Абдулло Давлатов

Доктор Абдулло Давлатов: аз Тоҷикистон то Русия, аз аробакашӣ то роҳбарӣ

2486
(Таҷдидшуда 12:05 18.08.2019)
Абдулло Давлатов – пизишки номдор, фаъоли иҷтимоъӣ, роҳбари пешини Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, дар Рӯзи пизишк ва зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино суҳбате бо Sputnik Тоҷикистон дошт

Абдулло Давлатов дар суҳбате самимӣ роҳи пурфарозу нишеби зиндагияшро, ки ӯро аз Тоҷикистон ба Русия овардааст, боз гуфт.

— Устод, оё пизишк шудан орзӯи кӯдакии Шумо буд?

— Ман дар ноҳияи Бохтари собиқ вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудаам. Падарам коргари оддӣ буданд ва модарам дар колхоз кор мекарданд. Пас аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба Душанбе рафтам. Ростӣ мехостам, ки дар донишгоҳ дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кунам. Аммо чун аз русто омада будаму нишонии Донишгоҳи давлатии Ленинро (акнун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) намедонистам, бо як ҳамдеҳаамон, ки дар Донишгоҳи пизишкӣ таҳсил мекард, онҷо рафта, ҳуҷҷатҳоямро супоридам ва дохил шудам.  

— Фаъолияти пизишкии худро кай оғоз кардаед?

— Худоро шукр, мо дар хонаводамон бисёр будем ва чун падару модарам коргари оддӣ буданд, мушкилоти молӣ пеш меомаданд. Аз ин рӯ, ман аз соли севуми донишҷӯӣ дар кафедраи ҷарроҳии бемористони 5-уми Шаҳраки тиббии Душанбе санитарӣ ва аз соли чаҳорум ҳамонҷо парасторӣ мекардам. Мудири кафедраамон Абдурауф  Қаҳҳоров — доктори улуми пизишкӣ, нахустин профессори тоҷике буд, ки ба забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфи тоҷикӣ китобҳое дар мавзуъи реши меъда навиштаанд. Вай маро дар соли панҷуми донишҷӯӣ иҷоза доданд, ки дар амалҳои ҷарроҳӣ ширкат кунам. Аз соли шашум худам ҳам бархе беморонро амали ҷарроҳӣ мекардам. Сипас ҳамон кас маро дар кафедраи ҷарроҳӣ монданд.

Абдулло Давлатов
© Sputnik Стас Этвеш
Абдулло Давлатов

—  Лутфан аз бунёди нахустин Маркази дармони ноборварӣ дар Осиёи Миёна ва дар Тоҷикистон бигӯед, ки худ яке аз бунёдгузоронаш будед.

— Олимҷон Ғафуров ном пизишки номии тоҷик аз ман даъват карданд, ки ба Пажӯҳишгоҳи ҳифзи саломатии модару кӯдак гузашта ба корҳои илмӣ машғул шавам. Вай аз ман хоҳиш кард бо мудири вақти Пажӯҳишгоҳ, пизишки бисёр маъруфи тоҷик Саъдиниссо Ҳакимова суҳбат кунам. Муаллима Ҳакимова маро вазифа доданд, ки дар 10 рӯз омода шавам ва имтиҳон супорам. Мавзуъ андрология (пизишкии мардон) буд. Рӯзи пас додани имтиҳон Саъдиниссо Ҳакимова сухане гуфтанд, ки ҳаргиз фаромӯш намекунам: "Агар андролог шавӣ ва хонаводае бо ёрии ту фарзанддор шавад, як умр аз ту миннатдор хоҳад буд". Пасон дар давраҳои омӯзишии гуногун дар Русияву Укроин таҳсил кардам ва ҳамин касбро ихтиёр кардам. Пас аз баргаштан аз давраҳои донишафзоӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҳифзи саломатии модару кӯдак нахустин Маркази дармони ноборварӣ дар Осиёи Миёнаро бо роҳбарии Саъдиниссо Ҳакимова созмон додем ва фаъолияти худро давом медодам. Кору борамон хуб буд, агар дар миён рухдодҳои солҳои 1990-ум рӯй намедоданд…

—  Пас роҳи Русияро пеш гирифтед?

— Не, Русия омадани ман амри тасодуф буд. Соли 1992 наздик буд ҷонамро аз даст диҳам. Бисёр хуб дар ёдам мондааст. 17-уми декабр буд. Бо яке аз ҳамкорони русам — Любов Леонидовна дар троллейбус ба кор мерафтем. Наздики Сирки Душанбе расидем, ки як гурӯҳ ҷангиёни ниқобпӯш вориди тролейбус шуданд. Онҳо гуфтанд, ки русҳову узбакҳо монанд ва тоҷикон пиёда шаванд. Ду кас пиёда шуданд ва онҳоро ҳамонҷо тирборон карда куштанд. Сипас чанде аз онҳо дашномгӯён назди ман омаданд, ки чаро ту ки тоҷик ҳастӣ, пиёда нашудӣ? Онҳо маро кашида аз троллейбус пиёда карданд ва силоҳ ба пешониям монданд. Ҳамин лаҳза Любов Леонидовна шитобон аз ҷояш бархосту давон омада миёни ману ҷангҷӯён истод ва ҷони маро аз дасти онҳо раҳонид. Худи ҳамон рӯз ман роҳи Русияро пеш гирифтам, чун дӯстонам мегуфтанд, агар ин ҷо бимонӣ, туро ҳам мекушанд…

- Оё Шуморо дар Русия зуд ҳамчун пизишк ба кор қабул карданд?

— Дар Русия ман аввал боркашӣ мекардам. Ҳамроҳам ҳама ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шумораҳои телефонҳои ҳамдонишгоҳиёни рус ва дипломҳои русиамро гирифта будам. Аммо анбонамро дар роҳ дуздида буданд ва дар ҷайбам танҳо билети хидмати низомиам монда буд.

—  Яъне зиндагӣ дар ғарибӣ оғоз шуд…

— Дар роҳ бо чаҳор ҷавони тоҷик шинос шудам, ки онҳо ҳам гуреза буданд. Гуфтанд, ки ба шаҳри Ижевск меравем, ман ҳам ҳамроҳашон ба Ижевск рафтам. Дар хонае, ки 4 бар 6 метри мураббаъ масоҳат дошт, 12 кас зиндагӣ мекардем. Дар 36 дараҷа сармо дар яке аз бозорҳои Ижевск аробакашӣ мекардем. Як кулоҳ барои ҳамаамон доштем, ки ба навбат мепӯшидем. Чун қуттиҳои колоҳои савдогаронро ҷобаҷо мекардем, дастонамон ба қутти мечаспид ва хуншор мешуд. То ҳол нишонаҳои он сардиҳо дар дастонам мондааст…

- Сипас "бахтатон омад карду" корманди дармонгоҳ шудед?

- Не, Шумо бисёр шитоб накунед (механдад). Дар зиндагӣ воқеъаҳо ин гуна зуд сурат намегиранд. Хулоса, ки ман дар он сардӣ гирифтори пневмония шудам ва чун илоҷ надоштам, дар бозор кори худро давом медодам. Як рӯз мо чаҳор ҷавони тоҷик дар бозор аробакашӣ мекардем, ки се пирзани рус ба наздамон омаданду ба мо "гап партофтанд". Онҳо миллияти моро ҷӯё шуданд, ки "аз куҷо бошед, ки чунин хушрӯ ҳастед?". Дар замони шуравӣ дар Русия куллан 3 800 тоҷик зиндагӣ мекард ва тоҷикон чунин "машҳур" набуданд. Хулоса онҳо бароямон хона ёфтанд ва бо ёрии шавҳари яке аз пиразанҳо ман дардамро дармон кардам. Пас аз чанде озарбойҷониҳо маро дар дуконашон фурӯшанда гирифтанду ман савдогар шудам. Ҳамон ҷо бо русҳо ошнову дӯст шудам ва сипас дар дармонгоҳ кор ёфтам. Дар он дармонгоҳ мудири шуъба шудам, дертар ёвари вакил  шудам ва сипас ба дигар мақому мартаба расидам. Хуллас, ман дар Русия ба мушкиле ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашудам ва дар ҳама ҷо корам омад мекард…

Абдулло Давлатов
© Sputnik Стас Этвеш
Абдулло Давлатов

- Аз аввал мақсад доштед, ки Иттиҳоди тоҷикони Русияро ташкил кунед?

— Не, аслан чунин мақсаде надоштам. Соли 2005-ум вақте, ки раиси Анҷумани китобхонаҳои электронии пизишкӣ будам, дар Пажӯҳишгоҳи шаробу ангури Ялта семинаре ташкил шуд, ки онро ман роҳбарӣ мекардам. Пас аз семинар  ду зани бегонае назди ман омаданду пурсиданд, ки аз куҷоям. Вақте ки дар посух гуфтам аз Маскав омадаам, қонеъ нашуданду миллиятамро пурсон шуданд. Вақте ки фаҳмиданд, ки тоҷикам, як сухане гуфтанд, ки ба мағзи устухонам расид. "Мо тоҷиконро медонем, мардуми хубанд. Дар шаҳри мо кӯчарӯбӣ мекунанд"- гуфтанд онҳо. Ҳамин як сухан маро ангеза дод, ки созмони тоҷикони Русияро ташкил кунам ва мақсад гузоштам, ки дар Маскав образи тоҷиконро ташаккул диҳам. Ҳама фаъолиятҳои иҷтимоъии ман пас аз ҳамон семинар оғоз шуданд…

2486
Барчаспҳо:
мушкилӣ, пизишк, муҳоҷират, Абдулло Давлатов, Русия-Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1043
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1043
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
певец Бахром Гафури

Абдурозиқ суруди Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард: видео

822
(Таҷдидшуда 00:30 17.10.2020)
Дар намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ, кадрҳо аз рӯзи дафни сарояндаи ҷавонмарг Баҳром Ғафӯрӣ истифода шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет суруди "Оғӯши ғам" - и шодравон Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард.

Дар намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ, кадрҳо аз рӯзи дафни сарояндаи ҷавонмарг Баҳроми Ғафӯрӣ ва аксҳои падару бародараш, истифода шудаанд.

Намоҳанги Абдурозиқ рӯзи 11 октябр дар саҳифаи Авлод Медиа дар шабакаи Youtube нашр шудааст.

Дар давоми панҷ рӯз намоҳангро беш аз 400 ҳазор кас боздид карда ва зиёда 32 ҳазор нафар писандидааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар Анӯш Ғафурӣ - писари бузурги Баҳром Ғафурӣ, як таронаи падарашро бозхонӣ кард.

Анвар Ғафурӣ, бародари Баҳром Ғафурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Анӯшервон танҳо ба хотири гиромидошти хотираи падар ва баёни эҳсоси ҷудоии нобаҳангом аз ӯ ин таронаро суруда, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои омадан рӯи саҳна нагирифтааст.

Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 7 августи соли равон дар синни 44 – солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Аз ӯ се писар боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон Анӯшервон аст.

Роҳи ҳунарии Абдурозиқ

Абдурозиқ пештар суруди Далер Назаров "Чак чаки борони баҳор" ва шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” - и шоир Туғрал Аҳрорӣ - ро суруда буд.

То ин муддат сурудҳои Абдурозиқ қалби миллион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро Барон  бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳи аввали баъди нашр, теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2,3 милион расид.

Ва ё суруди “Оҳанги дили зор” - и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2,7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.

Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

822
Барчаспҳо:
бозхонӣ, нашр, Тоҷикистон
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон