Модель Мадина Назарамонова

Мудел ва ҳунарпешаи тоҷик: диламро дар Facebook аз даст додам

723
(Таҷдидшуда 09:19 29.09.2017)
Мудел ва ҳунарпешаи синамо Мадина Назарамонова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ҳунариву муделиаш гуфт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik, Андрей Захватов. Мадина Назарамонова пас аз интишори аксҳои Ниссор Абдураззоқов дар моҳи феврали соли 2016 дар расонаҳо маъруф шуд. Пас аз якуним сол ин ҳунарпеша ва мудели тоҷик дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи зиндагӣ, фаъолият ва дастовардҳои худ суҳбат кард.

Дар бораи падару модар, таҳсилот ва забони русӣ

— Мадина, лутфан бигӯед, ки дар куҷо ва чи хонаводае ба дунё омадаед?

— Асли ман аз Помир — шаҳри Хоруғ аст. Падарбузурги падариям афсари ВКД буд. Ӯ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон — Ёвон, Кӯлоб, Душанбе кор кардааст.

Дар миёни фарзандонаш танҳо духтари бузургаш дар Помир ба дунё омада буд. Дар давоми сафари корӣ падари ман дар Душанбе ба дунё омад, дар шаҳре, ки ман ҳам таваллуд ёфтаам. Ман то кунун ҳаргиз ба Ватани бобоиям — Помир нарафтаам, вале бисёр мехоҳам боре ин минтақаро бибинам.

Падарам афсари хадамоти гумрук аст ва модарам донишёри кафедраи мудирият дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст.

Волидонам дар кӯдакӣ ба ман омӯзишу парвариши хуб доданд. То синфи 9 ман дар яке аз беҳтарин мактабҳои Душанбе — мактаби №9 таҳсил мекардам ва сипас литсеи рақами №1 барои хонандагони лаёқатмандро хатм кардам.

Актриса Мадина Назарамонова - кадр из фильма Воздушный Сафар
© Фото : из личного архива Мадины Назарамоновой
Актриса Мадина Назарамонова - кадр из фильма "Воздушный Сафар"

— Шумо забони русро хуб медонед…

— Дарсҳо дар мактаб ва литсей бо забони русӣ буданд ва аксари омӯзгоронамон аз донишгоҳҳои гуногун омада ба мо дарс медоданд. Масалан, омӯзгорамон Надия Ғайратова ба мо бисёр чизҳоро омӯзонидааст.

Дарс дар мактаб барои ман мушкилӣ надошт ва ман аз ҳама омӯзгоронам барои заҳматашон, аз ҷумла аз роҳбари синфамон Гуландом Амоновна, миннатдор ҳастам. Ӯ ба мо ҳуқуқ ва таърихро дарс медод.

— Кадом фаннҳоро дар мактаб бештар меписандидед?

— Таърих. Ман баррасии мавзуҳои гуногунро дар мактаб хеле дӯст медоштам. Ба фикрам ман бештар шахси гуманитарӣ ҳастам, сарфи назар аз он ки риёзиро ҳам хуб медонистаму баҳои панҷ мегирифтам. Дар даврони мактабӣ орзуи бостоншинос шуданро доштам. Вале сарнавиштам дигар сон рақам хӯрд.

— Чаро таҳсили олиро дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон интихоб кардед?

— Сарфи назар аз дӯстдории фаннҳои таърих, ҳунар, адабиёт, ман факултаи иқтисодӣ бахши "Молия ва қарз" дар Донишгоҳи славяниро хатм кардам. Дипломи ин факулта — кафолати фаъолияту кори арзандаро дар Тоҷикистон медиҳад.

Ман фикр мекунам, ки адабиёт ва ҳунар бидуни диплом ҳам пеш бурда мешавад ва инсон ҳамеша метавонад бо фаъолияти дӯстдошта машғул шавад. 

Мудел, ҳамсар ва модар

— Дар сафҳаи фейсбукии Шумо аксҳои зебоеро аз ҷашни арӯсиятон тамошо кардам…

— Ман дар соли севуми донишҷӯиям шавҳар карда будам. Фазои хонаводаамон гарм аст. Мо бо якдигар муносибати бисёр хуб дорем ва ҳамдигарро дӯст медорем. Ҳамсари ман Меҳроҷ Холназаров — марди воқеъӣ ва падари меҳрубон аст. Мо Суруш ном писарчае дорем, ки ҳамакнун як солаву се моҳа асту "модар", "падар" ва "тарбуз" гуфтанро ёд гирифтааст. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем дар ҳузури ӯ ҳар суханро бар забон наёрем (механдад).

Модель Мадина Назарамонова
© Фото : Из личного архива Мадины Назарамоновой
Модель Мадина Назарамонова

— Бо ҳамсаратон чӣ гуна ошно шудед?

— Ман бо Меҳроҷ дар Faсebook ошно шудам. Маъмулан ман ба паёмҳои ношиносҳову бегонагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух намедиҳам, вале он замон назарамро дигар кардам. Ӯ аз ман пурсид, ки чӣ бояд нависад то маро писанд ояд. Ман гуфтам, худаш дар ин бора хаёлпардозӣ кунад.

Идомааш бисёр зуд гузашт. Мо пас аз се рӯзи гуфтугӯ дидор кардем ва дар ин мулоқот якдигарро хуш кардем. Вале он замон ман барои оғози равобит омода набудам. Меҳроҷ дар қарораш устувор буд ва кӯшиш мекард бо ҳар роҳ дили маро ба даст биёрад: масалан, як ҳафта ҳар рӯз бароям субҳона меоварду назди дарам мегузошт.

Пас аз чанде ӯ паи корҳояш ба Дубай рафт ва дар набудаш ман дарк кардам, ки бе вай наметавонам зиндагӣ кунам. Ӯ ҳам бар гашту маро хостгорӣ кард ва ман ҳам пазируфтам.

— Писаратон номи камёб дорад — Суруш. Ин номро кӣ барояш интихоб кардааст?

— Ин номро хусурам шодравон Имомназар Холиқназар интихоб карда буд. Ӯ рӯзноманигор ва нависанда буд. Мо дар ёддоштҳояш хондем, ки мехоста набераашро Суруш биномад. Мо низ ин номро писандидем.

Мадина Назарамонова с мужем и сыном
© Фото : из личного архива Мадины Назарамоновой
Мадина Назарамонова с мужем и сыном

— Кӯдакдорӣ ва хонадорӣ вақти бисёреро аз модару ҳамсар мегирад. Оё аз уҳдаи ин ҳама кор бар меоед ё касе ба Шумо кумак мекунад?

— Суруш ҳоло хурд аст ва ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз дорад. Ҳамсарам, падару модар кумак мекунанд ва ман ҳам одат кардаам. Модар буданро дӯст доштам.

— Пухту пазро дӯст медоред ва оё хӯроки вижае доред?

— Ошпазиро дӯст медорам, ҳар замон пухтани хӯрокҳои навро таҷриба мекунам. Хӯроки вижае надорам, вале шавҳарам то имрӯз ҳама хӯрокҳои пухтаамро хӯрдаву писандидааст. Ба гуфте, ҳануз зинда аст! (механдад).

— Мадина, лутфан бигӯед, ки чигуна бо Ниссор Абдуразоқов ошно шудед?

— Ошноиямон комилан иттифоқӣ буд. Ман он замон донишҷӯ будам. Куллан, иттифоқот дар зиндагии ман нақши муҳиме доранд. Вале нахустин пешниҳод барои мудел шуданро дар соли аввали донишҷӯиям аз Наргис Исломова дарёфт кардам. Нахустин бор нақши муделро дар намоише дар ҳутели "Ҳаят" иҷро кардам. Сипас пешниҳод гирифтам, ки дар ҷашнвораи "Роҳи абрешим" дар Чин мудел шавам, вале ман онро напазируфтам.

— Оё нахустин гомҳоятон дар нақши мудел ҳаяҷоновар буд?

— Дар нахустин намоиш камобеш 30 мудел ширкат мекард ва ман ҳаяҷонеро эҳсос накардам. То он замон ман дигар ба дурбинҳои аккосӣ ва филмбардорӣ одат карда будам.

Мадина Назарамонова на подиуме
© Фото : из личного архива Мадины Назарамонова
Мадина Назарамонова на подиуме

— Пас аз нашри аксатон аз ҷониби Ниссор Абдураззоқов Шуморо яке аз зеботарин духтарони Тоҷикистон шинохтанд. Ин шуҳратро чӣ гуна дарёфтед?

— Ман шуҳратро оромона аз сар мегузаронам. Тоҷикистон духтарони зебо бисёр дорад.

— Нақшофарӣ дар филм чӣ гуна пешниҳод шуд?

— Ин иттифоқ ҳам ногаҳонӣ рух дод. Яке аз дӯстонам аксбардор аст. Ӯ занг заду маро ба киностудия барои ҳунарозмоӣ ба назди коргардон Носир Саидов даъват кард. Аз ин озмун гузаштаму нахустин филме, ки дар он нақш офаридам, драммаи равонӣ "Оинаи беҷилло" буд. Дар ин филм ман яке аз нақшҳои аслиро иҷро кардам. Ин филм соли 2013 дар ҷашнвораи байналмилалии Пусан (BIFF) ширкат кардаву яке аз беҳтаринҳо шинохта шуд.

Филми дуюм, ки ман дар он нақш офаридам, соли 2014 сохта шуд. Он филми кумедии Далер Раҳматов "Сафари ҳавоӣ" аст, ки соли 2016 дар ҷашнвораи филмҳои миллӣ дар Маскав намоиш дода шуд. Дар ин филм ман нақши омӯзгори забони олмонӣ ва дӯстдухтари қаҳрамони ин филмро офаридам. Наворбардории ин филм бисёр ҷолиб гузашт. "Сафари ҳавоӣ"  дар деҳаи Зимчуруди Варзоб филмбардорӣ шуд.

—  Оё берун аз Тоҷикистон ҳам рафтаеед?

— Бале рафтаам, ҳамроҳи ҳамсарам Дубай ва Туркия рафтаам. Ман аз ин кишварҳо хотироти бисёре овардам. Ториху меъмории Туркия маро дар воқеъ тасхир кард. Ман ошиқи бозорҳои ин кишвар шудам ва зевару зебафзорҳои бисёре овардам.

— Русия ҳам рафтаед?

— Ҳануз не, вале умедворам рӯзе бо ҳамсараму писарчаамон ба Русия хоҳем рафт.

Дар бораи саргармиҳо, дӯстон ва китобҳо

— Оё ҳоббӣ ё саргармиҳое доред ва вақти озодатонро чӣ гуна мегузаронед?

— Ҳануз аз замони донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ мусиқиро дӯст медорам. Ман суруд хонданро бисёр дӯст медорам ва дар донишгоҳ яккахони ду дастаи эстрадӣ будам. Вале пас аз таваллуд шудани Суруш ман истироҳат дорам.

— Кадом китобҳоро дӯст медоред?

— Ман дӯстдори адабиёти классик ҳастам: осори Булгаков "Мастер ва Маргарита", "Дили сагӣ", Дэниел Киза "Гулҳои Элҷерон", Эмили Бронте ва китобҳои Холид Ҳусейниро мутолиа мекунам.

— Дӯстонатон кистанд?

— Ман дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо шиносҳои бисёре дорам. Ду дугонаи наздик дорам, ки онҳоро бисёр дӯст медорам — Дилноза Рустамова ва Меҳрангез Мамадназарова.

— Ба фикри Шумо зиндагии ҷавонони пойтахти Тоҷикистон чӣ гуна аст? Насли ҷавон дар бораи чӣ фикр мекунанд?

— Ман танҳо дар бораи касоне гуфта метавонам, ки мешиносамашон. Ҷавононе, ки дар даврони истиқлол ба воя расиданд, аз волидонашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Онҳо пешрафта ҳастанд, бо интернет дӯстӣ доранд ва бисёр фаъол ҳастанд. Дар миёни ҷавонон довталабон зиёданд. Чун ҷавонони дигар кишварҳо мо ҳам орзу мекунем, ки маълумоти хуб, кори сердаромад, дӯстони нағз ва шахсони дӯстдошта ва ташкили хонаводаи солим аст. Ва албатта, гардишгарӣ ва истироҳат кардан.

— Интернет барои Шумо чӣ маъно дорад?

— Дар навбати аввал он бароям манбаъи ахбору иттилоъ аст. Масалан, агар таби кӯдак баланд шавад бояд чӣ кор кард? Интерент барои пайдо кардани маълумот ва ошноӣ бо мардум манбаъи хубест.

— Оё дар бораи идомаи фаъолияти муделӣ ва ҳунарпешаӣ фикр кардаед?

— Бале, ман ин корро меписандам. Пешниҳоди нақшофарӣ дар реклама ва филм бисёр буд. Вале ба филмнома вобаста аст. Ман мехоҳам, бештар бо хонавода бошаму дар ояндаи наздик, ки писарамон каме бузургтар мешавад ба мусиқӣ машғул шавам.

— Ташаккур барои мусоҳиба, Мадина. Муваффақ бошед.

723
Барчаспҳо:
мудел, саргузашт, зиндагӣ, Мадина Мамадамонова, Тоҷикистон
Певец Валиджон Азизов

Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт: сӯҳбат аз бепуливу таънаи шикамкалонӣ

1951
(Таҷдидшуда 14:18 26.10.2020)
Орзу Исоев дар барномаи "Ногуфтаҳо" бо овозхон Валиҷон Азизов аз кам шудани даромад аз тӯй дар давраи ҳамагирии коронавирус ва парҳези овозхон дар пайи "таъна"-и истифодабарандагони Инстаграм аз шиками калони овозхон сӯҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Орзу Исоев аз арзиши хидмати Валиҷон Азизов дар тӯйҳо пеш аз пендемия ёдрас мешавад, ки дар минтақаи Суғд аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ ва дар пойтахт то 20 ҳазор сомонӣ будааст.

Аммо тавре овозхон мегӯяд, дар пайи бурузи бемории коронавирус ва кам шудани тӯйҳо, феълан ин нарх хело коҳиш ёфтааст.

"Мо шароити мардумро нигоҳ карда кор мекунем. Ҳоло арзиши ҳақи хизматро 50 дарсад поён бурдаем ва баъзан аз он ҳам камтар мегирем", - қайд мекунад овозхон.

Овозхон ба саволи он ки ин камшавии даромад ба кисаи овозхон то кадом андоза асар кардааст, мегӯяд, боиси мавқуф гузоштани баъзе нақшаҳояш гаштанд.

"Бо он сабаб, ки бештари мардум тӯяшонро то соли оянда мавқуф гузоштанд, мо низ умед мекунем, ки соли оянда вазъият беҳтар мешавад. Гап сари чанд суруди ман меравад, ки омода асту бояд сабт кунам, аммо барои он маблағи зиёд лозим аст", - тавзеҳ медиҳад овозхон.

Чаро Валиҷон навозандаҳои Садриддинро гирифт?

"Чаро навозандаҳои Садриддинро гирифтед?", - мепурсед рӯзноманигор.

Азизов, посух медиҳад, ки "бале, аз хидмати навозандаҳои Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари номии тоҷик истифода мебарад, аммо онҳоро нагирифтааст".

"Ман навозандаҳои Садриддинро нагирифтаам. Вақте ба Душанбе меравам, аз Суғд навозанда намебарам, аз он ҷо киро мекунам.  Ҳатто замоне Садриддин ҳам дар Тоҷикистон қарор дошт, вақте ман Душанбе мерафтам, агар навозандаҳояш бекор мебуданд, ба маъракаҳо бо ман мерафтанд", - мегӯяд Валиҷон.

Мард пирӣ надорад?

Ногуфтаҳои марги Баҳром: намехост рафтан, зангҳои паиҳам ва чӣ хел аз мошин парид?-видео

"Пир шуданро ба гардан мегиред?", - боз мепурсад Орзу Исоев. 

"Мард пирӣ надорад, агар мард ҳамеша хушҳол бошад, ҳамеша дунболи зебогиҳо бошад, пир намешавад", - посух медиҳад Азизов ва мефзояд, ки чанд вақт аст, ки бо вазни зиёдатӣ мубориза мебарад.

"Дар инстаграм ҳама гуфтанд, Валиҷон шикамро нест кун, нест кардам, диета кардам,", - меафзояд вай.

1951
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид

Донишҷӯи тоҷик дар Русия барандаи ҷоизаи "Донишҷӯи хориҷии сол 2020" шуд

680
(Таҷдидшуда 12:50 20.10.2020)
Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Русия — "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хабаровски Русия марҳилаи минтақавии озмун барои Ҷоизаи миллии Рсия — "Донишҷӯи сол – 2020" ба анҷом расид, ки дар он ҷавони тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров пирӯз шуд, хабар медиҳад торномаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур.

Ин озмун аз ҷониби Созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Иттиҳоди ҷавонони Русия" дар якҷоягӣ бо KSAU "Маркази минтақавии ҷавонон оид ба иҷтимоӣ ва саломатӣ" баргузор карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз рӯи номинатсияҳои инфиродӣ ва коллективӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти таҳсилоти касбии ҳудуди минтақаи Хабаровск доир гардид.

Дар ин озмун Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур ва маҳфили ҷавонони тоҷик дар минтақаро донишҷӯи факултаи энергетика ва менеҷменти Донишгоҳи мазкур Ҷуманазар Қурбонназаров  намояндагӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҳакамон миёни донишҷӯёни 11 донишгоҳи минтақа, донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбоназаров барандаи ҷоиза дар бахши "Донишҷӯи хориҷии сол – 2020" гардид.

"Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур, имкон медиҳад, ки орзуҳои инсон амалӣ шавад. Ман аз соли 2018 инҷониб дар озмун ширкат мекардам ва бо ҳайрат ба иштирокчиёни дар саҳна буда, назар мекардам. Ман хеле мехостам, ки ба манфиати донишгоҳ кор кунам ва фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷикро дар байни ҷавонон маъмул кунам"  , - гуфт Қурбонназаров.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни "Донишҷӯи сол-2020" аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад.

680
Барчаспҳо:
донишҷӯи тоҷик, Русия, сол, донишҷӯй, донишҷӯй
Денежные купюры, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл боз боло рафт? - эъломи Бонки миллӣ

0
(Таҷдидшуда 10:44 28.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10.3396 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3396 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12.2328  сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз дар бозори нақд  0.1348 то 0.1380  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0