Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия

Нобовар Чиноров: дар ситоиши Худо расонотарин забон форсии тоҷикӣ аст

1158
(Таҷдидшуда 16:37 15.11.2017)
Нобовар Чиноров овозхони гурӯҳи ҳунарии "Шамс" ҳадаф дорад аз ин пас бештар фарҳанги мусиқоии мардумро баланд кунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя- Sputnik, Нилуфар Некқадам. Овозхони номдор Нобовар Чиноров бо гурӯҳи ҳунарии "Шамс" дар Маскав бо сурудҳои нав дар консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" ҳунарнамоӣ кард.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи ин консерт бо вай суҳбати сарироҳие кард.

Тамошобинон чун ҳамеша гурӯҳи "Шамс"-ро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуда буд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд. Бунёдгузорони аслии ин гурӯҳ сароянда, оҳангсоз ва ҳунармандони номӣ Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков ҳастанд. Дар ин гурӯҳ ҳунармандоне ҷамъ омадаанд, ки ҳисси мусиқоӣ, андеша ва ҳадафашон ҳамсон буд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Мо аз Нобовар Чиноров рози муваффақияти гурӯҳи "Шамс"-ро ҷӯё шудем.

"Мо ҳаводоронамонро бисёр дӯст медорем. Ҳар сурудеро, ки эҷод мекунем аз дили мардум бар хоста аст. Ҳар суруди мо дар заминаи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ эҷод мешавад, хоҳ мо рок бисароем ва хоҳ поп. Бо ин роҳ тавонистаем дар дили мардум ҷо шавем. Ба даст овардани дилҳо ҳунар аст", — гуфт Нобовар Чиноров.

Аммо дар ин консерт гурӯҳи "Шамс" таронаҳои шӯху шӯрангезро камтар суруду бештар дар ситоиши Худову расул ва оромиши руҳу равон шеър хонд. Нобовар Чиноров худ ин сабки навро "тақозои замону макону синну соли худи гурӯҳи "Шамс" хонд.

"Мавзуъи ҳунарнамоии имрӯзи мо бештар ҷаҳони ботин аст. Бо гузашти замону сол гурӯҳи "Шамс" худ ҳам акнун барои таронаҳои ором мувофиқ аст. Бегумон, ҷои суруду рақс дигар аст ва дар дигар барномаҳо мо боз бештар ба сурудҳои шӯх бармегардем, вале имшабро кӯшиш кардаем бо суруду оҳанг фарҳанги мусиқоии ҳаммеҳанонамонро рушд диҳем", — гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бегумон Нобовар бо рақсидану пойкӯбӣ дар консерт мухолиф нест, вале мегӯяд, ки ҳар ҳаракат ҷову макони худро дорад.

"Рақси мо бисёр зебо аст, чӣ рақси занона ва чӣ мардона. Мо шод мешавем, вақте мардум дар ҳавои таронаҳои мо рақс мекунанд, вале он бояд зебо бошад, бояд тоҷикона бошад. Агар мардум дар навои сурудҳои тоҷикӣ рақси урупоӣ кунад, ин ҷур намеояд", — гуфт Нобовар Чиноров.

Дар консерте, ки 12 ноябр дар толори "Россия" баргузор шуд, бештари шеърҳо ҷанбаи динӣ доштанд. Маъмулан чунин шеърро "мадҳия" меноманд, ки мавзуъяшон ситоиши Худову пайғамбар аст. Гурӯҳи "Шамс" низ чанде аз мадҳияҳои маъруфро бо оҳангҳои нав суруд ва чанде аз тамошобинон ба рақс бархостанд.

"Мадҳия рақси худро дорад, ин навъи дигари рақс аст. Албатта бисёр ҷолиб аст, вақте инсон мадҳияро гӯш карда онро дарк мекунаду бо тамоми ҳастияш эҳсос намуда аз ҷой бар мехезаду чархи суфиёна мезанад. Ингуна рақс навозиши руҳ аст ва бигзор мардум дар ҳавои мадҳия чунин рақс кунанд", — гуфт Нобовар.

Нобовар дар ин консерт се — чаҳор мадҳияе бо сарояндагони ҳиндӣ Салиму Сулаймон ҳамхонӣ кард. Ба гуфти Нобовар, барои эҷоди сурудҳои муштарак мушкилие пеш наомад, зеро интернет имрӯз кори ҳамаро бисёр осон кардааст.

"Муҳтавои ин мадҳияҳо ишқ ба инсон, ба табиъате, ки Худо офаридааст, ба худи Офаридгори ҷаҳон аст. Мо дар ин росто аз ашъори Мавлавиву Саъдиву Саноӣ баҳра гирифтаем. Мо бо Салиму Сулаймон тамрин накардем, танҳо дар интернет бо ҳамдигар тамос доштем. Ман барои онҳо оҳанг равон мекардам, онҳо дар Ҳиндустон тамрин мекарданду ман дар Тоҷикистон. Акнун имрӯз маҳсули заҳматамонро пешкаши мухлисон кардем".

Нобовар мегӯяд, ки дар ин ҳамхониву ҳамсароӣ ҳеч мушкили забонӣ бо овозхонҳои ҳиндӣ надоштанд, зеро дар Ҳиндустон ҳам Мавлавиро мешиносанду ғазалҳову шеърҳояшро аз бар мекунанд.

"Боре мо дар барномаи мазҳабие дар шаҳри Дубай суруд хонда будем. Пас аз ҳунарнамоӣ аз мо пурсиданд, ки чигуна аст, ки мардум забони шуморо намедонад, вале аз сурудҳоятон чунон маст шудаанд, ки гӯё шумо бо забони модарии онҳо месароед. Рози ин чист? Гуфтам, ки розаш забони порсӣ аст, ки беҳтарин забон барои ситоиши Худост. Беҳтарин ситоишкунандагони Худо Саъдиву Мавлавиву Саноӣ бо мадҳу санои Худову расул ба забони порсӣ ба чунин мартаба расидаанд. Ҳамин қудрати забон ва заҳмати бузургмардон аст, ки шеърҳоямон мардумро маст мекунад. Мо фақат бо муҳаббат онҳоро месароем", — гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" аз Маскав оғоз шуду дар Мумбай, Порис ва дигар шаҳрҳои Урупо идома хоҳад ёфт. Гурӯҳи "Шамс" низ дар чорчӯби ин сафари ҳунарӣ дар соли 2018 дар Бангладеш, Имороти муттаҳидаи арабӣ ва дигар кишварҳо ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Нобовар Чиноров мегӯяд, ҳарчанд ниме аз ҷаҳонро гаштаву дидааст, вале ҳаргиз нахостааст берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кунад, чунки Тоҷикистонро беҳад дӯст медорад.

"Ман ба ҳар кишваре, ки сафар накунам, мехоҳам зудтар ба Тоҷикистон баргардам. Намедонам, ин чӣ ишқе бошад, ки ман ба Тоҷикистон дорам. Барои ҳамин сурудҳоям ҳам чунин мебароянд. Агар ман дар бораи зебосанами тоҷик бихонам, ман албатта гулдухтарони ҳар як ноҳияи Тоҷикистонро номбар мекунам. Ман худро бе Тоҷикистон тасаввур кардан наметавонам. Мо кайҳо боз барои худамон қарор додаем, ки беҳтар аз ширчой хӯроке ва беҳтар аз оҳангҳои тоҷикӣ мусиқие дар ҷаҳон нест", — бовар дорад Нобовар.

Чиноров вазъи ҳунари мусиқии Тоҷикистонро хушбинона арзёбӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, пешрафте дар ин ришта аз ҳунар дар Тоҷикистон дида мешавад, вале на чандон бисёр.

"Намешавад гуфт, ки ҳунари мусиқӣ дар Тоҷикистон рушд намекунад. Не, ҳастанд овозхонҳои ҷавоне, ки дар ҷустуҷӯи сабки худ ҳастанд, вале бисёре аз онҳо ба шоу-бизнес шавқ доранд. Ҳастанд гурӯҳи овозхононе, ки дар воқеъ мехоҳанд ин ҳунарро аз худ бикунанд. Ва ҳамаи онҳо тамошобинони худро ҳам доранд, вале ман фикр мекунам, ки билохира мерасад рӯзе, ки мусиқии аслӣ боқӣ мемонад, зеро он аз жарфои дил ва бо ишқи бузург сурудаву иҷро мешавад. Ҳунаре, ки бо муҳаббат падид меояд, ҷовидон хоҳад монд", — хулоса кард Нобовар Чиноров.

1158
Барчаспҳо:
Нобовар Чиноров, Русия
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

650
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

650
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Одиночная фотография журналиста из Приморья Юрия Смитюка «Остров Врангеля»

Озмуни ёдбуди аксбардор Андрей Стенин ғолиби овоздиҳии онлайниро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 14:53 04.08.2020)
Корбарони интернет ғолиби Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенинаро интихоб карданд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Беҳтарин кори Озмуни байнулмилалии ёдбуди Андрей Стенин, ба андешаи корбарони интернет, акси ягонаи рӯзноманигор аз Юрий Ситюк таҳти унвони"Ҷазираи Врангел" шинохта шуд.

Павел Кулемеев, корманди илмӣ ва нозири мамнуъгоҳи "Ҷазираи Врангел" бо истиқбол ва таассуроти зиёд акси рӯзноманигорро табиӣ ва воқеӣ хонадаас.

Ҷазираи Врангелел шимолтарин ҷазираи муҳофизатшаванда дар Арктикаи Русия аст. Уқёнуси Арктика ҷазираро аз ҷониби меридиан 180 дараҷа тақсим кардааст ва аз ин рӯ он дар ду ҷониб ҳам ғарб ва ҳам шарқи сайёраи мо ҷойгир аст.

Сафарҳо ба мамнуъгоҳҳои табиии “Ҷазираи Врангел” маҳдуданд, аммо дар тобистон ва тирамоҳ тақрибан даҳҳо хатсайрҳои сайёҳӣ мавҷуданд.

Моҳи сентябр Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стениндар ғолибонашро дар сомонаи stenincontest.ru | эълон хоҳад кард, ҳамзамон дар Маскав намоишгоҳи аксҳои барандагони он кушода мешавад.

Озмун инчунин ният дорад, ки намоиши анъанавии аксҳои ғолибонро дар шаҳрҳои ҷаҳон то охири сол ба роҳ монад.

Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенин ҳамасола барои аксбардорони ҷавони аз 18 то 33 сола доир мешавад. Имсол, озмун беш аз 5000 асарро аз 75 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст.

Аз оғози роҳандозии озмун соли 2014 то кунун аксҳои ғолибони он дар Москва, Кейп Таун, Будапешт, Мадрид, Деҳлӣ, Милан, Ню Йорк, Анқара, Буэнос-Айрес ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шуданд.

Қабули дархостҳо барои ширкат ҳамасола 22 декабр дар зодрӯзи аксбардор МИА "Россия сегодня" Андрей Стенин, ки дар вақти адои хизмат вафот кард, қабул карда мешаванд.

Шарикони байналмилалии ВАО-и озмун: агентии хабарӣ ва радиои Sputnik, агентии иттилоотии Askanews, медиахолдинги Independent Media, агентии хабарии Notimex, агентии иттилоотии ANA, шабакаи телевизион ва сомонаи RT, Shanghai United Media Group (SUMG), сомонаи рӯзномаи интернетии China Daily, сомонаи интернетии The Paper, шабакаи расонаҳои Al Mayadeen, агентии хабарии Prensa Latina, агентии хабарии News1, сомонаи хабарии DBW, пойгоҳи хабарии Brasil247.

Ҳамчун шарикони соҳа озмунро дастгирӣ мекунанд: Маҷаллаи National Geographic Россия, портали Russian Photo, портали Photo-study.ru, мактабӣ аккосии “Академияи аксбардорӣ”, портали иттилоотӣ YOung JOurnalists, маҷаллаи Fotoargenta, клуби фотожурналистикаи Ню-Дели, маҷаллаи Enfoque Visual, маҷалла LF Magazine, сайти шарики байналмилали шарик - фестивали PhotON.


0
Барчаспҳо:
ёдбуд, ғолиб, намоиш, Аккос, Озмун, Русия