Дар сохтмон.

Аз сохтусоз то сафорат: донишҷӯёни тоҷики Маскав дар куҷоҳо кор мекунанд

675
(Таҷдидшуда 20:10 28.07.2017)
Донишҷӯӣ аз беҳтарин даврони зиндагии ҷавонон ҳаст. Дар ин давра аст, ки ҷавонон роҳи зиндагии ояндаашонро пайдо мекунанд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Бисёре аз ҷавонон дар ин давра таҳсили илм мекунад, бархе касбу кореро пеш мегиранд, гурӯҳе ҷаҳонгардӣ мекунад, вале ҳама ошиқ мешаванду бархе низ хонавода барпо мекунанд.

Вале донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои  Маскав таҳсил мекунанд, зиндагии дигаре доранд. Бисёре аз онҳо ночоранд на танҳо дар таътилот, балки дар замони таҳсил низ кор кунанду ҳам худро ва ҳам хонаводаашонро таъмин кунанд.

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифааст дар “Соли ҷавонон” дар бораи зиндагии донишҷӯёни тоҷик за саросари ҷаҳон гузориш диҳад.

Шиновар Бекназаров донишҷӯёи соли севуми бахши муҳандисии барқ дар Донишгоҳи давлатии кишоварзии Маскав аст. Ӯ қасд дорад то моҳи сентябр — то оғози соли хониш — кор карда пуле ҷамъ оварад то тавонад китобу дафтару дигар донишафзорҳояшро харид кунад.

Ӯ мегӯяд, ки барои донишҷӯён пайдо кардани кор дар Маскав осон нест.

“Ба куҷое, ки муроҷиат кунӣ, сараввал аз доштани шаҳрвандӣ ва баъд аз ҳуҷҷатҳо (муҷаввизи кор, ки барои донишҷӯён ҷудогона буда на патент, балки иҷозатномаи кор ном дорад) мепурсанд. Вале барои иҷозатномаи корро гирифтан донишҷӯ бояд сараввал қарордоди кориеро ба Маркази чандкораи шаҳрдории Маскав (МФЦ) бибарад, ки онро бидуни иҷозатномаи кор дар ягон ҷо намедиҳанд ”, — гуфт Шиновар ва афзуд, ки қавонини Русия бисёр зидду нақз ҳастанд.

Шиновар Бекназаров донишҷӯи тоҷик
© Фото : Аз бойгонии Шиновар
Шиновар Бекназаров донишҷӯи тоҷик

Вале ба қавли ин донишҷӯи тоҷик, дар аксари маворид доштани таҷриба ва огоҳ будан аз касби худ метавонад донишҷӯро комёб кунад. Вай худ пас аз ҷустуҷӯҳои тулонӣ тавонистааст коре пайдо кунад.

“Ман феълан дар сохтмон кор мекунам. Вақте корфармо бо ман суҳбат кард, донист ки ман аз касбам хуб огоҳам ва таҷриба ҳам дорам. Ӯ маро бе муҷаввизи кор қабул кард ва тарҳеро ба ман вогузор кард. Ман ҳам ду тан аз муҳоҷиронро ҳамкор гирифтам ва тавонистам ҳам худу ҳам онҳоро соҳиби кор кунам”, — мегӯяд  бо ифтихор ин донишҷӯи тоҷик.

Ба гуфти Шиновар, кор кардан дар риштае, ки таҳсил карда бошӣ, ҳам ҷолиб асту ҳам судовар.

“Ман симати муҳандисӣ надорам ва корам кашидани сими барқ ба утоқҳост, ки поинтарин дараҷа дар барқкорӣ аст. Вале ҳеч касе аз симатҳои баланд корашро оғоз намекунад, аз ин рӯ бовар дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ дар заминаи таҳсилиям кор пайдо мекунам”, — гуфт хушбинона донишҷӯи тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Манижа Буйдоқова
© Фото : Из личного архива Манижи Будаковой

Шамсия Ҳукуматшоева донишҷӯи соли чаҳоруми бахши равоншиносӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Маскав аст. Ӯ мегӯяд, ки танҳо барои гузарони вақт ва гуфтугӯ бо одамон дар таътилот кор мекунад.

“Маро падару модарам намегузоранд, ки кор кунам. Вале ман мехоҳам даромади шахсии худро дошта бошам ва таътилотамро беҳуда мегузаронам”.

Шамсия дар ошхонаи ширкати “Тойота” сандуқдорӣ (кассир) мекунад. Ба қавли ӯ, муҳимтарин шарт барои пайдо кардани кор доштани таҷриба аст ва набуди ҳуҷҷат монеъа намешавад.

“Албатта дар ҳама ҷо ҳуҷҷат талаб мекунанд, вале барои корфармоён таҷриба доштан муҳимтар аз ҳуҷҷату санад аст. Ман пештар ҳам дар сандуқдорӣ кардаам ва роҳу равиши ин корро хуб медонам. Аз ин рӯ ин кор бароям ҷолиб аст”, — гуфт Шамсия ва афзуд, ки ҷои кор барояш муносиб аст, чун ниёзе надорад савори нақлиёти умумӣ шавад.

Шамсия Ҳукуматшоева донишҷӯи тоҷик
© Фото : Аз бойгонии Шамсия Ҳукуматшоева
Шамсия Ҳукуматшоева-донишҷӯи тоҷик

Шамсияро ҳамкоронаш хуб мешиносанд ва боре аз ӯ хоҳиш ҳам кардаанд, ки барояшон ягон хӯроки тоҷикӣ омода кунад. Шамсия барояшони қурутоб омода кардааст, ки бисёр писандашон омадааст.

“Мудирамон ҳатто хост, ки  қурутобро дар меню дохил кунем. Ман ҳам розӣ шудам”, —мегӯяд бо ифтихор Шамсия.

Қурутоби омодакардаи Шамсия
© Фото : Аз бойгонии Шамсия
Қурутоби омодакардаи Шамсия

Ӯ афзуд барои ӯ чун барои равоншиноси оянда гуфтугӯ бо мардум ва мубодилаи афкор бо шахсиятҳои гуногун бисёр судманд аст.

Мурод Раҷабеков Донишгоҳи меъмории Маскавро хатм кардаву акнун донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи дӯстии милали Маскав аст.

Ба гуфти ӯ, аслитарин мушкили донишҷӯён дар Маскав камбуди даромад аст. Вале ёфтани ҷои кор на ба доштани мадраки таҳсилӣ ё дигар аснод, балки ба доштани ошноҳо вобаста аст. Мурод дар риштаи корофаринии муҳандисӣ бо ҳазинаи худаш таҳсил мекунад. Ӯ дар ноҳияи Балашиха дар сохтмони манзилҳои баландошёна коргари сохтмон аст.

Мурод Раҷабов
© Фото : Аз бойгонии Мурод
Мурод Раҷабов

“Ман дар бахши шабона таҳсил дорам, аз ин рӯ барои кор кардан вақтам бисёртар аст. Асосан барои пардохти пули қарордоди донишгоҳам, барои зиндаги худ дар Маскав кор мекунам”, — гуфт Мурод ва афзуд, ки барои хонаводааш дар Тоҷикистон ҳам аз пасандозҳояш кӯмак мекунад.

Мурод нақша дорад имсол каме сармоя пасандоз карда соли оянда хонадор шавад.

Ҳангома Ошурбекова донишҷӯи соли чаҳоруми Академияи байнуамилалии Маскав дар бахши забоншиносӣ ва мудирияти байналмиаллӣ таҳсил мекунад. Ҳангома мутарҷими забони инглисӣ аст. Ин донишҷӯи тоҷик то андозае муваффақ ҳам шудааст. Ӯ дар бахши равобити умумии сафорати Баҳрайн кор мекунад.

“Ман аз ҷои корам бисёр розӣ ҳастам. Нахустин бор ман ба ин ҷо дар соли дувуми донишҷӯиям омада будам. Вақте масъулин забондонии маро диданд, маро боз ба кор даъват карданд. Ва ман дар соли севуми донишҷӯиям аз бахши рӯзонаи донишгоҳ ба бахши шабона гузаштам. Акнун панҷ рӯз кор мекунаму дар рӯзҳои таътил дарс мехонам”, — гуфт Ҳангома дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳангома Ошурбекова
© Фото : Аз бойгонии Ҳангома
Ҳангома Ошурбекова

Ба қавли Ҳангома, дар ҷои кор аз ӯ ягон ҳуҷҷате ҳам талаб накардаанд, фақат як санаде аз донишгоҳ дар бораи таҳсилаш лозим шудаасту бас.

Монанди Шиновару Шамсия ва Муроду Ҳангома дар Русия чандин ҳазор ҷавонони дигар ба сар мебаранд, ки бархе аз онҳо донишҷӯ ҳастанду аксарашон муҳоҷири корӣ.

Вале мақсади ҳамаи онҳо як аст — кумак кардан ба падару модар ё хоҳару бародаре, ки дар Тоҷикистон ба иллати набуди кор ба музди моҳиёнаи онҳо чашм дӯхтаанд.

675
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷират, Маскав
Награждение, архивное фото

Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"

509
(Таҷдидшуда 16:52 23.11.2020)
Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Наследие" сазовор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизиони "Тоҷикистон", Карим Ҳайдарро бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ мекунанд.

Қарори мукофотонидани шоири тоҷик дар Иттифоқи нависандагони Русия қабул гардид.

Ба гуфти шоир, ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад. Ин маросим баҳори соли 2021 бо ширкати фаъоли ҷамъиятӣ Мария Романова баргузор мешавад.

Қайд мекунем, ки ин дуввумин ҷоизаи шоир дар соли 2020 мебошад. Пештар шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардид.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Шарҳи ҳоли Карим Ҳайдар

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.

Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.

509
Барчаспҳо:
нишон, медал, шоир, Карим Ҳайдаров
Сцена из спектакля «Тартюф» (реж. Б. Миралибеков) Государственного таджикского русского драматического театра имени Вл. Маяковского. Фестиваль русских театров в Москве

Чӣ гуна ҳунармандони Душанбе тамошобинони Маскавро тасхир карданд

314
(Таҷдидшуда 11:50 21.11.2020)
Театри русизабони Тоҷикистон тавонист дар даврони ҳамагирии коронавирус тамошобинони Маскавро бо саҳнаҳои классикӣ шод кунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафари ҳунарӣ дар шароити пандемия мушкил аст - марзҳо баста ё замони убури сарҳад риояи карантин ҳатмӣ мешавад.

Дар пасманзари баста будани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия сафари ҳунарии хориҷ чанд маротиба лағв мешуд, вале дар охир кормандони театри ба номи В. Маяковский тавонистанд ба Русия бирасанд.

"Мо то охир умед доштем, ки метавонем биёем. Вале рӯзҳои охир вақте гуфтанд, ки дар Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ манъ мешавад, дар воқеъ хавотир шудем. Вале мо тамринро идома медонем ва бо дастгирии ВУХ Русия ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мо тавонистем сафар кунем", - нақл мекунад, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, директори театри Маяковский Мунира Дадаева.

Вале ҳамагирии коронавирус тағйироти худро ворид кард. Ҳунармандон дар доираи ҷашнвораи "Сафарҳои бузург" бояд дар Ярославл, Киров ва Йошкар-ол ду саҳнаро бозӣ мекарданд. Вале дар ватани театр шаҳри Ярославл ба далели маҳдудияти карантинӣ баргузории барномаҳои фарҳангиро манъ карданд ва сафарро ба Маскав ба саҳнаи театри Еt Cetera ва "Современник", яке аз театрҳои машҳури кишвар гузарониданд.

Албатта бозӣ кардан дар театри Маскав дар шароити нав баргузор шуд - яъне толор бояд танҳо 25 дарсад пур мешуд ва ин навгониҳо ҳунармандонро ҳаяҷонзада кард.

"Албатта ҳар ҳунарманд мехоҳад дар толори пура за тамошобинон ҳунарнамоӣ кунад. Вале маълум аст, ки дар сурати ба саҳна баромадан тамошобинон чӣ гуна ҳунармандро пешвоз мегиранд. Ва моро толор бисёр гарм ва самимӣ пешвоз гирифтанд, - мегӯяд Дадаева. Росташро мегӯям - ҳайрониҳо буданд. Дар саҳнаи театри Лоҳутӣ девораҳо ба таври дигар гузошта шудаанд ва мо маҷбур шудем бархе аз лаҳзаҳои саҳнаро каме дигар ба саҳнаи ин ҷо мутобиқ кунем. Албатта мо ҳаяҷонзада шудем. Ин ку театри "Современник" аст. Хушбахтона ҳамааш хуб гузашт, умедворам ба маскавиҳо низ писанд омад".

Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Из личного архива Мохпайкар Еровой

Саҳна натанҳо ба маскавиҳо балки ба дигар тамошобинон низ, ки ҳунармандони тоҷик намоиш доданд, писанд омад. Ҳам ҳунармандон ва ҳам костюмерҳо аз таҳти дил кӯшиш кардаанд. Пӯшокҳои асри миёнаро чунон моҳирона омода кардаанд, ки рӯҳияи он замонро нишон медиҳад. Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунармандони машҳури Тоҷикистон - Мустафоев, Ярмолик, Шукурова, Мурзинов, Андамбеков, Дадаева ва Бобоев бозиданд.

"Мардуми Киров моро бисёр гарм истиқбол карданд. Толорҳои пур аз тамошобинон моро барои бозӣ рӯҳбаланд мекарданд, то Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ кунем", - гуфт ҳунарманд Мустафоев бо таассуф аз он, ки танҳо ду маротиба саҳна намоиш дода мешавад.

Барои ҳунармандони ҷавон сафар ба Русия нахустин сафари ҳунарӣ буд ва намоишномаи театри ба номи Маяковский аз саҳнаи аслияш каме фарқ мекард.

"Мо "Ҳамлет" ва "Тартюф" - ро ба таври муосир рӯи саҳна гузоштем, махсусан пӯшокҳо ва декоратсияҳо. Ё масалан намошномаи Молер, ки ҳама дидани як персонаж Тартюфро одат кардаанд, вале дар намоишномаи мо ду персонаж нақш офарид. Дар умум зимни ҳунарнамоӣ дар назди тамошобинони Маскав ҳаяҷонзада мешавӣ, чун талаботи мардуми ин ҷо бештар аст. Мо доим ба ҳар намоиши худ хуб омодагӣ мебинем, вале ин ҷо ҳаяҷон бештар аст", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон директори театр.

Ба гуфти ӯ ширкат дар фестивали "Болшие гастроли" - (Сафарҳои бузург) дар давраи ҳамагирии коронавирус дар воқеъ як нафаси тоза аст. Коронавирус натанҳо ба кори театр таъсир кард, балки ба барномаи онҳо низ тағйирот ворид намуд. Ҳамин тавр, ин замон дар театр саҳнаҳо барои кӯдакон ба намоиш гузошта намешаванд, чун волидон аз тарси сироят шудан ба коронавирус фарзандонашро дигар ба театр намебаранд.

Вале тарафи хубияш ҳам ҳаст. Ба мавҷи дуюми коронавирус нигоҳ накарда, тамошобинон пас аз чандин моҳи танаффус ташнаи ҳунар шудааанд ва эълонҳоро бодиққат пайгирӣ мекунад.

314
Барчаспҳо:
Маскав, тамошобинон, Театри Маяковский, театр

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон