Шаҳноз яке аз барандагони озмуни Miss Nations of the World 2017 шуд

© Nazir AbbasШахноз Эроншо, архивное фото
Шахноз Эроншо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори дувум мешавад, ки Шаҳноз Эроншоҳ Тоҷикистонро дар озмуни "Мисс СММ" муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Шаҳноз Эроншоҳ дар озмуни зебоии "Мисс СММ — 2017" мақоми савумро ишғол кард.

"Муаррифии Тоҷикистони ҷонам бароям дар озмуни Мисс СММ — 2017 ифтихор буд. Ман дар ин озмун савум шудам ва бо мардуми накӯманду бонувони зебое шинос шудам", — навиштааст Шаҳноз дар саҳифаи фейсбуки худ.

Публикация от @shah_nozz Авг 13 2017 в 9:56 PDT

 

Мақоми якумро дар ин сабқат намояндаи Ямайка ва ҷои дуюмро зебосанами Кения ба даст оварданд. Ҷои сеюм насиби Шаҳноз Эроншоҳ ва намояндагони Русияю Ҳонгконг шуд.

 

Ёдоварӣ мекунем, ки ин духтари тоҷик соли гузашта ҳам Тоҷикистонро дар ин озмуни ҷаҳонии "Мисс СММ" муаррифӣ карда буд.

Шаҳнози Эроншоҳ дар ИМА тоҷи ғолибиятро ба даст наоварда буд, дар намоиши либоси миллӣ беҳтарин буд.

© Страница конкурса "Мисс ООН" в FacebookШахноз Эроншо на конкурсе "Мисс ООН"
Шахноз Эроншо на конкурсе Мисс ООН - Sputnik Тоҷикистон
Шахноз Эроншо на конкурсе "Мисс ООН"
Лентаи хабарҳо
0