Ёсуман Исмонзода, Манижа Тошболтаева и посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Рози тезҳушии Манижа ва Ёсуманро ошкор кардем

1640
(Таҷдидшуда 19:15 08.11.2017)
Ин духтарон мояи ифтихори ҳама мардуми Тоҷикистон шудаанд – пирӯзии онҳо дар олимпиади риёзии зеҳниро худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон арзёбиву арҷгузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik, Лев Рижков. Донишомӯзони тоҷик Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзодаро дар ҳама кишварҳои пасошуравӣ аз барномаи шабакаи "Россия 1" "Удивительные люди" мешиносанд.

Хабарнигори Sputnik бо ин духтарони номдор дар сафорати Тоҷикистон дар Русия дидор кард.

Бо худ гармӣ оварданд

Духтарон шомгоҳон ба сафорат расиданд. Иттифоқан, омаданашон ҳам ҳайратангез буд. Як рӯз пеш аз омаданашон ҳаво чунон сард шуда буд, ки гӯё дар манотиқи марказии Русия зимистон фаро расида бошад. Вале он рӯз ҳаво ғайричашмдошт чунон гарм шуд, ки гӯё поёни тобистон бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Он шом хомӯшии кӯшки сафоратро садои шӯхиву хандаи кӯдакон пур кард. Кӯдакон, ки тоза аз фурудгоҳ расидаанд, ҳеч нишонае аз хастагӣ аз парвози чандсоата надоранд. Баръакс, энержиашон ҳасудии касро меорад.

"Шумо шояд хаста шудаед?— пурсидам аз раҳбари кӯдакон. "На, аслан!" — хандакунон мегӯяд вай. "Хунук нахӯрдед?" — боз кунҷковона пурсидам аз ӯ. "На, баръакс, мо барои шумо бо худ офтоб овардем, — мегӯяд ин зан. — Дирӯз инҷо боду барф буд. Аммо имрӯз ҳаво офтобист. Аммо муҳим ин аст, ки гармӣ дар дилҳо бошад".

Раҳнамои кӯдакон Виктория Коробкина ном дорад. Ӯ мудири кулли Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" ва модари Манижа Тошболтаева аст, ки ҳамакнун бсиёре аз мардумон дар кишварҳои пасошуравӣ ӯро чун "духтар-радар" мешиносанд.

Манижа Тошболтаева
© Sputnik Стас Этвеш
Манижа Тошболтаева, архивное фото

"Ман 20 сол боз дар заминаи омӯзишу парвариш фаъолият дорам, — мегӯяд Виктория. — Соли 2011 ман унвони "Омӯзгори соли Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дарёфт карда будам. Ҳануз ҳамон замон ният доштам кореро оғоз кунам, ки монандашро дар Тоҷикистон касе накарда бошад. Гумон дорам, ки он тасмимамон барои ҳамкорӣ бо "Абакус-центр" дуруст буд. Корамонро 8 августи соли 2016 оғоз кардем ва дар як сол риёзии зеҳниро дар Тоҷикистон чунон густариш додем, ки нахустин натиҷаҳояшро Шумо худ шоҳид ҳастед".

Понздаҳ шогирди тезҳуши он омӯзишкада, ки 6 то 16-сола ҳастанд, ба Маскав омадаанд. Дар миёнашон пианинонавозону виолоннавозони соҳибистеъдод ҳам ҳастанд. Богдан ном писаре низ ҳамроҳашон аст, ки ҳарчанд ҳануз хурдсол аст, вале шаш бор қаҳрамони шатранҷи Тоҷикистон шудааст.

"Риёзии зеҳнӣ шохае аз илм аст, ки ҳарду нимкураи мағзи сари кӯдакро рушд медиҳад, — тавзеҳ медиҳад Виктория. — Аз 4 то 16-солагӣ мағзи инсон чун пластилин аст. Ҳарчанд бештар донишу иттилоъ воридаш кунед, ҳамон андоза боздеҳаш бештар мешавад. Дар ҳамин синн аст, ки кӯдак аз шумориши гуфторӣ ба тасвири эҷодӣ мегузарад. Ва афзун бар ин кӯдакон кор бо дасти чапро ҳам ёд мегиранд. Мо бозиҳои мантиқӣ мекунем, бозиҳо барои тамаркузи таваҷҷуҳ анҷом медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки ҳофизаи аккосии кӯдаконро рушд диҳем".

Аксари волидон дар марҳилаи аввал ба риёзии зеҳнӣ бо нигаронӣ бархӯрд мекунанд. Вале, вақте кӯдак пас аз ду — се моҳ натиҷаи нахустинро намоиш медиҳанд, бархӯрдашон комилан дигаргун мешавад.

"Манижа духтари ман аст, — мегӯяд ӯ. Вале ӯ нахуст намехост дар омӯзишкадаамон таҳсил кунад. Ман борҳо аз ӯ хоҳишу дархост карда будам, вале духтарам то замоне, ки нахустин олимпиадамонро надид, намехост ба мо бипайвандад. Дидаҳояш дар озмун ӯро шигифтзада кард. Вале муҳимтар аз ин эҳсоси пирӯзӣ аст. Барои кӯдак ин эҳсос бисёр муҳим аст. Агар инсон худро муваффақ эҳсос кунад, дар воқеъ чунин мешавад".

Муаррифии Тоҷикистон

Ин замон сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳам наздамон омад. Ҳамаро ба толори пазироӣ фаро хонданд. Аз суҳбати сафир бо кӯдакон эҳсос мешавад, ки ӯ ба вундеркиндҳои кишвараш ифтихор дорад. Ӯ хеле содда мефаҳмонад, ки айни замон кишвар ба ҷавонони соҳибистеъдод ниёд дорад ва онҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ҳастанд. Замоне, ки кӯдакон барои нӯшидани чой бо ширинӣ мераванд, Сатторов бо Sputnik суҳбати кӯтоҳе мекунад.

Дети в посольстве Таджикистана
© Sputnik Стас Етвеш
Дети в посольстве Таджикистана

"Албатта хуш аст, вақте ки кӯдакони мо имкон доранд ба дигар кишвар омада дар бораи худ, мардуми худ нақл кунанд, — мегӯяд сафир. — Ин чизест, ки дар айни замон камӣ мекунад. Ман фирк мекунам, ки миёни кишварҳои мо камии маълмуот вуҷуд дорад. Мо дар як фазое бо номи ИДМ ё Иттиҳоди Шӯравӣ ба сар мебарем, вале дар бораи якдигар бисёр кам медоннем".

Дети в посольстве Таджикистана
© Sputnik Стас Етвеш
Дети в посольстве Таджикистана

Ба гуфти сафир бисёр муҳим аст, ки расонаҳо на фақат дар бораи ҷинояту теруризм хабар бидиҳанд.

"Бояд аз он гуфт, ки моро муттаҳид мекунад. Мо бояд аз он сухан гӯем,ки моро ба ҳам меорад. Ва мо умумияти бисёре дорем. Агар милюн шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият кунад, пас милюн риштае ҳаст, ки халқу кишварҳои моро ба ҳам мепайвандад. Ман фикр мекунам, ки ҳузури фарзандони мо дар ин росто бисёр муҳим аст. Фикр мекунам, ки аксари шаҳрвандони Русия духтатрони моро тариқи телевиизон дидиа Тоҷикистон аз нав кашф карданд".

Рози ишораҳо

Суҳбаткунон бо сафир мо назди духтарони машҳури Тоҷикистон рафтем.

Ёсуман Исмонзода духтараки ороми хоксору наҷибе аст. Ӯ нахустин бор ба дарси риёзии зеҳнӣ моҳи сентябри соли гузашта ҳамроҳи бародараш омадааст.

Ёсуман Исмонзода
© Фото : Стоп кадр с программы на телеканале Россия-1

Онҳо дар хонавода панҷ фарзанданд. Ёсуман як бародари бузург дораду ду бародари хурд ва як хоҳар. Ба гуфти Ёсуман, худи ӯ то нахустин озмун дарак надошт, ки то чӣ андоза метавонад муваффақ шавад. Аммо акнун ӯ дорои шаш медали тилло аст.

"Ман худам ҳам намедонам, ки чӣ тавр метавонам ҳисоб кунам. Ба фикри ман ин бисёр кори осон аст, вале касе инро такрор карда наметавонад".

Пурсон мешавам, ки ҳангоми шумориш ӯ бо ангуштонаш чи ишораҳое мекунад.

Донистам, ки ин ишораҳо ҳисоби абакус будааст. Ёсуман ин рақамҳоеро барояш воруна нишон медиҳанд, дар зеҳнаш тасвир кардаву шумориш мекунад ва натиҷаи дурустро мебарорад.

Модари Ёсуман кадбону асту падараш дорусоз. Вақте духтарашонро ба барномаи шабакаи Русия даъват карданд, онҳо албатта шод шуданду вале нигаронӣ ҳам карданд. Ёсуман изҳор дошт, ки худ ҳам ҳаяҷонзада буду ҳарос дошт, ки дар барнома иштибоҳ накунад.

Ёсуман Исмонзода и посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
© Sputnik Стас Етвеш
Ёсуман Исмонзода и посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Ёсуман орзу дорад дар оянда иқтисоддон шавад.

Аз бомдоди зуд то дерҳангоми шом

Манижа Тошболтаева истеъдоди аҷиби табиъӣ дорад. Вай суръати ҳаракати худравҳоро дар як нигоҳ муайян намекунад, балки онро бо формула ҳисоб мекунаду натиҷаро зуд баровард мекунад. Дар умум Манижа бовар надоштааст, ки ин дар кор муваффақ мешавад.

"Ман дигар пешаеро барои худ интихоб кардаам. Чаҳор сол боз ба овозхонӣ машғулам ва робототехникаро дӯст дорам. Ман аввал намехостам, ки мағзамро машғули риёзӣ кунам, ба дарс ҳам тасодуфан даромадам. Вале акнун бе ин машғулиятам наметавонам ба сар барам".

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар оянда Манижа мехоҳад ҳунарманд шавад. Ё ҳунарпеша ё овозхон.

"Ҳангоми наворбардории барнома ман ҳаяҷонзада шудам. Наворбардории барнома берун аз студия субҳи зуд оғоз шуд. Соати 4 бомдод мо ба роҳ баромадем. Он ҷо бисёр сард буд. Ва ман бисёр тарс доштам. Хуб буд, ки модарм дар барам буду маро дастгирӣ мекард. Ба студия бошад мо шаб дер рафтем. Ман мехостам хоб кунам. Барои ҳамин дар барнома ҳаяҷон надоштам. Рӯшанӣ ба ман нигарон буд ва ман танҳо доварону муҷрии барноморо медидам. Барои ҳамин ман тарс надоштам".

Бояд гуфт, ки духтароне, ки дар саросари қаламрави пешини ИҶШС номдор шудаанд, бисёр хоксор ҳастанд. Онҳо дар назди дигар кӯдакон ҳаво намегиранд. Чаро? Чунки ҳаряк мувафаққият ин кори тасодуфӣ аст. Чун дигар кӯдакон бадтар нестанд. Дар пойтахти Русия онҳо имкон доранд истеъоди худро намоиш диҳанд. Ва чуноне мо хабар дорем ин намоиш барояшон мақоми аввал дар озмуни байнулмилалӣ анҷом ёфт.

Вундеркиндҳои Тоҷикистон борҳо боз шуморо дар ҳайрат хоҳанд гузошт. Ман инро бо боварии том мегӯям! Тоҷикистон метавонад ба онҳо ифтихор кунад.

1640
Барчаспҳо:
Имомуддин Сатторов, Тоҷикистон, Русия
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

250
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

250
Музаффар Имомдод

Музаффар Имомдод: аз воҳимаи COVID - 19 дар ВМКБ то ризокории 3000 ҷавон ва сахои мардум

3547
(Таҷдидшуда 15:19 23.06.2020)
Музаффари Имомдод, ризокор, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Цавор куен" (Чор кӯҳ) дар Facebook дар бораи вазъи COVID - 19 дар ВМКБ, кумаки хайрхоҳон ва 11 соли ихтиёрӣ буданаш гуфт

ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Музафари Имомдодро корбарони Facebook чун шахси фаъоли ҷамъиятӣ ва ризокори ҳамеша омодаи кумаку ёрӣ мешиносанд. Ӯ аз рӯзҳои аввали шуюи COVID - 19 дар Тоҷикистон, ба хайрхоҳон муроҷиат карда, бо маблағи ҷамънамуда ба табибони Суғду, Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кард.

Ҳар рӯз дар саҳифааш дар Facebook наворе дар бораи расонидани кумак ба табибони ин ё он минтақаи кишвар пайдо мешавад. Чун худи ӯ мегӯяд, "бояд хайрхоҳон бидонанд ва бубинанд, ки маблағи онҳо дар куҷо ва чӣ гуна ҳазина мешавад".

Аз Русия то Африқо

Дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 расман 15 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардид. Пас аз як рӯз Музаффар бо наворе барои ҷамъ овардани маблағ барои кумак ба пизишкон ба мардум муроҷиат кард. Ба гуфти ӯ бародарони саховатпеша аз Русия то Африқо занг мезаданду маблағ равон мекарданд.

"Аввал бародарон аз Русия ва аз худи Тоҷикистон кумак карданд. Баъдтар аз Олмон, Африқо, Амрико ва дигар кишварҳо низ маблағ равон карданд. Пас аз се рӯзи муроҷиат мо маблағи ирсолкардаро гирифта, 70-дона либоси вижаи муҳофизатӣ харидем ва ба пизишкони навоҳии гуногун аз Ҷилликул то шаҳри Хуҷанду Ёвон расонидем. Пули равоннамудаи хайрхоҳон дар умум наздики 50 ҳазор сомонӣ шуд. Аз ин маблағ аз номи ризокорони ВМКБ ба зарадидагони фоҷиаи Хуросон 10 ҳазор сомонӣ равон карда шуд", - гуфт Музаффар.

Музаффар аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки мардуми тоҷик ҳиммати баланд доранд ва саховатпешаанд.

"Ростӣ ман бо мардуми хайрхоҳамон ифтихор мекунам", - мегӯяд ӯ ва ба ҳамаи ашхоси саховатпеша ва ихтиёриён, барои хизматашон изҳори сипос мекунад.

Вазъи COVID - 19 дар ВМКБ: аз воҳима то оромии рӯҳӣ

Музаффар рӯзи 9 май барои кумак ба пизишкон ба ВМКБ сафар кард ва инак беш аз ду моҳ мешавад, ки ӯ дар хизмати халқ аст. Ба фикри ӯ? маризии коронавирус худ онқадар вазнин нест, вале ваҳму воҳимааш барои фаҳмиш душвор аст.

"Рӯзҳои аввал мардумро ваҳму воҳима пахш карда буд. Онҳо дар бораи маргу мир аз ин маризӣ, ки бахусус дар кишварҳои Урупо зиёд буд, шунида буданд ва ба таҳлука афтода буданд",-изҳор дошт ӯ.

Музаффар ҳамроҳи дигар ризокорон барои кумак ба пизишкон қариб ба ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва қишлоқҳои дурдаст сафар карданд. 

"Мо аз қишлоқҳои ноҳияи Ванҷ, Рӯшону Бартанг, Шуғнону Ишкошим ва то Мурғоб сафар карда, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, маҳлулҳои зиддиуфунӣ бурдем. Фақат Язгулом ва қишлоқҳои болоии ноҳияи Шоҳдара мондааст, ки насиб бошад пас аз се рӯз бо кумаки вижа барои хонаводаҳои ниёзманд, сафар хоҳем кард", - гуфт Музаффар.

Мусоҳиб мегӯяд вазъияти беморӣ дар ВМКБ дар ягон ҷо вазнин набуд, чун аз рӯзҳои аввал ҳам духтурон ва ҳам ризокорон барои пешгирии он кори зиёде анҷом доданд. Созмонҳои гуногун аз қабили Бунёди Оқохон оид ба тандурустӣ, ширкати Памир энерҷӣ ва Ҳукумат барои пешгирии беморӣ кумак карданд.

"Чун зичии аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ бештар аст, ин ҷо маризон бештар буданд. Дар водии Бартанг дар кишлоки якум - Шуджанд танҳо як бемор буд. Шукри Худо дар дигар деҳаҳои Бартанг нафаре бемор набуд. Мо ба қишлоқҳои дурдасти Бартанг аз номи Ҳукумат се либоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва аз номи ризокорон ниқобҳоро бурдем", - нақл кард Музаффар .

Дар ВМКБ то 20 июни соли равон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҳдудиятҳо - равуо миёни навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ, ҷорӣ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад мардуми ин вилоят ба зиндагии муқаррарии худ бозгаштааст.

"Феълан мардум бе ҳарос ба корҳои саҳроӣ ва хоҷагидорӣ машғул ҳаст. На бузургсолон ва на ҷавонон дигар аз ин беморӣ ҳарос надоранд, чун дарк карданд, ки он ҳам мисоли зуком гузаранда аст, албатта на барои ҳама", - гуфт Музаффар ва афзуд, ки мардум рӯҳан ором шудаанд.

 Чаро ВМКБ барои роҳ надодани COVID - 19 омода набуд?

Коронавируси навъи COVID - 19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва бар пояи гузориши расмӣ ба Тоҷикистон пас аз 4 моҳ, 30 апрели соли 2020  расид. Мебоист Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ҳаматарафа омода мешуд. Музаффар мегӯяд "қаҳрамонони рӯз" - пизишкон барои мубориза бо ин маризӣ омода буданд, вале имконияти пешгирии онро надоштанд.

"Фикр мекунам пизишкон барои табобати маризони коронавирус омода буданд, аммо лавозимоти муҳофизатӣ ва доруву даво надоштанд. Чун ба ҳар қишлоқе, ки мо сафар мекардем ва ба ҳар марказҳои табобатӣ, ки мерасидем, бо чашмони худ медидем, ки пизишкон либоси муҳофизатӣ надоранд", - шарҳ дод Музаффар. 

Сабаби аслии роҳ ёфтани коронавирус ба ВМКБ-ро Музаффар дар камаҳамиятӣ ва бедиққатӣ мебинад. Ба гуфти ӯ танҳо бо кумаки ризокорон ва шахсони саховатпеша мешуд паҳншавии COVID - 19 - ро дар ВМКБ пешгирӣ кард.

11 соли ризокории Музаффар ва кумаки 3000 ихтиёрӣ дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар Бадахшон

Ризокор ё ихтиёрӣ - шахсест, ки бемузд ба нафари дигаре хизмат мекунад. Аз давраҳои қадим чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон, мардуми Бадахшон бештари кори худро тариқи ҳашар - кори дастаҷамъонаи бемузд анҷом медоданд. Қариб ҳамаи хонаҳои помирӣ, ки имрӯз дар Бадахшон ҳастанд тариқи ҳашар - ё бо қувваи ихтиёриён сохта шудаанд.

Музаффар ризокориро аз арзишҳои волои мазҳаби худ медонад. Ӯ мегӯяд аз кумак кардан ба дигарон ҳаловат мебарад ва бо ин роҳ мехоҳад дилеро шод кунад.

"Ризокорӣ аз арзишҳои мазҳаби ман аст. Бо ин арзишҳо ман метавонам диле ба даст оварам. Дар навбати аввал ман аз коре, ки барои шахсе анҷом медиҳаму ӯ шод мешавад, ҳаловат мебарам, махсусан кумак ба бузургсолон, кӯдакон ва ниёзмандонро дар назар дорам", - гуфт Музаффар ва афзуд ки беш аз 11 сол ӯ дар хизмати халқ аст.

"Ҷое мешавад, ки нафареро бепул бо хадравам ба манзилаш мерасонам, ҷое мешавад, ки бо кумаки дӯстонам мушкили касеро ҳал мекунам".

Дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар ҳар қишлоқи ВМКБ гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби ҷавонон ва фаъолони ҷомеа ташкил шуд, ки тартибу интизом ва риояи қоидаҳои қарантиниро назорат мекард. Онҳо намегузоштанд, ки меҳмонони аз шаҳри Душанбе расида бе гузашти 14 рӯз бо дигарон ҳамсуҳбат шаванд, ё нафаре бидуни ниқоб аз хона берун равад, ё дар кӯча масофаи иҷтимоиро риоя накунад.

Ба ҳамаи ин корҳо беш аз 3000 ризокор банд буд. Шояд ҳамин якдиливу омодаи кумак будани халқ, буд, ки мардуми Бадахшон авҷи аввали  COVID - 19 - ро бидуни талафоти зиёд паси сар карданд.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки бино ба пешбинии ҳамагиршиносон мавҷи дуюми COVID - 19 дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест ва ҳамоно бояд риояи қоидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтиоию пӯшидани ниқоб фаромӯш нашавад.

То 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

3547
Барчаспҳо:
сукунати ихтиёрӣ, ихтиёрӣ, вазъ, вируси нав, Музаффари Имомдод, Тоҷикистон

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон