Орази Олимшо

Ораз Олимшо: даромади аслии овозхонон консерт нест

1496
(Таҷдидшуда 15:32 05.01.2018)
Ораз Олимшо мегӯяд, ки даромади аслии овозхонон аз тӯй асту беҳтарин дастгирӣ барои сароянда қарсакҳои мухлисон мебошад

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik, Нилуфар Некқадам.  Ораз Олимшо сарояндаи ҷавон ва боистеъдод пас аз иҷрои суруди "Бахих ке ҷони ширин мурд", (Ҷони ширинам маро бубахш) миёни мардуми Тоҷикистон бахусус бошандагони вилояти Бадахшон машҳур шуд.

Чанде пеш ӯ нахустин барномаи консертиашро ба таври зинда пешкаши тоҷикони Русия кард. Консерти Ораз 30-юми декабр дар остонаи ҷашни Соли нав дар толори маркази фарҳангии "Вдохновение" баргузор шуд.

Дар ҳошияи ин консерт хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Орази Олимшо дар бори ҳаёти овозхонон, ҳунармандӣ, даврони баччагӣ ва сирри сурудҳои ошиқӣ суҳбат кард.

Ораз Олимшо дар деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон дар хонаводаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, ки ишқи овозхонӣ аз кӯдакӣ дар дилаш ҷо гирифтаасту, далели ин ҳама муҳаббат ба мусиқӣ муҳити хонаводагӣ будааст.

"Модару падарам ҳунарманданд, бобоям ҳунарманд буд. Нахустин сурудамро ман дар Рӯзи таҷлили ёдбуди бобоям дар  маркази фарҳангии деҳааммон, ки  ба номи бобоям Соҳибназар Меҳмонов гузошта шудааст, иҷро карда будам. Ман аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқ доштам. Дар курсӣ доиранавозӣ мекардаму кӯдакона оҳанг менавохтам", — ба ёд меорад Ораз.

Ораз Олимшо
© Фото : Одиноков Евгений Юрьевич
Ораз Олимшо

Ораз дар ҳамаи чорабниҳои наздимактабию ноҳиявӣ аз хурдӣ ширкат кардаасту миёни ҳамдеҳагон чун овозхон кайҳо шинохта шудааст. Пас аз хатми мактаб ӯ тарки деҳа кардаву ба Душанбе омадааст ва ба бахши фарҳангии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дохил шудааст. Солҳои донишҷӯӣ Ораз дар шабнишиниҳои ҷавонон суруд мехондаасту миёни мардуми Душанбе маъруф шудааст.

"Соли 2013 дар Душанбе тарабхони "Шоми Бадахшон" бунёд шуду маро ба он ҷо ба фаъолият даъват карданд. Аз он рӯз дар тӯйҳо ва шабнишиҳо суруд мехондам. Мардуми Душанбе маро шинохтанд", — гуфт Ораз дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бархе бо шунидани овози Ораз ӯро ба овозхони саршинос Аҳмад Зоир шабоҳат медиҳанд. "Сурудҳои Аҳмад Зоирро ман аз кӯдакӣ гӯш мекардам. Ӯ устод аст", — мегӯяд Ораз Олишо. 

Ораз пас аз сурудани "Бахих ке ҷони ширин мурд", (Ҷони ширин маро бубахш) миёни мардуми Тоҷикистон шӯҳрат пайдо кард. Пас аз иҷрои сурудҳои "Мате то", (Ту нарав), "Азум ҳайрон та ҷат", (Ҳайрони туям),  "Лалаяк", ҳаводораш дучанд шуданд.

Дар консерти Маскав Ораз сурудҳои нав-"Тут дил дарун ягона", (Ту ягонаӣ),  "Помир санамен" (Санамҳои Помир), "Бадахшон татиюм даргил" (Бадахшон пазмонат ҳастам), "Ҳаво тира гумон нур зайти борон" (Ҳаво имрӯз тира аст)-ро пешкаши мухлисон кард.

"Матни бештари сурудҳоямро худам менависам. Оҳанг ҳам мебандам", — мегӯяд Ораз Олимшо. Ин овозхони ҷавон аз уҳдаи навохтани чандин асбоби мусиқӣ ба хубӣ мебарояд.

Бештари сурудҳои Ораз бо забонҳои шуғнонӣ ва рушонӣ суруда шудаанд. Вале дар оянда Ораз ният дорад бо дигар забонҳо ҳам суруд иҷро кунад.

"Бо забонҳои тоҷикию помирӣ шеър эҷод кардан бароям қулай аст. Ният дорам ба забони русӣ ҳам суруд эҷод кунам".

Мавзӯъи бештари сурудҳои Ораз муҳаббат ба ёр аст. Аз ӯ пурсон шудем, ки оё ин сурудҳо ба нафаре бахшида шудааст ё хайр.

"Бале, суруди "Туят тайдат мо созак нотамом райд" (Ту рафтию суруди ман нотамом монд). Ин сурудро ман ба дӯстдухтарам бахшидаам. Албатта номашро ин ҷо намегӯям", — роз дорад Ораз.

 

Ба гуфти Ораз дар роҳи ҳунар ӯро падару модар ва ёру дӯстон ҳамавақт дастгирӣ мекунанд, вале "қарсакҳои мухлисон ба ман рӯҳу қуввати тоза мебахшаду ба эҷоди сурудҳои нав роҳнамоӣ мекунад".

Ораз мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ташкили як консерт меҳнати бузург ва маблағгузориро талаб мекунад.

"Даромади аслии овозхонони Тоҷикистон на консертҳо балки тӯйю шабнишиниҳо ҳаст", — мегӯяд Ораз.

Ораз аз миёни овозхонони тоҷик ба эҷодиёти Далер Назар, Маниж Давлат ва Сироҷиддин Фозилов арҷгузорӣ мекунад. Ба гуфти ӯ ҳарсеи ин сарояндагон сабки хоси худро доранду мавқеъи худро дар ин ҷода ёфтаанд.

Ораз Олимшо дорои ду маълумоти олӣ ҳаст, дар риштаи фарҳанг ва бонкдорӣ, вале ҳунар ӯро ҳамоно ба худ мекашад. Ораз дар пеш роҳи тӯлонии ҳунарӣ дорад ва мехоҳад аз беҳтарин овозхонони Тоҷикистон шавад.

Дар ин роҳ ба Ораз комёбиҳо орзу дорем.

1496
Барчаспҳо:
роҳи ҳунар, Орази Олимшо, Тоҷикистон