Зебосанами тоҷик дар Озмуни ҷаҳонии "Мисс Осиё 2017" дар Ҳиндустон пирӯз шуд

© Фото : Аккаунт Facebook / Sanzeeda MeemТаджичка заняла первое место в Международном конкурсе красоты «Мисс Азия 2017» в Индии
Таджичка заняла первое место в Международном конкурсе красоты «Мисс Азия 2017» в Индии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳинур Замирова дар бахши "Зебосанами диққатҷалбкунанда" ва "Зебосанами мӯӯдароз" ғолиб шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Кочини Иёлати Кералаи соҳили баҳри Араби Ҳиндустон  давраи ниҳоии озмуни "Зебосанами Осиё 2017" баргузор шуд, ки дар он гулдухтарони  40 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар ин озмун Тоҷикистонро зебосанами тоҷик Моҳинур Замирова муаррифӣ кардааст.

Моҳинур хатмкардаи факултаи Муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ мебошад.

Тавре ки Моҳинур дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, тоҷикдухтар дар бахши "Зебосанами диққатҷалбкунанда" ва "Зебосанами мӯӯдароз" ғолиб омадааст.

Озмун ба воситаи онлайновоздиҳӣ баргузор шуд, ки дар он ин Моҳинур аз аввалпешсаф буд.

Моҳинур Замирова дар ин озмун ғолиб омада ва соҳиби унвони "Мисс Осиё Тоҷикистон 2017" шуд.

Лентаи хабарҳо
0