Скрин видео Nowhere Men

Тоҷикҷавони навовар ё Билл Гейтси оянда

475
(Таҷдидшуда 17:11 16.08.2017)
Дур аз имкон нест, ки Сино навоваре чун Билл Гейтс, Стив Ҷобс ва Илон Маск шавад, ки ҷаҳонро дигаргун кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ наворе дар бораи тоҷикҷавоне мунташир шуда, ки дар Амрико зиндагӣ дораду дастгоҳи худкори нерӯдиҳанда барои худравҳои барқӣ ихтироъ кардааст

Ин видео дар сафҳаи фейсбукии гурӯҳи "Nowhere Men" (Мардуме аз Ҳечкуҷо) мунташир шудааст, ки дар бораи бошандагони ғайримаъмулии Ню-Йорк матолиб нашр мекунад. Навори видуюиро то кунун беш аз 30 ҳазор корбар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, тамошо кардаанд.

Ин ҷавон Сино Гулчинов ном дорад ва 28-сола аст дар Донишгоҳи иёлатии Сан-Хозе дар Калифорниё таҳсил кардааст.

Сино дар рустое зиндагӣ мекарда, ки бештар аз 300 бошанда надоштааст.

"Мо бо Сино дар сафарамон аз Бритонё ба Муғулистон ошно шудем. Дар рустое истодем то бипурсем, ки оё касе аз ронандагон кумак ниёз надорад? Аммо онҷо касе забони инглисиро намедонист. Ҳамон замон Сино аз ҳечкуҷо пайдо шуду бо мо ба забони инглисӣ суҳбат кардан гирифт. Маълум шуд, ки ӯ дар Амрико таҳсил мекардаву дар таътилот ба зодгоҳаш омадааст", — гуфтаанд созандагони он филм.

Сино бо дарёфти бурсия дар риштаи муҳандисӣ Донишгоҳи иёлатии Сан-Хозе дар Амрико таҳсил кардааст.

"Ҳамакнун машғул ба сохтани барқафзори худкору бесими нерӯрасон барои ботриҳои худравҳои барқӣ ҳастам. Феълан пешнамунаи ин барқафзорро озмоиш дорам", — мегӯяд Сино ба инглисии тоза.

Ин ҷавони навовар барқафзорашро дар манзилаш месозад, ки онҷо ҳама корфазорҳои лозимро дорад.

"Сино метавонад навоваре чун Илон Маск бошад. Дур аз имкон нест, ки фикри ҷадиде, ки шояд битавонад ҷаҳонро дигаргун кунад, аз ин ҷавоне бошад, ки дар дурдасттарин гӯшаи ҷаҳон зода шудааст", — мегӯяд муҷрии барнома бо ишора ба ин, ки Билл Гейтс ва Стив Ҷобс низ замоне дар хонаашон кор мекарданду сипас бузургтарин ширкатҳои фанновариро падид оварданд.

Илон Маск муҳандису навовари амрикоӣ аст, ки дар саноеъи пешрафта сармоягузорӣ мекунад.

475
Барчаспҳо:
муҳандис, ихтироъкори тоҷик, Сино Гулчинов, Амрико
Мавзуъ
Манижа Буйдакова: мехоҳам Русияро ба тоҷикон намоиш бидиҳам