Аброр Назаров, архивное фото

Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

1436
(Таҷдидшуда 01:07 05.08.2017)
Аброр Назаров, фарзанди устод Далер Назаров, бовар дорад, ки гирди номи падар гаштан хислати мардона нест ва ҳар касе дар зиндагӣ бояд бори худро ба манзил расонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Қарор буд, ки бо Аброр Назаров дар Парки марказии фарҳангии шаҳри Маскав мулоқот кунем. Ҳамроҳи аксбардорамон Стас,  ӯро дар назди истгоҳи метро интизор шудему, расо дар замони муқарраршуда, соати 14:00 рӯзи 3 август Аброр ҳамроҳи ҳамсараш пайдо шуд.

Аз чеҳраи Аброр ва ҳамсараш Шаҳло ҳувайдо буд, ки ин ду дилдода пас аз солҳои ҷустуҷӯ якдигарро пайдо кардаву ба висоли ҳам расидаанд.

Аброр Назаров с супругой, архивное фото
© Sputnik Стас Этвеш
Аброр Назаров с супругой, архивное фото

Чанде пеш Аброр дар рӯзи зодрӯзи ҳамсараш таронаеро ба забони шуғнӣ бо унвони "Ай му дилсуз" (Аё дилсӯзи ман) ҳам барояш тақдим карда буд. Аз ин рӯ суҳбатамонро аз интихоби туҳфа барои Шаҳло ва эҷоди таронаи "Ай му дилсуз" оғоз кардем.

Аброр Назаров: Ман дар интихоби туҳфа чандон салиқаву маҳорат надорам. Вале Шаҳло дар зиндагии ман нақши беандоза дорад. Ӯ бонуи дӯстдошта, ҳамсари меҳрубон, ва муҳимтарин шахс дар зиндагии имрӯзаи ман ҳаст. Аз ин рӯ, мехостам ва ният доштам дар зодрӯзаш як туҳфаи ғайриоддӣ барояш тақдим кунам.

Шаҳло дар хоб буду ман нигоҳаш мекардам ва ду мисраъи аввали ин суруд — "Узум хуδманд ту дӯнд винт, ай му дилсуз" (Ман дар хобам танҳо туро дидам, дилсӯзам) худ ба худ дар зеҳнам чарх зад. Чун ман дар шеъргӯӣ чандон ҳунаре надорам, зуд ба дӯстам шоъир Сафо Алиназар занг задаму ин мисраъро барояш хондаму гуфтам шеъе бо ин матлаъ мехоҳам. Ӯ гуфт, ки манзурамро фаҳмиду пас аз як рӯз шеърро бароям фиристод. Онро ки хондам, шигифтзада шудам, ки то чӣ андоза ӯ эҳсоси маро нисбат ба ҳамсарам дақиқу пурра ба риштаи назм кашидааст.

Он шеърро бо бародарам Меҳрубон Назаров, ки дар Алмаато зиндагиву кор мекунад, оҳангаш бастем. Ин нахустин таронаи ман аст, ки дар он тори рубобнавози беҳамто Иқбол Завқибеков ҷӯр шудааст.

Қиссаи ишқ

Sputnik Тоҷикистон: Чигуна бо Шаҳло ошно шудед?

Аброр Назаров: Ошноии мо достонест шигифтовар. Ман бо Шаҳло дар шабнишиние ошно шудам. Ман он замон тоза аз Алмаато ба Маскав баргашта будам ва пас аз иҷрои барномаҳои консертӣ ва сабти таронаҳо чунон хаста будам, ки аслан ҳавои ишқу ошиқиву ҳамсарҷӯӣ дар сарам набуд.

"Фикр мекардам, ки бояд чунон ки бояду шояд тафреҳу истироҳат кунам, вале….", — роздорона табассум мекунад Аброр.

Қисса чунин шуруъ шуда буд. Яке аз дӯстонам маро ба шабнишинӣ фаро хонд. Ман ки хеле хаста будам, аввал розӣ нашудам, вале ӯ якравӣ карду омада маро ба зӯр аз хона кашида берун бурд. Ман гуфтам, бошад, мераваму зуд бармегардадм. Ӯ ҳам бо лабханде гуфт бошад.

Омадему хона даромадем. Онҷо пур аз ҷавонону духтарони хуштипу зебо буд. Ҳама маро гарм пешвоз грифтанд. Нишаста будем, ки чанд бор аз ошпазхона садои хандаи духтаре ба гӯшам расид, ки бисёр дилчасп буд. Ба худ гуфтам, Худоё, ин кӣ бошад? Ошпазхона даромада дидам, ки Шаҳло остинҳояшро бар задаву рӯи миз ҳафт — ҳашт гуна хӯриш омода кардаасту манту мепазад. Мо ки пештар низ якдигарро мешинохтем, салом кардему ғайри интизор ҳамдигарро ба оғӯш кашидем.

Ҳамин чанд лаҳза ҳама зиндагии маро дигаргун кард. Ҳангоме ки якдигарро раҳо кардем, дидам, ки дар шонаи ростам сафедӣ аз гарди орд боз мондааст.

Ман ки шугунҳоро бовар мекунам, ин гардро ба фоли нек гирифтам. Зеро мардуми Бадахшон замоне, ки домод барои бурдани арӯсаш ба хонааш медорояд, арӯс ба нияти оғози зиндагии нав ба бахти сафед ба шонаи шавҳараш орд мепошад.

Пас аз ин дидор, ман дигар тасмимамро гирифтаму ба Шаҳло занг зада ӯро ба мулоқот даъват кардам ва бад-ин сон бо хости Худову амри дил мо ба висоли ҳам расидем. Ҳоло дар Маскав зиндагии хубе бар по кардаему аз тақдирам бисёр розӣ ҳастам.

Sputnik Тоҷикистон: Барои Шумо хонавода муҳимтар аст ё касбу кор?

Аброр Назаров: Медонед, дар дунё ду гуна ҳунарманд вуҷуд дорад: яке гурӯҳест, ки ҳунарро чун вазифа ва фаъолият барои дарёфти музде ё подоше пеша мекунад ва дигар гурӯҳе, ки ҳунарро чун роҳи зиндагӣ интихоб мекунад. Ман аз ин гурӯҳи дувум ҳастам. Бароям ҳунару хонавода инҳамонанд. Вале ҳамсари ҳунарманде аз гурӯҳи дувум будан кори осон нест.

Аммо ҳамсарам Шаҳло дар ин роҳ маро бисёр ёрӣ мекунад. Ӯ ҳаст, ки ман хушбахтам. Ҳангоми ошноӣ бо ӯ, ман дар чеҳраи ӯ симои модарамро дидам. Зане, ки оғози модарӣ дорад, дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ бо ту мемонад. Ман бисёр хӯву хавоси баде дорам. Бисёр эҳсосотӣ ҳастам. Метавонам барои як сухани беҷо рӯзҳо абрӯ чину рӯй турш кунам ва танҳо Шаҳло метавонад маро сари ҳол биёрад.

Sputnik Тоҷикистон: Дар кӯдакӣ ҳам ҳамингуна будед?

Аброр Назаров: На, дар кӯдакӣ ман писари ороме будам. Чунон ором будам, ки ҳар рӯз аз мактаб бо сару рӯи кӯфтаву кабуд бар мегаштам. Вале як рухдод зиндагиямро тағйир дод.

Дар сохтмоне, ки зиндагӣ мекардем, ҳамсояе доштам, ки бузургсолтар аз ман буд. Бисёр бачаи ором буд ва худаш дар таҳхонаи сохтмон як машқгоҳ ташкил карда буд, ки он ҷо ҳам худашу ҳам рафиқонаш ба варзиши бадансозӣ ва муштзанӣ машғул мешуданд. Рӯзе, ки ман боз ҳам "чашмкабуд" аз мактаб баргаштам, ӯ наздам омаду пурсид, ки чӣ шудааст? Ман аҳволро ба ӯ боз гуфтам ва ӯ гуфт, ки намехоҳӣ посухашонро бидиҳӣ? Гуфтам, ки наметавонам ҷанг кунам. Пурсид: мехоҳӣ ёд бигирӣ? Гуфтам, бале!

Аз ҳамон рӯз ман машқ карданро оғоз кардам. Ҳар рӯз варзиш мекардам ва дигар акнун дар мактаб ҳеч кас наметавонист маро мушт занад. Дар кӯдакӣ ман аслан фикр ҳам намекардам, ки овозхон шавам.

Sputnik Тоҷикистон: Чӣ шуд, ки шумо варзишро як сӯ гузоштеду ҳунарро пеша кардед?

Аброр Назаров: Боз ҳам шугуне дидам. Рӯзе аз варзиш бар мегаштам, ки дидам гурӯҳе аз ҷавонон дар ҳавлиамон гирд омадаву Нӯш ном ҷавоне дар миёнашон гиторнавозон сурудеро мехонад. Маро аз гиторнавозӣ ва овозхонии Нӯш чунон хуш омад, ки давон назди падарам рафтаму гуфтам, падарҷон, мехоҳам навозанда шавам.

Падарам хушҳол шуд, вале бо ҷиддият ба ман нигаристу пурсид: оё ин тасмимат ниҳоист, оё аз интихобат пушаймон намешавӣ? Гуфтам не, тасмимам ниҳоист. Гуфт, метавонӣ аз барои мусиқӣ аз алоқамандиҳои имрӯзаат даст бикашӣ? Гуфтам, метавонам. Гуфт: ёру дӯстон, гашту гузор, озодиро метавонӣ ба хотири мусиқӣ канор бигзорӣ? Гуфтам, бале.

Аз он рӯз маро падарам ба олами мусиқӣ ворид кард. Ӯ бисёр-бисёр сахтгир буд. Ман чун дигар ҷавонон дигар ба дискоклуб ё гашту гузору диду боздидҳо намерафтам. Зиндагиям дар чордевори хона банд буду гитор ҳамроҳу ҳамрозам.

Ёд дорам замоне ошиқи духтаре шудаму падарам гиторро аз дастам гирифт. Ӯ се моҳ бо ман гуфту гузоре накард. Он рӯзҳо барои ман бисёр сахт гузаштанд, вале ман боз баргаштаму зиндагиям ба риволи пешин баргашт.

Sputnik Тоҷикистон: Пеш аз ин падаратон шуморо бо худ ба консертҳо намебурд?

Аброр Назаров: На. Пеш аз ба мусиқӣ рӯ оварданам падарам дар ҷаҳони мусиқии худ ба сар мебурду ман дар ҷаҳони варзишам.

Sputnik Тоҷикистон: Ҳунарнамоиятон аз кай оғоз шуд?

Аброр Назаров: Ман пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи ҳунари шаҳри Душанбе супурдам ва дохил шудам. Вале падарам, ки он замон дигар дар Алмаато ба сар мебурд, занг заду гуфт, ки бояд ҷомадонамро ҷамъ кунаму ба Қазоқистон биравам. Ман ҳам ночор донишгоҳро як сӯ гузошта ба назди падарам рафтам. Ва дар Алмаато ҳамроҳи падарам ҳунарнамоӣ мекардам.

Сипас боз ба Тоҷикистон баргаштаму дар гурӯҳҳои "Сарез", "Зафар Банд" ва чанде дигар навозандагӣ мекардам.

Sputnik Тоҷикистон: Вале саранҷом овозхониро пеша кардед?

Аброр Назаров: Бале, чун пас аз ҳунарнамоӣ дар бисёре аз ин гурӯҳҳо мавориде пеш меомаданд, ки ману дигар аъзои гурӯҳ наметавонистем якдигарро хуб дарк кунем. Яке суруд мехост, дигаре ҳунарнамоӣ, севумӣ сафарҳои ҳунариро хуш дошт. Рӯзе ман назди падарам баргаштаму гуфтам, ки ман дигар бо гурӯҳ ҳунарнамоӣ карда наметавонам. Ӯ гуфт, пас вақти он расида, ки худ роҳи ҳунариятро пеш бигирӣ.

Sputnik Тоҷикистон: Оё дар 18 соли навозандагӣ суруд ҳам иҷро мекардед?

Аброр Назаров: Гаҳ-гоҳе месурудам. Сурудҳо ҳам доштам, вале онҳоро ҳама сурудҳои кӯдакона медонистанд. Саранҷом ҳамаи сурудҳоямрро ҷамъ кардаму сурудам. Ёд дорам чигуна нахустин сурудам "Это ты" (Ин туӣ)-ро суруда будам. Ин сурудамро оҳангсозу овозхонии номии қазоқ, дӯсти деринаи падарам шодравон Ботирхон Шукенов омода карда буд. Ӯ бо бародарам Меҳрубон Назаров, ки ҳамеша дар ҳама кор маро ёрӣ мерасонад, ин суруди маро комил карданду он нахустин бор дар радиои "Ватан" пахш шуд. Чун ин суруд ҳаводоронашро пайдо кард, ман ҳам аз паи эҷоди дигар сурудҳо шудам. Пас сурудҳои "Ду дилбар", "Ашки чашмот", тарҳи мусиқоии "Амак дар хона", ҳамроҳ бо бародаронам Парвиз  ва Меҳрубон "Машам "творчески" одам",  "Ай му дилсуз" ва дигарҳоро сабт кардем.

Sputnik Тоҷикистон: "Ашки чашмот" — суруди сол интихоб шуд?

Аброр Назаров: Бале, ман чанде пеш дар Душанбе будам. Суруди "Ашки чашмот" суруди сол шинохта шуд. Ин пирӯзӣ маро хушнуд кард, вале бояд бештар эҷод кард.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо ба чаҳор забон суруд месароед, оё эҳсосот ҳангоми иҷрои ин сурудҳо яксон аст ё ки муҳимтар мусиқӣ аст, на матн?

Аброр Назаров: Ман ба забонҳои шуғнӣ, тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ суруд иҷро мекунам. Мусиқӣ, оҳанг, матн инҳо ҳама як организм, созвораҳои як ҷаҳони комил ҳастанд. Вале вақте ман ба забони инглисӣ суруд иҷро мекунам, эҳсосотам бароям чандон рӯшан нест. Дуруст аст, ки мусиқӣ на марз дораду на забон, вале ҳар боре ман ба забони шуғнӣ суруд месароям, вуҷудамро эҳсосе фаро мегирад, ки бозгуфтанашон душвор аст.

Sputnik Тоҷикистон: Аброр, чун шумо овозхониро роҳи зиндагӣ интихоб кардед, оё дар ҷаҳони имрӯза таъмин кардани хонавода ва ҳамзамон машғул шудан ба мусиқӣ душвор нест?

Аброр Назаров: Албатта, душвор аст. Имрӯз барои овозхон ва бавижа барои сарояндагони тоҷик фақат ду роҳи ба даст овардани музд вуҷуд дорад — яке сурҳо ё ҷашнҳои арӯсӣ ва дигаре сафарҳои ҳунарӣ ё консертҳо.

Sputnik Тоҷикистон: Шумо ҳам ба сурҳо меравед?

Аброр Назхаров: Вақте дар Тоҷикистон будам, бо гурӯҳҳоямон дар сурҳо ҳунарнамоӣ мекардем. Замоне, ки Масква омадам, як-ду сол пеш, дар чанд суре аз ҳамшаҳриҳоямон дар Маскав ҳунарнамоӣ карда будам. Вале маро муносибати мардум бо мусиқӣ дилгир кард. Мардум имрӯз мусиқиро гӯш намекунанд. Барои онҳо муҳимаш ягон мусиқи баланди гӯшхароше ҳаст, ки онҳо битавонанд дар он даст ҷунбонанду покӯбӣ кунанд. Вале сурудҳои ман барои ин гурӯҳ аз мардум омода нашудаанд. Ман бо сурудҳоям қиссаи зиндагиамро нақл мекунам. Ин сурудро пур аз эҳсосот аст. Ин зиндагии ман аст. Аз ин рӯ ман аз ширкат дар ҷашнҳои арӯсӣ даст кашидам.

Sputnik Тоҷикистон: Барои ҳамин Душанберо тарк кардед?

Аброр Назаров: Сафарам ба Русия ду сабаб дошт. Яке ин ки бояд инҷо дармон мегирифтам ва дувум — пайгирии роҳи ҳунар ва рушд кардан. Дар Душанбе барои сурудани таронаи нав сароянда бояд ба таҳиякунанда пуле диҳад, то сурудеро, ки бо хуни дил хӯрдан эҷод карда, бисарояд. Ман аз чунин бархӯрд бо мусиқӣ ва ҳунарпеша дилгир шудам. Барои ҳамин Душанберо тарк кардаму роҳи Маскавро пеш гирифтам.

Sputnik Тоҷикистон: Дар Маскав ба чи кор машғулед?

Аброр Назаров: Ин ҷо имконот бисёр аст. Баргузории консерт ҳам осонтар аз Душанбе аст. Ман инҷо чанд шогирде дорам, ки барояшон гиторнавозиро ёд медиҳам. Худам ба эҷоди таронаҳои нав машғулам. Дар зиндагиям сафҳаи тозае боз шуд. Ман хонадор шудам ва қиссаҳову сурудҳо ҳам аз сафҳаи нави зиндагиам ҳамакнун мебароянд.

Sputnik Тоҷикистон: Боре ҳам фикр кардаед, ки сабки падаратон Далер Назаровро бигиред?

Аброр Назаров: На. Ман мехоҳам, ки бори худамро дар роҳи зиндагӣ ба макон бирасонам. Падарам ҳунарпешаи нотакрор аст. На ҳар касе ҳам метавонад роҳи Далер Назарро биравад. Ман аз падарам ҳарчи бигӯям, кам аст. Ман ҳарчи дорам — ҳунар, рафтор, кирдор, пиндор, муносибат, сухангӯӣ — инҳо ҳамаро аз мактаби падарам омӯхтаам.

Вале ҳар кас дар зиндагӣ бояд бори худро бибарад. Он кореро, ки падарам мекунад, ман агар талош кунаму хоҳиш ҳам дошта бошам, аз уҳдааш бар намеоям. Ман роҳи худамро дорам. Мусалламан, ман бояд чизеро ба намоиш бигзорам, ки дигаргуна бошад. Ва ҳамин чиз зиндагии ман аст. Зиндагии ҳар як инсон нотакрор аст. Пас бояд онро қисса кард. Онро бояд суруд.

Sputnik Тоҷикистон: Оё мухолиф нестед, ки фарзандонатон дар оянда бо роҳи шумо бираванд?

Аброр Назаров: Комилан мухолифам. Ман аз сидқи дил орзу мекунам, ки фарзандонам овозхон ё ҳунарпеша нашаванд. Ин бисёр кори мушкил аст, пурмашаққат аст. Вале мо намедонем, ки фардо чӣ мешавад. Шояд назари одамият пас аз чанд соли дигар ба дунё дигар шавад, мусбат шавад, тағйир ёбад. Шояд пас аз чанд сол муносибати одамон ба мусиқӣ дигар шавад. Агар фарзандонам худашон дар оянда интихоб кунанд, ман роҳи онҳоро намегирам, онҳоро дастгирӣ мекунам, вале худам ҳеч гоҳ тавсияашон намедиҳам, ки овозхон шаванд.

© Sputnik Стас Этвеш
Аброр Назаров: я не хочу, чтобы мои дети ушли в творчество

Sputnik Тоҷикистон: Шуморо дар роҳи ҳунар кӣ бештар дастгирӣ мекунад?

Аброр Назаров: Ҳамсарам, падарам, бародаронам Меҳрубон, Парвиз, Даврон. Онҳо ҳама касоне ҳастанд, ки маро ҳамеша дар ҳама гуна ҳолат дастгирӣ мекунанд.

Sputnik Тоҷикистон: Сурудҳои муштарак ҳам бо Парвиз доред ва тарҳи махсусе ҳам "Маки дома". Ин чӣ тарҳест?

Аброр Назаров: Ооо…. "Маки дома"… Макидома қабилаеро дар Африко ва хӯрокеро дар Ҷопон меноманд, вале муҳимтар аз он "Макӣ" дар забони шуғнӣ "амак"-ро гӯянд ва "Маки дома" суханбозие аз шуғниву русӣ аст ба маънои "Амак дар хона аст". Амак ки дар хона буд, яъне ҳама кор хуб мешавад.

Раванди эҷоди сурудҳо нахуст дар скайп сурат гирифт ва сипас бародарзодаҳо аз шаҳрҳои Маскаву Калининград ба Алма-Ато омада, дар студияи сабти садои Парвиз Назаров онҳоро сабт кардем. Тамоми кор ду моҳ идома карда ва дар моҳи ноябр аввалин суруди ин албом пахш шудааст. Аброр Назаров мегӯяд, матну оҳанги тамоми сурудҳоро Далер Назаров ва бародарзодаҳои ҳунарманд якҷоя эҷод кардаанд.

Sputnik Тоҷикистон: Соли 2016 Шумо ҳамроҳ бо Далер Назаров, Парвиз Назаров ва Ситора Назарова консерте дар остонаи Наврӯз дар Маскав барпо кардед. Ҳунарнамоии худатонро кай дар Маскав интизор шавем?

Аброр Назаров: Замони пеш овозхон як соли умри худро дар як консерт мегунҷонд. Ӯ ҳама ҳодисотеро, ки дар як сол аз сараш мегузашт, ба қалам медоду бо оҳангу суруд назди мардум бозгӯӣ мекард. Аз дарди дилаш ҳикоя мекард. Ҳоло чӣ? Ба ростӣ ҳама маро мегӯянд, ки бояд консерте бидиҳам. Дар Маскав ташкил кардани консерт нисбат ба Душанбе бисёр осон аст. Вале ман намехоҳам, ки консертам дар сатҳи на чандон хуб баргузор шавад. Мехоҳам ҳамааш дар сатҳи олӣ гузарад. Барои ин бояд сармоягузорӣ бошад, ки толори хуб, навозандагону созҳову дигар лавозимоташро омода кунад.

1436
Мавзуъ
Далер Назаров дар "Боми ҷаҳон" ҳунарнамоӣ мекунад
Устод Далер Назаров сафҳаҳои расмияшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боз кард
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

232
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

232
Музаффар Имомдод

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

3510
(Таҷдидшуда 15:19 23.06.2020)
Музаффари Имомдод, ризокор, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Цавор куен" (Чор кӯҳ) дар Facebook дар бораи вазъи COVID - 19 дар ВМКБ, кумаки хайрхоҳон ва 11 соли ихтиёрӣ буданаш гуфт

ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Музафари Имомдодро корбарони Facebook чун шахси фаъоли ҷамъиятӣ ва ризокори ҳамеша омодаи кумаку ёрӣ мешиносанд. Ӯ аз рӯзҳои аввали шуюи COVID - 19 дар Тоҷикистон, ба хайрхоҳон муроҷиат карда, бо маблағи ҷамънамуда ба табибони Суғду, Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кард.

Ҳар рӯз дар саҳифааш дар Facebook наворе дар бораи расонидани кумак ба табибони ин ё он минтақаи кишвар пайдо мешавад. Чун худи ӯ мегӯяд, "бояд хайрхоҳон бидонанд ва бубинанд, ки маблағи онҳо дар куҷо ва чӣ гуна ҳазина мешавад".

Аз Русия то Африқо

Дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 расман 15 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардид. Пас аз як рӯз Музаффар бо наворе барои ҷамъ овардани маблағ барои кумак ба пизишкон ба мардум муроҷиат кард. Ба гуфти ӯ бародарони саховатпеша аз Русия то Африқо занг мезаданду маблағ равон мекарданд.

"Аввал бародарон аз Русия ва аз худи Тоҷикистон кумак карданд. Баъдтар аз Олмон, Африқо, Амрико ва дигар кишварҳо низ маблағ равон карданд. Пас аз се рӯзи муроҷиат мо маблағи ирсолкардаро гирифта, 70-дона либоси вижаи муҳофизатӣ харидем ва ба пизишкони навоҳии гуногун аз Ҷилликул то шаҳри Хуҷанду Ёвон расонидем. Пули равоннамудаи хайрхоҳон дар умум наздики 50 ҳазор сомонӣ шуд. Аз ин маблағ аз номи ризокорони ВМКБ ба зарадидагони фоҷиаи Хуросон 10 ҳазор сомонӣ равон карда шуд", - гуфт Музаффар.

Музаффар аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки мардуми тоҷик ҳиммати баланд доранд ва саховатпешаанд.

"Ростӣ ман бо мардуми хайрхоҳамон ифтихор мекунам", - мегӯяд ӯ ва ба ҳамаи ашхоси саховатпеша ва ихтиёриён, барои хизматашон изҳори сипос мекунад.

Вазъи COVID - 19 дар ВМКБ: аз воҳима то оромии рӯҳӣ

Музаффар рӯзи 9 май барои кумак ба пизишкон ба ВМКБ сафар кард ва инак беш аз ду моҳ мешавад, ки ӯ дар хизмати халқ аст. Ба фикри ӯ? маризии коронавирус худ онқадар вазнин нест, вале ваҳму воҳимааш барои фаҳмиш душвор аст.

"Рӯзҳои аввал мардумро ваҳму воҳима пахш карда буд. Онҳо дар бораи маргу мир аз ин маризӣ, ки бахусус дар кишварҳои Урупо зиёд буд, шунида буданд ва ба таҳлука афтода буданд",-изҳор дошт ӯ.

Музаффар ҳамроҳи дигар ризокорон барои кумак ба пизишкон қариб ба ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва қишлоқҳои дурдаст сафар карданд. 

"Мо аз қишлоқҳои ноҳияи Ванҷ, Рӯшону Бартанг, Шуғнону Ишкошим ва то Мурғоб сафар карда, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, маҳлулҳои зиддиуфунӣ бурдем. Фақат Язгулом ва қишлоқҳои болоии ноҳияи Шоҳдара мондааст, ки насиб бошад пас аз се рӯз бо кумаки вижа барои хонаводаҳои ниёзманд, сафар хоҳем кард", - гуфт Музаффар.

Мусоҳиб мегӯяд вазъияти беморӣ дар ВМКБ дар ягон ҷо вазнин набуд, чун аз рӯзҳои аввал ҳам духтурон ва ҳам ризокорон барои пешгирии он кори зиёде анҷом доданд. Созмонҳои гуногун аз қабили Бунёди Оқохон оид ба тандурустӣ, ширкати Памир энерҷӣ ва Ҳукумат барои пешгирии беморӣ кумак карданд.

"Чун зичии аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ бештар аст, ин ҷо маризон бештар буданд. Дар водии Бартанг дар кишлоки якум - Шуджанд танҳо як бемор буд. Шукри Худо дар дигар деҳаҳои Бартанг нафаре бемор набуд. Мо ба қишлоқҳои дурдасти Бартанг аз номи Ҳукумат се либоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва аз номи ризокорон ниқобҳоро бурдем", - нақл кард Музаффар .

Дар ВМКБ то 20 июни соли равон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҳдудиятҳо - равуо миёни навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ, ҷорӣ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад мардуми ин вилоят ба зиндагии муқаррарии худ бозгаштааст.

"Феълан мардум бе ҳарос ба корҳои саҳроӣ ва хоҷагидорӣ машғул ҳаст. На бузургсолон ва на ҷавонон дигар аз ин беморӣ ҳарос надоранд, чун дарк карданд, ки он ҳам мисоли зуком гузаранда аст, албатта на барои ҳама", - гуфт Музаффар ва афзуд, ки мардум рӯҳан ором шудаанд.

 Чаро ВМКБ барои роҳ надодани COVID - 19 омода набуд?

Коронавируси навъи COVID - 19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва бар пояи гузориши расмӣ ба Тоҷикистон пас аз 4 моҳ, 30 апрели соли 2020  расид. Мебоист Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ҳаматарафа омода мешуд. Музаффар мегӯяд "қаҳрамонони рӯз" - пизишкон барои мубориза бо ин маризӣ омода буданд, вале имконияти пешгирии онро надоштанд.

"Фикр мекунам пизишкон барои табобати маризони коронавирус омода буданд, аммо лавозимоти муҳофизатӣ ва доруву даво надоштанд. Чун ба ҳар қишлоқе, ки мо сафар мекардем ва ба ҳар марказҳои табобатӣ, ки мерасидем, бо чашмони худ медидем, ки пизишкон либоси муҳофизатӣ надоранд", - шарҳ дод Музаффар. 

Сабаби аслии роҳ ёфтани коронавирус ба ВМКБ-ро Музаффар дар камаҳамиятӣ ва бедиққатӣ мебинад. Ба гуфти ӯ танҳо бо кумаки ризокорон ва шахсони саховатпеша мешуд паҳншавии COVID - 19 - ро дар ВМКБ пешгирӣ кард.

11 соли ризокории Музаффар ва кумаки 3000 ихтиёрӣ дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар Бадахшон

Ризокор ё ихтиёрӣ - шахсест, ки бемузд ба нафари дигаре хизмат мекунад. Аз давраҳои қадим чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон, мардуми Бадахшон бештари кори худро тариқи ҳашар - кори дастаҷамъонаи бемузд анҷом медоданд. Қариб ҳамаи хонаҳои помирӣ, ки имрӯз дар Бадахшон ҳастанд тариқи ҳашар - ё бо қувваи ихтиёриён сохта шудаанд.

Музаффар ризокориро аз арзишҳои волои мазҳаби худ медонад. Ӯ мегӯяд аз кумак кардан ба дигарон ҳаловат мебарад ва бо ин роҳ мехоҳад дилеро шод кунад.

"Ризокорӣ аз арзишҳои мазҳаби ман аст. Бо ин арзишҳо ман метавонам диле ба даст оварам. Дар навбати аввал ман аз коре, ки барои шахсе анҷом медиҳаму ӯ шод мешавад, ҳаловат мебарам, махсусан кумак ба бузургсолон, кӯдакон ва ниёзмандонро дар назар дорам", - гуфт Музаффар ва афзуд ки беш аз 11 сол ӯ дар хизмати халқ аст.

"Ҷое мешавад, ки нафареро бепул бо хадравам ба манзилаш мерасонам, ҷое мешавад, ки бо кумаки дӯстонам мушкили касеро ҳал мекунам".

Дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар ҳар қишлоқи ВМКБ гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби ҷавонон ва фаъолони ҷомеа ташкил шуд, ки тартибу интизом ва риояи қоидаҳои қарантиниро назорат мекард. Онҳо намегузоштанд, ки меҳмонони аз шаҳри Душанбе расида бе гузашти 14 рӯз бо дигарон ҳамсуҳбат шаванд, ё нафаре бидуни ниқоб аз хона берун равад, ё дар кӯча масофаи иҷтимоиро риоя накунад.

Ба ҳамаи ин корҳо беш аз 3000 ризокор банд буд. Шояд ҳамин якдиливу омодаи кумак будани халқ, буд, ки мардуми Бадахшон авҷи аввали  COVID - 19 - ро бидуни талафоти зиёд паси сар карданд.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки бино ба пешбинии ҳамагиршиносон мавҷи дуюми COVID - 19 дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест ва ҳамоно бояд риояи қоидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтиоию пӯшидани ниқоб фаромӯш нашавад.

То 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

3510
Барчаспҳо:
сукунати ихтиёрӣ, ихтиёрӣ, вазъ, вируси нав, Музаффари Имомдод, Тоҷикистон
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Муттаҳам дар таҷовузи духтари сесола: оғози мурофиаи парвандаи Зиеёв дар суди Душанбе: акс

1076
(Таҷдидшуда 00:00 04.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Дафтари матбуотии додгоҳи Душанбе ҷузъиёти пурраи парвандаро нашр накардааст.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
1 / 3
Пресс-служба столичного суда
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин моддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

1076