Сурайё Хонзода

Сурайё Хонзода Тоҷикистонро дар озмуни Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад

910
(Таҷдидшуда 18:31 03.05.2018)
Ҳадафи аслии Сурайё аз ширкат дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix, намоиши истеъдод ва тавоноии духтарони тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сурайё Хонзода Тоҷикистонро  дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Хонзода дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ин озмун аз дигар озмунҳои зебоӣ бо он фарқ мекунад, ки ба истеъдоду зебогии гулдухтарон на доварон, балки корбарони интернет бо овоздиҳӣ ба таври онлайн баҳогузорӣ мекунанд.

 

 

Шарти даври аввали озмун намоиши панҷ акс бо инъикоси истеъдод, дониш, муваффақият ва ҳунари ширкаткунанда аст. Дар даври дуюм бошад, гулдухтарон бояд ба баргузоркунандагони озмун ду сабти видеоӣ: яке бо шарҳи ҳол ва дуюмӣ бо маълумот дар бораи мувафаққиятҳояш дар ин ё он навъи ҳунармандӣ.

Ғолиби озмунро унвони Miss AsiaMix ва ҷоизаи пулӣ интизор аст.

То анҷоми даври аввали озмун ду рӯз боқӣ мондааст ва то имрӯз ба тарафдории Сурайё Хонзода 214 кас овоз додааст.

"Ман аслан дар бораи ин озмун хабар надоштам, тақрибан 2 моҳ пеш баргузоркунандагони ин озмун маро дар Инстаграм ёфтанд ва пешниҳоди ширкат карданд",-гуфт Сурайё дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Албатта Сурайё пешниҳоди баргузоркунандагони озмун рад накард, чун ҳадаф дорад, ки ҷаҳониёнро бештар аз истеъдоду тавоноии духтарони тоҷик ва бонувони Тоҷикистон бохабар кунад. Сурайё бовар дорад, ки бонувони тоҷик метавонанд бо зебогӣ ва истеъдоди худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.

"Мақсади асосии ман нишон додани қисмате аз тавоноиҳо ва истеъдодҳои духтарони сарзаминам аст. Медонам, ки духтарони тоҷик бо дониш санъат ва шахсияташон метавонанд Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Ҳамин, ки маро пайдо карданд ва ба озмун даъват карданд худаш як муваффақияти духтари тоҷик аст", — бовар дорад Хонзода.

Дар озмуни Miss AsiaMix намояндагони кишварҳои гуногун аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат мекунанд. Баргузоркунандагони ин озмун гурӯҳи КВН Қирғизистон мебошад.

Be in national    

Сурайё Хонзода ба баргузоркунандагони озмун на аксҳои оддӣ балки тасвирҳояшро аз тарҳи хусусиаш бо увони "Be in national" (Бо либоси миллӣ) равон кардааст. Ин аксҳо писанди ташкилкунандагон шудааст. Сурайё қасд дорад ин тарҳро то навиштани китоби комиле дар бораи либоси миллии кишварҳои гуногун пураа кунаду мунташираш намояд.

 

"Тарҳи " Be in national"-ро ман тақрибан 2 сол пеш оғоз кардам. Ҳадафи аслии ман муаррифии либосҳои миллии тоҷикона буд. Яъне либосҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, меъмории қадимаи хоси кишварамон ва ҷавоҳироти миллӣ ба мардуми ҷаҳон".

Чун Сурайё дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз қабили Ҳиндустон, Русия, Гурҷистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсил ва гардиш крдааст, бо мурури замон тасмим гирифтаст ки як тақвими сол, ки аз 12 либоси миллии кишварҳои гуногуни ҷаҳон иборат бошад, омода кунад.

"То имрӯз ба Ҳиндустон, Туркия, Русия, Эрон, Гурҷистон ва албатта Тоҷикистон сафар карда акс ва видео омода кардам. Яъне мешавад гуфт, ки нисфи тақвими сол ки барои соли 2019 пешбинияш кардаам омода аст. Ҳамзамон қадамҳои аввал барои навиштани китоб гузошта шуд".

Сурайё Хонзода кист?

 

Сурайё Хонзода дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Соли 2010 гимназияи N9-и ба номи Низомии Ганҷавиро хатм кардааст.

Ҳамон сол ба бахши хабарнигории факултаи филологияи Донишгоҳи Славянии Точикистон дохил шуда, аз 16 солагӣ ҳамзамон бо таҳсилот дар бахши форсии радиои бурунмарзии "Овози Точик" фаолият кардааст.

Дар солҳои донишҷӯӣ барои таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаи Академияи ОБСЕ-и шахри Бишкеки Кирғизистон ва дар Донишгоҳи Аптеки Ню-Делии Ҳиндустон таҳсил кардааст.

Дар соли 2014 Донишгоҳро бо мувафақият хатм карда, барандаи стипендияи кишвари Туркия, барои идомаи таҳсил дар бахши магистратура дар Истамбул шудааст.

Алъон донишҷӯи бахши "Радио, Телевизион ва Синамо"-и Донишгоҳи Давлатии Истамбул аст. Барои оянда барномахои зиёде дар назар дораду сафар ба кишваҳои хориҷ ва омӯзиши таъриху таҷрибаи бойи кишварҳои гуногунро дӯст медорад. Сурайё ҳамчунин ба аксбардорӣ ҳам машғул асту, намоиши аксҳояш ҳанӯз дар даври донишҷӯӣ дар Душанбе баргузор шудааст.

910
Барчаспҳо:
Сурайё Хонзода, Тоҷикистон