Омодагиҳои Меҳрона Ғайбуллоева барои ҳунарнамоӣ дар саҳнаи "Ты Супер!" (НАВОР)

© Sputnik / Арпи Бегларян ​Мехрона Гайбуллоева
Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин гулдухтари тоҷик пагоҳ, 24 феврал дар саҳнаи "Ту беҳтаринӣ!" назди ҳозирону ҳакамон ҳунарнамоӣ мекунад

Меҳрона Ғайбуллоева-сокини 17-солаи шаҳри Душанбе пагоҳ, 24 феврал дар озмуни "Ту беҳтаринӣ" Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ин духтари ҳунарманд дар давраи аввали озмун суруди "Драмы больше нет", — суруди овозхони рус Палина Гагаринаро иҷро мекунад.

"Ман аз саҳна ҳарос надорам. Зеро чандин маротиба дар он будам ва суруд иҷро кардаам",- гуфта буд пештар дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Меҳронабону.

Метавон ба ин духтари тоҷик дар вебгоҳи телевизиони НТВ овози худро дод.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун82 кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Меҳрона Ғайбуллоева сокини 17-солаи шаҳри Душанбе аст. Модари ин духтари ҷавон нӯҳ сол пеш аз ин дар гузаштааст. Падараш, ба гуфтаи ӯ, пештар аз ин ҳодиса хонаводаро тарк кардааст. Аз ин рӯ Меҳрона бо хоҳарони хурдсолаш ду сол дар мактаб-интернат зиндагӣ ба сар бурданд. Пас аз он сарпарастиашонро холааш ба уҳда гирифт, вале вақтҳои ахир Меҳрона бо яке аз хоҳаронаш дар хонаи иҷора иқомат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0