Анна Муъминова Зебосанами ҷаҳон-2017

Анна Муъминова зеботарин духтари дунё шинохта шуд

1228
(Таҷдидшуда 14:58 13.11.2017)
Татяна Фомичова аз Маскав унвони "Муовини аввали зебосанами ҷаҳон-2017" ва Мария Демидова аз Новокузнетск унвони "Муовини дуюми зебосанами ҷаҳон-2017"-ро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Мудели тоҷик Анна Муъминова зеботарин духтари дунё шинохта шуд. Дар ин бора дар торномаи ташкилкунандагони озмун хабар дода шудааст.

Дар баробарин тоҷикдухтар, Татяна Фомичова аз Маскав унвони "Муовини аввали зебосанами ҷаҳон-2017" ва Мария Демидова аз Новокузнетск унвони "Муовини дуюми зебосанами ҷаҳон-2017"-ро соҳиб шуд.

Бо гирифтани мақоми аввал Муъминова ба ҳайъати доварони озмуни "Зеботарини ҷаҳон-2018", ки моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз зеботарин казиноҳои ҷаҳон Monte Carlo Las Vegas дар Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад, ворид шуд.

Дар саҳифаи фейсбукии худ ин духтари тоҷик ба тарроҳ Умед Кучкалиев барои дӯхтани куртаи миллии тоҷикӣ ва ҳамаи онҳое, ки ӯро дар ин роҳ дастгирӣ карданд, изҳори сипос кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки намояндаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон" роҳхат гирифт.

Анна 26 сол дошта, мудели касбӣ мебошад ва соҳиби маълумоти олӣ дар бахши иқтисод аст.

1228
Барчаспҳо:
зебосанам, озмун, Ҷаҳон
Мадина Акназарова

Нашри дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова - видео

1723
(Таҷдидшуда 12:52 11.09.2020)
Ду сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон, Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди гурӯҳи "Парем"- ро бозхонӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 сен  — Sputnik. Овозхонони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди дуэт иҷро карда, шакли пурраи онро дар шабакаи Youtube нашр кардаанд.

Онҳо яке аз сурудҳои машҳури гурӯҳи "Парем"- "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карданд. Дар ин бора ҳам Чоршанбе Аловатов ва ҳам Мадина Ақназарова дар саҳифаҳои расмиашон дар Инстаграм хабар додаанд.

Мадина дар ин росто ба гурӯҳи "Парем" барои додани иҷозат барои бозхонии ин сурудашон изҳори сипос кардааст.

"Сипоси бепоён аз гурӯҳи "Парем" барои ин суруд. Ин зебо аст", - навиштааст Мадина.

Мухлисони ин ду овозхони ҷавон аз дуэт истиқбол карда ҳунари ҳар дуро баланд баҳогузорӣ кардаанд. 

"Чоршанбе худро дар сатҳи минтақавӣ бисёр хуб нишон дод. Ҳунари ӯ, Худодод аст ва ба шарҳе ниёз надорад. Мадина ва Чоршанбе бисёр хуш менамоед", - навиштааст корбаре дар шабакаи  Youtube.

Дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова: суруди "Парем" - ро бозхонӣ карданд - видео

Ёдрас мешавем, ки ахиран Чоршанбе Аловатов суруди "Масти ту ҳастам" - и овозхон Самандар Пӯлодовро бозхонӣ кард.

Мусиқӣ ва тарзи сурудани овозхони ҷавон Чоршанбе Аловатов аз Самандар Пӯлодов каме мутафовит аст. Бо усули нав иҷро шудани ин сурудро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дарёфт намуда, истеъдоди баланди Чоршанбеи ҷавонро зикр карданд.

1723
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нашр, суруд, дуэт, Мадина Ақназарова
Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва шери нар - и наваш - видео

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

4946
(Таҷдидшуда 17:20 18.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

4946
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0