“Чаки чаки борон”-и Далер Назаров дар тарҳи коргардони Русия Иван Шаповалов “Поднебесы”

© Фото : Аз саҳифаи Далер НазаровДалер Назаров
Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҳангсози рус Иван Шаповалов таронаи маъруфи устод Далер Назаров “Чак чаки борон”-ро дар тарҳи чандфарҳангиву мусиқоии “PODNEBESES” ё “Осмонҳо” бозхонӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Таронаи маъруфи устод Далер Назаров "Чаки чаки борон" дар тарҳи чандфарҳангии мусиқоии оҳангсози рус Иван Шаповалов "PODNEBESES" бозхонӣ шудааст.

 Ин таронаро дар ин тарҳ Фаридун Муфтоҳов — овозхони гурӯҳи мусиқии "Monteliano" иҷро кардааст. Ян Гэ аз Чин ва Папарулз аз Ирландия бо Фаридун ҳамсароӣ кунанд. Ҳарчанд ин оҳанг дар Маскав як сол иҷро шуда, вале кам касе то кунун онро дар Тоҷикистон шунидааст.

Дар бораи Фаридун Муфтоҳов чандон иттилоъ дар дастрас нест. Танҳо ҳамин дониста аст, ки вай аз Панҷиканд аст ва дар сабкҳои Rap, Hip-Hop, R&B суруд мехонад.

Гурӯҳи "Monteliano"-ро соли 2012 Парвиз Саидов ташкил карда ва ду овозхон — Суҳроб Юлдошев ва Фаридун Муфтоҳов дорад. " PODNEBESES" тарҳи Иван Шаповалов, оҳангсозу таҳиякунандаи мусиқии гурӯҳи машҳури "Тату", аст. Ин тарҳ як намуд озмоиши мусиқоист, ки чанд овозхони пешакорро аз саросари ҷаҳон дар таронаҳояш гирди ҳам меорад. Ин овозхонҳо аз Маскав ва Шонгҳой як оҳангро иҷро мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0