Ниссор Абдуразоқов, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон-боми ҷаҳон: дар Париж намоишгоҳи Ниссор Абдуразоқов баргузор мешавад

93
(Таҷдидшуда 17:11 12.09.2017)
Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ филми мустанади нодири "Чарх" низ нишон дода мешавад. Ин филми коргардон Мақсудшо Иматшоев аз сокинони деҳоти Бадахшон нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik, Фатима Ёҳёев. Дар пойтахти Фаронса-Париж, дар маркази фарҳангии ACTISCE 21-уми сентябр намоишгоҳи аккоси машҳури тоҷик Ниссор Абдуразоқов баргузор мешавад.

Ин маросим бо дастгириии Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва ҷамъияти тоҷикони маҳалии  "Равзана" баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз филми мустанади нодири "Чарх" нишон дода мешавад, ки аз сокинони маҳаллии Бадахшон нақл мекунад.

Allaudin Valley

Публикация от Nissor Abdourazakov (@nissorphotography) Сен 7 2017 в 9:56 PDT

Худи Ниссор Абдуразоқов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст,  вай дар намоишгоҳ ширкат намекунад.

"Мутаассифона, бо далели он, ки ҳоло машғули корҳои дигаре дар Шветсия ҳастам,  ба Париж рафта наметавонам",- қайд кардааст вай.

Ба гуфтаи Абдуразоқов, аксҳоро ҳини сафарҳояш ба Тоҷикистон аккосӣ кардааст. Вай афзуд,  тавассути ҳар як акс мехост хусусиятҳои фарқкунандаи  минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони кӯчакро  намоиш диҳад.

Намоишгоҳи аккос дар Париж ягона дастоварди ин марди ҳунар нест. Вай дар Шветсия низ ҳунари худро ба намоиш гузошта, тавассути он ба сокинони Гетерборг дар бораи мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон маълумот дода буд.

93
Барчаспҳо:
намоишгоҳ, Аккос, Дар ҷаҳон
Певец Валиджон Азизов

Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт: сӯҳбат аз бепуливу таънаи шикамкалонӣ

2024
(Таҷдидшуда 14:18 26.10.2020)
Орзу Исоев дар барномаи "Ногуфтаҳо" бо овозхон Валиҷон Азизов аз кам шудани даромад аз тӯй дар давраи ҳамагирии коронавирус ва парҳези овозхон дар пайи "таъна"-и истифодабарандагони Инстаграм аз шиками калони овозхон сӯҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Орзу Исоев аз арзиши хидмати Валиҷон Азизов дар тӯйҳо пеш аз пендемия ёдрас мешавад, ки дар минтақаи Суғд аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ ва дар пойтахт то 20 ҳазор сомонӣ будааст.

Аммо тавре овозхон мегӯяд, дар пайи бурузи бемории коронавирус ва кам шудани тӯйҳо, феълан ин нарх хело коҳиш ёфтааст.

"Мо шароити мардумро нигоҳ карда кор мекунем. Ҳоло арзиши ҳақи хизматро 50 дарсад поён бурдаем ва баъзан аз он ҳам камтар мегирем", - қайд мекунад овозхон.

Овозхон ба саволи он ки ин камшавии даромад ба кисаи овозхон то кадом андоза асар кардааст, мегӯяд, боиси мавқуф гузоштани баъзе нақшаҳояш гаштанд.

"Бо он сабаб, ки бештари мардум тӯяшонро то соли оянда мавқуф гузоштанд, мо низ умед мекунем, ки соли оянда вазъият беҳтар мешавад. Гап сари чанд суруди ман меравад, ки омода асту бояд сабт кунам, аммо барои он маблағи зиёд лозим аст", - тавзеҳ медиҳад овозхон.

Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт?

"Чаро навозандаҳои Садриддинро гирифтед?", - мепурсед рӯзноманигор.

Азизов, посух медиҳад, ки "бале, аз хидмати навозандаҳои Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари номии тоҷик истифода мебарад, аммо онҳоро нагирифтааст".

"Ман навозандаҳои Садриддинро нагирифтаам. Вақте ба Душанбе меравам, аз Суғд навозанда намебарам, аз он ҷо киро мекунам.  Ҳатто замоне Садриддин ҳам дар Тоҷикистон қарор дошт, вақте ман Душанбе мерафтам, агар навозандаҳояш бекор мебуданд, ба маъракаҳо бо ман мерафтанд", - мегӯяд Валиҷон.

Мард пирӣ надорад?

Ногуфтаҳои марги Баҳром: намехост рафтан, зангҳои паиҳам ва чӣ хел аз мошин парид?-видео

"Пир шуданро ба гардан мегиред?", - боз мепурсад Орзу Исоев. 

"Мард пирӣ надорад, агар мард ҳамеша хушҳол бошад, ҳамеша дунболи зебогиҳо бошад, пир намешавад", - посух медиҳад Азизов ва мефзояд, ки чанд вақт аст, ки бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад.

"Дар инстаграм ҳама гуфтанд, Валиҷон шикамро нест кун, нест кардам, диета кардам,", - меафзояд вай.

2024
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид

Донишҷӯи тоҷик дар Русия барандаи ҷоизаи "Донишҷӯи хориҷии сол 2020" шуд

687
(Таҷдидшуда 12:50 20.10.2020)
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Русия — "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хабаровски Русия марҳилаи минтақавии озмун барои Ҷоизаи миллии Рсия — "Донишҷӯи сол – 2020" ба анҷом расид, ки дар он ҷавони тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров пирӯз шуд, хабар медиҳад торномаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур.

Ин озмун аз ҷониби Созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Иттиҳоди ҷавонони Русия" дар якҷоягӣ бо KSAU "Маркази минтақавии ҷавонон оид ба иҷтимоӣ ва саломатӣ" баргузор карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз рӯи номинатсияҳои инфиродӣ ва коллективӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти таҳсилоти касбии ҳудуди минтақаи Хабаровск доир гардид.

Дар ин озмун Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур ва маҳфили ҷавонони тоҷик дар минтақаро донишҷӯи факултаи энергетика ва менеҷменти Донишгоҳи мазкур Ҷуманазар Қурбонназаров  намояндагӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҳакамон миёни донишҷӯёни 11 донишгоҳи минтақа, донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбоназаров барандаи ҷоиза дар бахши "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид.

"Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур, имкон медиҳад, ки орзуҳои инсон амалӣ шавад. Ман аз соли 2018 инҷониб дар озмун ширкат мекардам ва бо ҳайрат ба иштирокчиёни дар саҳна буда, назар мекардам. Ман хеле мехостам, ки ба манфиати донишгоҳ кор кунам ва фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷикро дар байни ҷавонон маъмул кунам"  , - гуфт Қурбонназаров.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.

687
Барчаспҳо:
донишҷӯи тоҷик, Русия, сол, донишҷӯй, донишҷӯй

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия