Пас аз таваллуди фарзанд: Нигина Амонқулова дар рӯзи Артиши миллӣ ҳунарнамоӣ мекунад

© Facebook / Nigina AmonkulovaНигина Амонкулова, архивное фото
Нигина Амонкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин консерти Нигинабону пас аз як соли хомӯшӣ аз эҷодиёти ҳунарманд хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Овозхони машҳури тоҷик Нигина Амонқулова аввалин консерти худро дар соли 2018 баргузор мекунад.

Тавре созмондиҳандагони консерт хабар медиҳанд,  баргузор кардани консерт дар шаҳри Хуҷанд иқдоми худи ҳунарпеша буд.

"Консерт рӯзҳои 22 ва 23 феврал дар Кохи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Худи Нигина Амонқулова ба нақша гирифт, ки аввалин консерташро дар соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баргузор кунад",- мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи вай, консерт ба Рӯзи Артиши миллӣ, ки дар Тоҷикистон  23 феврал ҷашн гирифта мешавад, бахшида мешавад.

"Нигина Амонқулова дар ин барнома пурра сурудҳои тозаи худро пешниҳод мекунад, ки то ҳол дар ягон манбае мунташир нашудааст",- қайд кард вай.

Ба гуфтаи продюсери бонуи ҳунар, ба наздики суруди "Модар"-и Нигина, ки тозаэҷод аст, бо клипи нав мунташир хоҳад шуд.

Пештар, Нигинабону дар остонаи ҷашни соли нав ба хабарнигорон гуфт, ки соҳиби фарзанди дуввум шудааст. Ҳунарманд гуфта буд, баробари он ки модар аст, барои соли 2018 нақшаҳои зиёд дорад, ки он пеш аз ҳама сабти сурудҳои тоза ва баргузор кардани консерт мебошад.

Охирон суруди тозае, ки Нигинабону пешниҳод кард, ин "Ишқи ман" буд, ки дар он ҳунарманд аз гӯиши эронӣ истифода бурдааст.

 

Имрӯз, ин ҳунарманди ҷавон зодрӯз дорад ва 32-умин баҳори умрашро ҷашн мегирад.

Лентаи хабарҳо
0