Модели тоҷик Ёсуман Холова, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон бори аввал озмуни зебогии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад

86
(Таҷдидшуда 14:04 28.10.2017)
Озмуни зебогӣ "Озмуни зебоӣ ва истеъдоди хонумон ва ҷанобони Тоҷикистон" унвон шудааст. Дар он аз кӯдакони 3 -сола то ҷавонони 22-сола метаванонд ширкат варзанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бунгоҳи моделии New Era хабар медиҳад, ки бори аввал дар Тоҷикистон озмуни зебогии кӯдакон, наврасон ва ҷавононро баргузор мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, озмун дар панҷ номинатсия баргузор гардида, дар он аз кӯдакони 3-сола то ҷавонони 22-сола ширкат варзида метавонанд. Озмуни зебогӣ "Озмуни зебоӣ ва истеъдоди хонумон ва ҷанобони Тоҷикистон" унвон шудааст. Созмондиҳандаи он бунгоҳи моделии New Era мебошад.

Ғолибони озмун бо шаҳодатнома ва тӯҳфаҳо сарфароз хоҳанд шуд. Ҳамчунин ғолибон метавонанд дар курсҳои гуногуни бунгоҳи моделӣ ройгон таҳсил кунанд.

Пештар бунгоҳи моделҳои New Era дар заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи мӯд бо Анҷумани фарҳангӣ ва Маркази таҳиягарии тарроҳони Куреи Ҷанубӣ қарордод баста буд.

Созишнома пас аз сафари кории мудири New ERA Fashion House & Producer Center Ниссо Қаюмова ба имзо расид.

"Бунгоҳи моделҳои мо ба намояндагони фарҳанги Куреи Ҷанубӣ ҳангоми баргузор намудани шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Куре писанд омада буд. Дар натиҷа пас аз намоиши тарҳи ҷадид аз New ERA ин қарордод баста шуд",- гуфта буд Ниссо Қаюмова.

86
Барчаспҳо:
бунгоҳи моделҳо, Ёсуман Холова, Тоҷикистон
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

650
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

650
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Рахимзода посетил семью Эмомовых

Ҳадяи хотиравии Аҳмадзода ба хонаводаи Эмомовҳо

0
(Таҷдидшуда 17:14 03.08.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз хонаводаи аз хонаводаи Эмомовҳо боздид карда ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Манбаъ афзуда, ки оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.

"Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

0
Барчаспҳо:
ҳадя, кумак, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд