт.

Ҷоми футбол ва рақсу суруд

Рақобат барои дарёфти "Ҷоми Нур" ҳанӯз 20 май оғоз шуда буд. Имсол барои ба даст овардани ин ҷом 19 даста аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар байни ҳам рақобат карданд.

Саранҷом дастаҳои "Рӯшон" ва "Ишкошим" ба даври ниҳоӣ расиданд ва тими аввал рақибони худро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, "Ҷоми Нур"-ро соҳиб шуд.

Мақоми дувум дар сабқати футбол аз дастаи "Ишкошим" шуд ва ҷои севумро тими "Боми ҷаҳон" гирифт.

Пас аз анҷоми сабқатҳо ва муайян шудани барандаи "Ҷоми Нур" бахши фарҳангии барнома оғоз шуд. Ин навбат сарояндагони ба саҳна баромада худи футболбозонро ба рақс дароваранд.

Ҳангоме Ноҳид Зайналпур бо гарданбанди миллӣ дар саҳна пайдо шуд, фазои варзишгоҳ ранги дигар гирифт. Ӯ бо мусиқии марғубаш мардумро ба дуриҳои дур бурду бо оҳанги дувумаш мардумро ба шӯр оварду ҳама дар паяш ба рақс даромаданд.

Бозиҳои варзишии ҷамоъати исмоъилиёни Тоҷикистон дар Маскав ба муносибати "Ҷашни Алмосӣ" ба хубиву хушӣ анҷом ёфту мардум бо табъи болида гурӯҳ-гурӯҳ хонаҳояшон равон шуданд.

638
Барчаспҳо:
бозиҳои варзишии ҷамоъати исмоъилиёни Русия, Созмони "Помир", Созмони "Нур", Дмитрий Утлик, Алимамад Боймамадов, Вадим Коженов, Русия-Тоҷикистон
Мавзуъ
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
Даври ниҳоӣ: "Рӯшон" ё "Ишкошим" - кадом даста барандаи "Ҷоми Оқохон" хоҳад шуд?
Барандагони пешини “Ҷоми Оқохон” бозиро бохтанд
Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV": пирӯзии дастаи Сохчарв бар Поршинев
Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад: кӣ бурду кӣ бохт
Оғози сохтусози Бемористони Оқохон дар Хоруғ
Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав
"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав
Шоҳзода Оқохони IV дар Канада Қароргоҳи Маркази ҷаҳонии плюрализмро роҳ меандозад