В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон

Нахустин ҳакатон: ҷавонони тоҷик дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъотро осон карданд

68
(Таҷдидшуда 20:56 31.10.2017)
Нахустин марафони барноманависӣ ё ҳакатон дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар раванди он барноманависони ҷавон раҳнамои хадамоти давлатиро падид оварданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik, Фотима Яҳёева. Дар шаҳри Душанбе нахустин ҳакатон ё марафони барноманависӣ баргузор шуд, ки дар раванди он 15 барноманависи ҷавону фаъол даргоҳи интернетӣ барои дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ, беҳбудсозии хадамоти мусофирбарӣ ва ҳамкории шаҳрвандон бо ниҳодҳои шаҳрдориву кишвардориро падид оварданд.

Ин ҳакатон 10 рӯз идома дошт ва саранҷом рӯзи якшанбе, 29 октябр аз дастовардҳояш натиҷагирӣ кард. Фаъолтарин ширкаткунандаҳо дар ин ҳакатон бо ҷоизаҳои нақдӣ тақдир шуданд. Маблағи кулли ҷоизаҳои ин марафон 20 ҳазор сомонӣ ё 131 ҳазор рубл буд.

"Ҳадаф аз баргузории ҳакатонҳо дар саросари ҷаҳон падид овардани барномаест, ки барои ҷомеъа судманд бошад. Мо низ чунин ҳадаферо барои худ қарор додем ва дар як ҳафта платформеро падид овардем, ки пойтахтнишинонро ёрӣ медиҳад на танҳо мушкилоти ҳаррӯзаашонро ҳалл кунанд, балки дар зиндагии шаҳр низ фаъолона ширкат кунанд", — гуфт Масрур Ишонов, мудири рушди фанновариҳои иттилоъотии Бошгоҳи корофаринони ҷавон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай гуфт, ки дар раванди ин ҳакатон вебгоҳҳо ва барномаҳову нармафзорҳои корбурдӣ дар се бахш офарида шуданд, ки дастрасӣ ба хадамоти давлатиро осон карда, хадамоти мусофирбариро дар шаҳр беҳбуд мебахшанд ва шаҳрвандонро дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои шаҳрдорӣ фаъолтар мекунанд.

"Мо аз панҷоҳу чанд кас дархости ширкат дар ин ҳакатонро дарёфт кардем ва аз онҳо танҳо 15 касро интихоб кардем, ки дар риштаҳояшон беҳтарин буданд. Дар он миён барноманависҳо, тарроҳон, варзишкорон, донишомӯзону омӯзгорону устодон ва кунишгарон дар ҳар заминае буданд. Ҳадафамон ин буд, ки ҷавононро барои падид овардани барномаҳои судманд барои ҷомеа ва кишвар гирд оварем", — таъкид кард Масрур.

В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон
© Фото : Джахонгир Иркаев
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон

Дар миёни он беҳтаринон донишҷӯи Донишгоҳи русӣ — тоҷикӣ Виктория Петрова низ буд, ки дар падид овардани роҳнамои хадамоти давлатӣ саҳми арзанда гузоштааст.

"Барои фароҳам овардани ин роҳнамо бояд додаҳову иттилоъотро аз бахшҳои шиноснома дар ВКД ҶТ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Идораҳои сабти аҳволи шаҳрвандон, бонкҳо ва дигар созмонҳову ниҳодҳои давлатӣ дарёфт ва радабандӣ мекардем. Акнун ҳар корбаре метавонад аз ин роҳнамо иттилоъоти дақиқ дар бораи хадамоти давлатӣ ва нарху таърифашон ба даст орад, ё дар созмону ниҳоде худро номнавис кунад, ва ё барои дарёфти гувоҳиву иттилоъе сарбаргҳоро электронӣ пур кунад. Ҳамчунин метавонад феҳристи асноди даркорӣ барои дарёфти шиносномаи нав, ё ном ба ном кардани манзил ва ё дигар иттилоъотро дарёфт кунад", — гуфт Виктория.

Ин роҳнамо ба ду забон — тоҷикӣ ва русӣ иттилоърасонӣ хоҳад кард. Созандагони он ҷоизаи нақдии 8800 сомонӣ дарёфт карданд, ки баробар бо 1 ҳазор дулор аст.

Ҷоизаи дувумро созандагони тарҳи M'City дарёфт карданд, ки қарор аст шаҳрвандонро ба ҳамкории бештар бо ниҳодҳои шаҳрдорӣ ва кишвардорӣ фаро хонад. Дар даргоҳи ин тарҳ ҳар шаҳрванде метавонад пешниҳоду итбикороти худро бо дигарон ҳамрасонӣ кунад.

Созандагони ин тарҳ 6160 сомонӣ дарёфт карданд, ки баробар бо 700 дулор аст.

Ҷоизаи севумро падидоварандагони платформи беҳбуди роҳнамоиву ронандагӣ дар шаҳр ба даст оварданд, ки баробар бо 4400 сомонӣ ё 500 дулор аст.

Ин ҳакатон дар чорчӯби Соли ҷавонон бо ибтикори Бошгоҳи корофаринони ҷавон ва Бунгоҳи "Ҷомеаи боз" дар Тоҷикистон баргузор шуд.  

В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон
© Фото : Джахонгир Иркаев
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон

 

68
Барчаспҳо:
марафони барноманависӣ, ҳакатон, Бунгоҳи "Ҷомеаи боз", Бошгоҳи корофаринони ҷавон, Масрур Ишонов, Тоҷикистон-Душанбе
Мавзуъ
Трафики интернет дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт
Шикори теруристҳо дар Интернет: Тоҷикистон роёпулис роҳ андохт
Муллоҳои тоҷикро тавсия доданд, ки интернет ва компютерро омӯзанд
Корбарони интернет дар Тоҷикистон пайгирӣ хоҳанд шуд
Рустам Эмомалӣ ҷавонони интернетдонро дастгирӣ мекунад