Беназир Ализода

Тоҷикдухтари наққош ҳунарашро дар Олмон намоиш медиҳад

707
(Таҷдидшуда 12:02 27.10.2017)
Офаридаҳои тоҷикдухтари нигоргар Беназир Ализода дар намоишгоҳи бузурги ҳунарии "Kreativ" (Große Hobbykünstler Verkaufsausstellung) дар Олмон ба намоишу фурӯш гузошта мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ин намоишгоҳ аз 27 то 29-уми октябр дар шаҳри Фрӯнденберг (Fröndenderg) баргузор мегардад. Барномаи он аз як сол пеш тарҳрезӣ шудаву ҳунармандон ҳам аз як сол пеш барои ширкат дар он худро сабти ном кардаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ на танҳо муаррифии анвоъи корҳои ҳунармандон ва шиносонидани онҳо ба мардуми шаҳр, балки фурӯши корҳои ҳунарӣ низ аст. Аммо яке аз шартҳои аслии ширкат дар намоишгоҳ ин аст, ки ширкаткунанда набояд маҳсулотро аз ҷое харидаву онҷо ба намоишу фурӯш бигзорад. Ҳама корҳо бояд бо дасти худи ҳунарманд сохтаву офарида шуда бошанд.

Беназир Ализода фарзанди Исфандиёр Назар — яке аз номдортарин шоирони муосири тоҷик ва донишомӯзи гимназияи Эрнест Барлах дар он шаҳр аст. Вай дар ин намоишгоҳ бо намунаи корҳои ҳунарии наққошӣ ва дастсохт аз чӯбу коғаз ширкат мекунад.

Поделка школьницы Беназир Ализоды
из личного архива Исфандиёра Назарова
Поделка школьницы Беназир Ализоды

Яке аз корҳои намоишии Беназир тандиси коғазии моҳист, ки бар асоси рангҳои Парчами Тоҷикистон сохта шудааст.

Беназир Ализода ҳануз аз замони дар Тоҷикистон хонандаи клоси панҷуми гимназияи Донишгоҳи тиҷорат буданаш ба наққошӣ оғоз кардааст.

Нахустин наққошии ӯ, ки дар матбуоти Тоҷикистон мунташир шуда, ду тасвири кӯдаки паноҳҷӯи сурии ғарқшуда Олони Курдӣ буд. Соли 2015 муқоваи ашъори падараш Исфандиёр Назарро зери унвони "Дар кӯчаҳои шаб" омода кард ва дар ҳамин китоб ҳамчунин 5 тасвири дигари ӯ ба чоп расид.

Хонаводаи Беназир Ализода соли 2016 Тоҷикистонро тарк карда буд. Дар чанд моҳи аввали муҳоҷират беш аз 100 асари наққошии Беназир дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва матбуоти кишвар ба чоп расиданд.

Аз ҷумлаи наққошиҳое, ки дар матбуоти кишвар чоп шудаанд, чеҳраҳои торихиву адабие чун устод Рӯдакӣ, Нусратулло Махсум, Саидризо Ализода, Чинор Имом, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Қозӣ Махдум, Махсум Олимӣ ва даҳҳо дигар аз адибону рӯзноманигори маъруфи муосирро метавон ном бурд.

Ҳамчунин бо қалами ӯ чеҳраҳои шинохтае чун Мартин Лютер, Катарина фон Бора, Индира Гандӣ, Валентина Терешкова, Фурӯғ Фаррухзод, Зиёдулло Шаҳидӣ тасвир шудаву бархе дар матбуот ба чоп расидаанд.

Поделка из бумаги школьницы Беназир Ализоды
© Фото : из личного архива Исфандиёра Назарова
Поделка из бумаги школьницы Беназир Ализоды

Моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Виттени Олмон нахустин намоишгоҳи офаридаҳои Беназир Ализода баргузор гардид.

"Ба рассомиву ҳайкалтарошӣ ва ҳунари чӯбкорӣ ҳиссу муҳаббати вижае дорам, — мегӯяд Ализода, — то ҳол дар курси алоҳидае ин ҳунарҳоро наомӯхтаам. Тули як ҳафта аз тарафи гимназия дар ҳунаристоне, ки наҷҷорон дар он фаъолият мекунанд, тавони худро дар кори наҷҷорӣ ва ҳунари рӯи гач озмудам. Сандуқчаи аз чӯб сохтаам ва кори дар рӯйи гач анҷом додаам, баҳои баланд гирифт. Мехоҳам пизишк шавам, вале ҳунари рассомиро ҳам мехоҳам фаро бигирам".

Беназир дар бораи дастсохтаҳояш аз коғаз, ки дар ин Намоишгоҳ онҳоро низ намоиш хоҳад дод, гуфт: "Ин анвоъи ҳунарро ман аз китобҳои русӣ ва асосан корҳои ҳунармандони рус омӯхтаву худро озмоиш кардам. Яъне хондаву дидаҳоямро хостам амалан бисанҷам. Албатта, дар чунин корҳо завқу салиқаи худро ба он афзудам, аммо чунин корҳоро набояд сирф кори халлоқонаи ман донист ва чунин корҳоро ман як саргармии баъди дарсҳо мешуморам". 

Рисунок школьницы Беназир Ализоды
© Фото : из личного архива Исфандиёра Назарова
Рисунок школьницы Беназир Ализоды
707
Барчаспҳо:
Kreativ, нигоргарӣ, намоишгоҳ, Große Hobbykünstler Verkaufsausstellung, Исфандиёр Назар, Беназир Ализода, Тоҷикистон-Олмон
Мавзуъ
Ҳунари ду насл: намоишгоҳи наққошиҳо дар Душанбе