Концерт Манижи в Москве

Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд

1260
(Таҷдидшуда 14:09 28.10.2017)
Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш мардуми Маскавро ба ваҷд овард

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шоми 27 октябр, овозхони номдори тоҷики муқими Русия-Манижа Сангин, дар толори зеботарини Маскав "Дом Союзов" барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисонаш гардонид. Ин дувумин барномаи ҳунарии Манижа дар Русия мебошад. Нахустин консерти ҳунарии Манижа моҳи май дар пойтахти шимолии Русия Санкт-Птеребруг баргузор шуда буд.

Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Ногуфта намонад, ки Манижа яке аз камтарин овозхононе ҳаст, ки аз технологияҳои замонавӣ дар омода кардани намоҳанг истифода мекунаду дар саҳифаи Instagram-аш беш аз 250 ҳазор аъзо дорад.

Ба барномаи ҳунарии Манижа нафаре бо дӯстдухтар, дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсинфон ва дигаре ҳам ҳамроҳи рафиқон омада буд.

Толори "Дом союзов" ҷои барҳавоеро мемонд, ки бо ивазшавии ҳар суруд бо ҷилоҳои рангоранг тамошобинонро ба дунёи ғайримаъмулии Манижа ворид мекард.

Расо соати 19:28 консерт оғоз шуд. Манижа ба саҳна баромаду мухлисон ӯро бо қарсакҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Овозхони тоҷик ҳунарнамоияшро бо суруди "Люстра", ки соли гузашта сабт шудаву ҳамакнун миёни мардуми рус ҳаводорони зиёде  пайдо кардааст, оғоз кард.

Концерт Манижи в Москве
© Sputnik Стас Этвеш
Концерт Манижи в Москве

Саҳна ва деворҳои толор бо мувофиқати ҳар суруд бо ҷилваҳои рангоранг оро дода мешуд. Дар тани Манижа ва навозандагонаш пӯшокҳое ғайримаъмулии аз матои сафед дӯхташуда буд, ки дар фазои ивазшавии ҷилоҳои деворҳои толор, ҷаззобияти хоссае дошт. Худи Манижа хабар дод, ин пӯшокҳои саҳнавиро барои ӯ ва навозандагонаш модараш тарроҳӣ кардааст.

Пас аз сароидани сурудҳои "I miss you", "I wish", ва "Люстра", Манижа бо хитоб ба тамошобинон "Шом бахайр", — гӯён хушомадед гуфт ва даст сари бар-тоҷикона аз ҳузури онҳо миннатдорӣ кард.

Бештари сурудҳои Манижа Сангин бо забони русӣ ва англисӣ сароида шуданд. Чанде аз сурудҳои тозаэҷодаш ҳам дар ҳамин консерт пешкаши мухлисонаш шуд, ки яке аз онҳо "Феноминали вумен" буд. 

Пеш аз оғози ин суруд, Манижа ба аҳли толор муроҷиат карду гуфт, ки ҳар як инсон шахсияти нотакрор аст ва агар аз ҷиҳати намуди зоҳирияш аз диарон фарқ кунад, ин бойгарии ӯст.

"Худро ранҷ  надиҳед ва беҳуда фикратонро машғул накунед, ки фарбеҳ ҳастед ё лоғар — шумо ягона дар ҷаҳон ҳастед", — мефаҳмонд Манижа муҳтавои суруди "ФеноминалиВумен"-ро ба мухлисонаш.

Концерт Манижи в Москве
© Sputnik Стас Этвеш
Концерт Манижи в Москве

Мардум ин сурудро хеле хуш пазируфтанду бо садо додани "браво" ва қарсакзаниҳои бепоёну тақдими гулдастаҳо меҳри худро ба овозхони дӯстдоштаашон баён мекарданд.

Дар воқеъ Манижа Сангин  аз рӯи саҳна бо тамошобион озод суҳбату шӯхӣ мекард ва чунин менамуд, ки  гӯё ин мардум дар меҳмонии Манижа қарор доштанд, на дар консерт.

"Чор сол пеш мо ҳамроҳи Манижа дар як курс таҳсил мекардем. Ногаҳон аксҳояшро дар Instagram дидему пас аз чаҳор сол инак мо ба консерташ омадем. Мо ба Манижа офарин мегӯем, чунки ӯ хеле моҳирона ва озодона бо мардуми толор суҳбат мекунаду гӯё ҳар яки онҳоро ҳис мекунад. Чунин менамояд, ки дар давоми консерт тамошобин ҳамроҳи ӯ ҳамсуҳбат аст, гӯиё ки ба меҳмониаш омадаӣ на ба консерт", — гуфтанд Вика ва София.

Концерт Манижи в Москве
© Sputnik Стас Этвеш
Концерт Манижи в Москве

Ин духтарон бори аввал дар консерти Манижа ҳузур доранд ва мегӯянд, ки ҳунарнамоиҳои баъдиашро низ интизор хоҳанд шуд.

Агар бархеро овозу ҷаззобияти худи Манижа тасхир карда бошад, дигаронро қобилияти ташкилотчигӣ ва озод будан дар саҳна ба ваҷд овард. Ҳар нафаре, ки дар консерти Манижа буд, ё дар телефонаш акс мегирифт, ё ба навораш мегирифт, ё бо ишораи Манижа ва навозандагон ба рақс медаромаду бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҳунарнамоии Манижаро қадр мекард.

Манижа бошад қабл аз шурӯъи ҳар як суруд ва бахусус сурудҳои тозаэҷодаш каме дар бораи таърихи пайдоиши онҳо ва ё сабаби пайдошавӣ нақл мекард. Масалан дар бораи суруди "Изумруд", ки суруди тозаэҷодаш ҳаст Манижа гуфт, ки ба ин шеър меҳри хоссае доад.

Концерт Манижи в Москве
© Sputnik Стас Этвеш
Концерт Манижи в Москве

"Номи ман Манижа, ки дар тарҷума аз забони форсӣ маънои "нозук"-ро дорад ва насабам Сангин-яъне санг. Пас ман санги нозук ҳастам", — нақл мекард овозхони тоҷик ба мухлисонаш.

Манижа сурудеро ҳам ба модараш бахшиду гуфт, ки "модарам нури удеми ман ҳаст ва ман ӯро беҳад дӯст медорам".

Ӯ аз ҳар як дастгирию кафкӯбиҳои мухлисон ба ваҷд меомаду ҳатто ҷое ҳам ашки шодӣ рехт.

"Ташаккур ки ба ман имконият медиҳед, чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро дар зиндагӣ аз сар гузаронам", — изҳори миннатдорӣ мекард Манижа.

"Ин хоҳари ман аст, духтари амакам. Ба ман эҷодиёти хоҳарам бисёр писанд аст. Боиси ифтихор ҳаст, ки миёни намояндагони миллати мо чунин овозхонони боистеъдод ҳастанд, ки дар чунин сатҳи баланд ҳунарнамоӣ мекунанд", — гуфт Зариф бародарзодаи Манижа Сангин ва афзуд, ки суруди дӯстдоштааш аз эҷодиёти Манижа "Люстра" аст.

Консерт ба охир расиду мардум намехост  меҳмонии Манижа Сангинро тарк кунанд. Пас аз чанд лаҳзае, ки аллакай эълони ба охир расидани консерт садо дод, мардум бо даъвати идомаи консерт толорро тарк намекарданд.

Манижа ин аҳволи мухлисонашро дида бозгашту бори дигар суруди "Люстра"-ро ҳамроҳи тамошобинон суруд. Ҷо ҷое фақат мухлисон месароиданду Манижа ба сифати дирежжер овозхонии мухлисонашро идора мекард. Пас аз анҷоми ин суруд, Манижа ва гурӯҳи эҷодияш ба тамошобинон хайру хуш карданду сари таъзим фурӯд оварда толорро тарк карданд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар давоми ду соат бо овози зинда бо шухию маслиҳат суҳбату дастгирӣ Манижа Сангин халқи русро мафтуни худ карду онҳоро ба ҷаҳони рангини худ бурд.

1260
Барчаспҳо:
консерт, Манижа Сангин, Москва