Конкурс красоты, архивное фото

Тоҷикдухтаре яке аз зеботарин духтарон дар Русия шинохта шуд

322
(Таҷдидшуда 19:57 06.03.2018)
Нилуфар Рафиева аз Тоҷикистон дар озмуни зебодухтарони шаҳри Владимир дар Русия хушандомтарин шинохта шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Нилуфар Рафиева дар озмуни “Зебодухтарони сарзамини Владимир”, ки дар шаҳри Владимир баргузор шуд, дар бахши “Хушандомӣ” баранда шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Дар бахши ниҳоии ин озмун 9 зебодухтар аз чанд кишвар рақобат доштанд. Интихоби хушандомтарин зебодухтар аз миёни онҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ баргузор шуд.

Дар ин озмун ҳар кадоме аз ин духтарон пӯшоки миллии худро намоиш дода ва дар бораи кишвару мардуми худ, ошпазии миллӣ ва дигар диданиҳову донистаниҳо суханронӣ кард.

Дар паи шумориши овозҳо Нилуфар Рафиева дар ин бахш аз озмун баранда шинохта шуд.

Нилуфар донишҷӯи соли севуми донишкадаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Владимир аст.

322
Барчаспҳо:
хушандом, озмуни зебоӣ, Нилуфар Рафиева, Владимир, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Бонуи африқоӣ дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон-2017" пирӯз шуд
Зебосанами тоҷик дар Озмуни ҷаҳонии "Мисс Осиё 2017" дар Ҳиндустон пирӯз шуд
Навор аз озмуни зебоии духтарони камтавон дар Маскав
Модели тоҷик ба даври ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон" роҳ ёфт
Овозхон Фаридуни Хуршед

Фаридуни Хуршед аз таваллуди фарзандаш хабар дод - навор

650
Овозхон охирҳои июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навишатанд, ки тӯйи овозхона хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.

Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.

"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.

Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.

Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.

Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.

650
Курбанова Фарахноз, студент 1 курса бакалавриата

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

262
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунанд, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва раванди таҳсил дар Маскав нақл карданд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи технологии Русия - МИРЭА таҳсил мекунанд, дар бораи таҳсил дар муҳити байналмилалӣ нақл карданд. 

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки дар оянда дар соҳаҳои телекоммуникатсия, автоматика, кибернетика, радиотехника ва электроника мутахассис хоҳанд шуд.

Чунончи, донишҷӯи курси дувуми магистратура дар саҳаи "технологияи кимёвӣ" Солиҷон Собиров мегӯяд, то дохилшавӣ ба МИРЭА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳсил мекард.

Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,
Солижон Собиров, студент 2 курса магистратуры,

Ӯ ду сол пеш факултаи энергетикаи донишгоҳро хатм карда, мақсад дошт ба кор дарояд, аммо қарор дод, ки дар Маскав ба бахши магистратура дохил мешавад.

"Мехостам донишамро дар ду самт комил кунам. Феълан ман ду маълумот, муҳандис-энергетик ва химик-технолог дорам. Фикр мекунам, ки ин хело хуб аст", - мегӯяд ҷавон.

Ҳоло Солиҷон дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад, идрорпулӣ мегирад, муваққатан худро дар Русия ба қайд гузоштааст. Ин донишҷӯи тоҷик кам-кам кор ҳам мекунад.

"Агар донишҷӯ дар ҳақиқат аз нигоҳи молиявӣ ба мушкилӣ дучор шавад, касе аз ин ҷиҳат ба вай кӯмак накунад ё дар хонаводаашон мушкилии иқтисодӣ бошад, пас вай метавонад дар 11 моҳ як маротиба аз донишгоҳ кӯмак хоҳад. Маблағе ки донишгоҳ медиҳад, кам нест", - меафзояд ӯ.

Солиҷон мегӯяд, вақти бештарашро барои таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузаронад, аммо барои дӯстӣ бо донишҷӯён ва бозии футбол ҳам вақт меёбад.

Дигар донишҷӯи тоҷик Фараҳноз Қурбонова дар курси аввал таҳсил мекунад. Ӯ ҳам мегӯяд аз интихоби касб ва донишгоҳаш розӣ аст.

Ин духтари тоҷик хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони лаёқатманд аст. Ӯ мехостааст пас аз хатми мактаб ба факултаи муҳандисиву барномарезӣ дохил шавад, барои ҳамин донишгоҳи технологии Русияро интихоб кардааст.

"Ман ки аз кишвари хориҷ ба Русия омадаам, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар бахши авали таҳсил стипендия медиҳанд, баъдҳо ҳаҷми он аз худи донишҷӯй вобаста аст", - мегӯяд Фараҳноз.

Духтарак қайд мекунад, ки бартарии дигари таҳсил дар ин донишгоҳ пайдо кардани дӯстон аз кишварҳои хориҷ аст. Фараҳноз дӯстони ӯзбекистонӣ, белорус, украинӣ, қазоқистонӣ, аз Ветнам, Чин ва албатта Русия дорад.

Танҳо дар як Донишкадаи Тоҷикистон наздик ба 500 донишҷӯ аз Узбакистон дохил шуданд

"Ман ин ҷо худамро дар байни дӯстон пайдо кардам. Ман бо онҳо ба ибтидои нардбони муваффақиятҳоям қадам мегузорам. Агар хоҳӣ, ки ояндаи хушбахт дота бошӣ, бояд хонӣ ва меҳнат кунӣ. Боварӣ дорам, ки дар МИРЭА ба тамоми орзуҳоям мерасам", - мегӯяд Фараҳноз хушбинона.

 

262
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

0
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

0