Як гоми дигар то пирӯзӣ: Анна Муъминова ба сегонаи "Зебосанами ҷаҳон" шомил шуд

© Фото : Beautyofuniverse / Azim RasulovУчастница конкурса красоты «Краса Вселенной» АННА МУМИНОВА
Участница конкурса красоты «Краса Вселенной» АННА МУМИНОВА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин хушхабарро Анна Муъминова дар сафҳаи фейсбукиаш мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Модели тоҷикистонӣ Анна Муъминова ба сегонаи беҳтаринҳои озмуни "Зебосанами ҷаҳон" шомил шуда ва дар даври ниҳоӣ ширкат хоҳад кард. Ин хабарро вай дар сафҳааш дар Фейсбук додааст.

"Ман ба сегонаи озмун роҳ ёфтам. Аз ҳама касоне, ки ба ман раъй додаанд, сипосгузорам", — навиштааст вай.

Анна Муъминова 26-сола ва дорои маълумоти олии иқтисоди аст. Вай дар бисёре аз намоишҳои мӯд ширкат карда ва мекунад. Ӯ аз он ҷумла дар наомиши International Fashion Week ширкат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0