Сара Саидасанова Тоҷикистонро дар озмуни зебоии Русия муаррифӣ мекунад

© Фото : Аз бойгонии СараСара Саидасанова
Сара Саидасанова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сара Саидасанова тоҷикдухтари зебою соҳибистеъдод дар озмуни байнулмилалии зебоӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Дар пойтахти шимолии Русия, шаҳри Санкт-Петербург озмуни зебоӣ ва истеъдоди "Мiss дюймовочка" баргузор мешавад.

Озмун рӯзи 24 сентябр дар тарабхонаи "Парус"-и ин шарҳ гузаронида мешавад. Дар ин озмун зебодухтарон аз шаҳру навоҳии Русия ва кишварҳои ИДМ ҳуқуқи ширкатро доранд.

Тоҷикистонро дар ин озмун Сара Саидасанова муаррифӣ хоҳад кард.

"Ман дер боз интизори чунин озмун будам. Вақте дар саҳифаи ВКонтаке эъломи озмуни "Мисс дюймовочка"-ро дидам даррав аризаамро барои ширкат ба онҳо равон кардам. Чун пештар дар ҳамаи озмунҳо талаботи муҳимтарин қади балантар аз 1,70 см буд, ман имон надоштам дар онҳо ширкат кунам. Ин озмун бошад барои ман мувофиқ аст", — гуфт Сара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 

Пас аз дидани расмҳои Сара баргузоркунандаҳо ба ӯ ҷавоби мусбӣ додаанд ва тоҷикдухтар ҳамакнун барои ширкат дар ин озмун омодагӣ мебинад.

Шартҳои озмун аз намоиши либоси миллӣ, пӯшоки дӯхтаи тарроҳон ва намоиш додани истеъдоде иборат аст. Сара мегӯяд, ки омодагиаш махсусан барои намоиши пироҳани миллӣ ҷиддӣ аст.

"Пироҳанҳои милли мо бисёр зебоянд. Ман бояд беҳтаринашро интихоб кунаму онро ба доварону мардуми рус намоиш диҳам", — гуфт Сара ва афзуд,ки барои бахши истеъдод суруди Celin Dion — The heart-ро омода кардааст.

🌷

Публикация от Сара Абдуллаевна (@sara.asn) Июл 16 2017 в 1:47 PDT

 

Сара ба пирӯзии худ боварӣ дорад, чун ин ширкати нахустини гулдухтар дар озмуни зебоӣ нест. Замони донишҷӯӣ вай дар Қирғистон ҳам дар озмуни зебоӣ ширкат карда ва пирӯз шудааст.

© Фото : Аз бойгонии СараСара Саидасаова дар озмуни зебоии соли 2015
Сара Саидасаова дар озмуни зебоии соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Сара Саидасаова дар озмуни зебоии соли 2015

"Замони донишҷӯӣ дар шаҳри Бишкек ман дар озмуни "Miss top News.kg-2015" ширкат карда мақоми дувумро сазовор шуда будам. Аз ширкат ҳарос надорам ва ба худам бовар дорам", — гуфт Сара Саидасанова.

 

Озмун аз 22 то 24 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад. Ба гуфти Сара пеш аз озмун ширкаткунандагон ду рӯз омодагӣ мебинанд. Зебоӣ ва истеъдоди гулдухтаронро доварон баҳогузорӣ мекунанд

Озмуни "Miss дюймовочка" махсусан барои бонувоне созмон шудааст, ки қадашон то 1,70 см мебошад. Ин озмун ҳамасола аз ҷониби PR-EVENT студияи Роман Патин гузаронида мешавад.

Сара Саидасанова гулдухтари 23-солаи тоҷик оиладор соҳиби як фарзанд мебошад. Вай айни замон дар шаҳри Маскав ба сар мебарад ва ба ҳайси ороишгари рӯю мӯй кор мекунад. Донишгоҳро бошад дар шаҳри Бишкек аз рӯи ихтисоси муносибатҳои байнулмилалӣ хатм кардааст.

 

Вай мегӯяд, ки касби ороишгар барои кор ва тарбияи фарзанд дар як замон бисёр мувофиқ аст. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0