Наврӯз-2018 дар Маскав

Наврӯз дар Маскав: "Наврӯзгоҳи Маскав" имсол мизбони 20 кишвар буд

93
(Таҷдидшуда 17:02 27.03.2018)
Имсол дар барномаҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав бештар аз дигар солҳо ҳунармандону тамошобинон ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шаҳри Маскав 25 март дар яке аз бузургтарин ғурфаҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзӣ Наврӯзро ҷашн гирифт.

Имсол дар барномаҳои ҷашни Наврӯз дар ВДНХ бештар аз дигар солҳо ҳунармандону тамошобинон ширкат карданд. Ин бор намояндагони 22 кишвар расму ойинҳо ва барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ ва ошпазии худро ба мардум ва меҳмонони шаҳри Маскав намоиш доданд.

Ҳарчанд душвор буд барномаҳои ҷашнии ҳама мардумонро пӯшиш дод, вале Sputnik Тоҷикистон сахт кӯшид то ҳар ончиро, ки дар назди "хонаҳои миллӣ" мегузарад, бозтоб диҳад.

Юрт дар канори хоровод

Замоне, ки дар яке аз гӯшаҳои "Наврӯзгоҳи Маскав" меҳмононро ба юрт фаро мехонданд, дар дигар гӯшааш мардумро ба тамошои ҳунарнамоии гурӯҳи мусиқиву рақси русӣ даъват мекарданд. Дар миёни тӯда кулоҳҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ бештар ба чашм мехӯрданд. Ҳар аз гоҳе меҳмононе бо пӯшоки миллии туркманӣ, эронӣ, ҳиндӣ, узбакӣ ва афғонӣ инҷову онҷо дида мешуданд.

Духтарон бо якдигар барои зеботарин пироҳани миллӣ мусобиқа доштанд ва ҷавонон бо парчамҳои миллии барафрошта кӯшиш доштанд ҳарчи хуштар аз рӯи фарши сабзе бигзаранд, ки ба муносибати Наврӯз густарда буданд.

Московский общегородской праздник Навруз-2018
© Sputnik / Евгений Одиноков
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Бисёре аз меҳмонон ҳар кадоме бо парчами кишвари худ бар дӯшу сурудхонон гашту гузор мекарданд. Ногуфта намонад, ки ин сурудхонии ҳар касу ҳарҷо ҳарҷу марҷ падид намеовард: он рӯз ҳама дар ВДНХ ҳамдилу ҳамовоз буданд.

Ҳарчанд дар толор ғулғула буд, вале ин сару садоҳо ба чандин забон чунон дар ҳам печида буда, ки гӯё ба як забон буд ва монеъ аз гуфтугӯи тамошобинон бо якдигар намешуд. Шигифтангезтар аз ҳама ин буд, ки дар чунон ғулғулае кӯдакони ширхора сари синаи падаронашон ба хоби ноз рафта буданд.

Палавмастӣ

Ҳунармандон меҳмононро дар "Наврӯзгоҳи Маскав" на танҳо бо сохтаҳои дасташон шод мекарданд. Барои дӯстдорони палаву самбӯсаву суманаки тоҷикӣ дар ин ғурфа "дасторхонҳое" ороста буданд, ки кас аз диданашон сер мешуд.

Дар берун ҳар ошпазе канори деги худ остинҳоро бар зада пухту паз мекард. Ҳаво аз бӯи иштиҳоовари палав пур шуда буд ва ҳар касе, ки онро мешамид, нохудогоҳ пояш ӯро ба сӯи дегҳо мекашид. Ошпазҳо низ ҳаминро мунтазир буданд – онҳо барои хӯрондани 40 ҳазор меҳмон на камтар аз як тонна палав пухта буданд.

Ошпазҳо на танҳо дар хӯрондани меҳмонон мусобиқа доштанд, балки кӯшиш мекарданд ҷоизаи хушмаззатарин палавро дар озмуни "Палавмастӣ" ба даст оваранд.

Московский общегородской праздник Навруз-2018
© Sputnik / Евгений Одиноков
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Ҳамин ки ошпазҳо дегашонро аз оташдон бардоштаву хушнудона ба ғурфа мебурданд, чанд лаҳзае намегузашт, ки он холӣ мешуд. Палавдӯстон дар назди "Ошпазхонаи тоҷикӣ" чунон издиҳом карда буданд, ки палав чашидан он сӯ истад, ҳатто косаву чумчаро ҳам ба сад заҳмат мешуд ба даст овард.

Бисёре аз онҳо ночор буданд дигар барномаҳои наврӯзиро қурбони палавдӯстии худ кунанд: бархе ба барномаи ҳунарӣ нарасиданд ва бархе фурсат накарданд кулоҳу ҷома бихаранд ва ё ҳама толорҳоро тамошо кунанд. Вале бисёре аз онҳое, ки палав насибашон шуда буд, мегуфтанд, ки он арзиши навбат поиданро дошт.

Куштӣ

Имсол барои нахустин бор дар "Наврӯзгоҳи Маскав" зӯрозмоии куштигирон ҳам баргузор шуд, чуноне ки дар Тоҷикистон ҳеч Наврӯзе бе куштӣ намегузарад.

Ин мусобиқаи куштиро созмонҳои "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон баргузор карданд. Барои баргузории ин мусобиқот толори ҷудогонае ихтисос дода буданд. Зӯрозмоии куштигирон бисёр ҷиддӣ, мардона, бе созу овозу рақс, пеш мерафт, ки аз ин набардҳо басе гиротару ҳаяҷонангезтар шуда буданд.

Дар чорчӯби ин мусобиқот беш аз 90 паҳлавон дар панҷ вазн куштӣ ва дар се вазн куштии камарбанд гирифтанд. Зӯрозмоии паҳлавононро садҳо кас бо ҳаяҷон тамошо дошт ва ҳар кадоме барои ҳамшаҳрии худ ҳаводорӣ мекард. Бисёре аз тамошобинон ин набардҳоро наворбардорӣ мекарданд то барои касоне намоиш диҳанд, ки дар навбати палав истода буданд.

Дар мусобиқоти куштии тоҷикӣ Дидоралӣ Азизуллоев, Ҷаҳонгир Зикриёев, Нодир Хушаков, Беҳрӯз Гиёев ва Владимир Сарёв қаҳрамон шуданд. Дар мусобиқоти куштии камарбанд Тамерлан Керефов, Рустам Исмоилов ва Александр Затсепин бар ҳамовардон дастболо шуданд.

Московский общегородской праздник Навруз-2018
© Sputnik / Евгений Одиноков
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Қаҳрамонони ин мусобиқот аз сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҷому нишону ҷоизаҳо дарёфт карданд.

Ҳунарнамоии чандсоата

Ҳеч ҷашне дар Ховарзамин бе базму созу овоз баргузор намешавад. Аз ин рӯ, ҳарчанд Маскав шаҳре дар Бохтарзамин аст, вале он рӯз гӯшае аз Ховар шуда буд ва аз оғоз то анҷом овозхонону навозандагон аз кишварҳои гуногун "Наврӯзгоҳ"-ро пур аз созу овоз карда буданд.

Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳунармандони номдоре чун Давлатманд Холов, Ренат Иброҳимов, Василий Овсянников. Належда Кригина, барандаи барномаи ҳунарии "Голос" Данила Плужников, гурӯҳи "Учқудуқ" ва бисёре дигар ҳунарнамоӣ карданд.

Московский общегородской праздник Навруз-2018
© Sputnik / Евгений Одиноков
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Ҳунарнамоии овозхонҳову навозандаҳоро аз рӯи ҷойгоҳи номи кишварашон дар алифбо замонбандӣ карда буданд, аз ин рӯ ҳар гоҳ, ки номи кишвареро мегирифтанд, меҳмонон аз он кишвар ба саҳна наздиктар меомаданд. Ҷолиб аст, ки ҳунарпешаҳои тоҷику узбакро дар канори ҳам ҷой дода буданд, то инҷо низ ҳамсоя бошанд.

Меҳмонон аз Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам дар ҳангоми ҳунарнамоии ҳамшаҳриёнашон ҳар аз гоҳе парчамҳои кишварҳояшонро баланд бардоштаву ҳурро мекашиданд. Муҳоҷирони тоҷикро бештар аз ҳама овозхонии устод Давлатманд Холов шод кард, ки ӯро бо кафкӯбии гарм пешвоз гирифтанду гусел карданд. Ҳамчунин намоиши пироҳанҳои тоҷикии тарроҳон Лясан Юмагузина ва Мадина Шарипова меҳмононро бисёр хуш омад.

Ҳунарпешаҳо яке аз паи дигаре якдигарро дар саҳна иваз мекарданд ва меҳмонон дар ҳавои оҳангҳои шӯх дастафшониву покӯбӣ мекарданд. Аммо ҳунарнамоии Меҳрона Ғайбуллоева фазои ҷашнро дигаргун кард: акнун хурду бузург ҳама дар ҳавои таронаи ӯ мерасқсиданд ва дастафшонӣ мекарданд.

Ақрабаки соат беист ба сӯи нимашаб медавид, аммо камтар касе аз меҳмонон мехост аз "Наврӯзгоҳ" биравад, зеро Наврӯз барои бисёре аз онҳо ягона фурсатест, ки худро дар кишварашон эҳсос кунанд ва ё бо дӯстону ҳамшаҳриёнашон дидор тоза кунанд.

Дар шомгоҳи зудҳангоми шаҳри Маскав аз дарвозаҳои "Наврӯзгоҳ" то даромадгоҳи истгоҳи метро "корвоне" аз кулоҳҳои рангоранг равон буд. Ҳафтаи наврӯзӣ дар пойтахти Русия бо маззаи хуши палав ва ёди базму разм дар лабхандҳо ба поён расид.

93
Барчаспҳо:
таҷлил, Наврӯз, мардум, Меҳрона Ғайбуллоева, Давлатманд Холов, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Награждение, архивное фото

Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"

495
(Таҷдидшуда 16:52 23.11.2020)
Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Наследие" сазовор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизиони "Тоҷикистон", Карим Ҳайдарро бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ мекунанд.

Қарори мукофотонидани шоири тоҷик дар Иттифоқи нависандагони Русия қабул гардид.

Ба гуфти шоир, ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад. Ин маросим баҳори соли 2021 бо ширкати фаъоли ҷамъиятӣ Мария Романова баргузор мешавад.

Қайд мекунем, ки ин дуввумин ҷоизаи шоир дар соли 2020 мебошад. Пештар шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардид.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Шарҳи ҳоли Карим Ҳайдар

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.

Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.

495
Барчаспҳо:
нишон, медал, шоир, Карим Ҳайдаров
Сцена из спектакля «Тартюф» (реж. Б. Миралибеков) Государственного таджикского русского драматического театра имени Вл. Маяковского. Фестиваль русских театров в Москве

Чӣ гуна ҳунармандони Душанбе тамошобинони Маскавро тасхир карданд

294
(Таҷдидшуда 11:50 21.11.2020)
Театри русизабони Тоҷикистон тавонист дар даврони ҳамагирии коронавирус тамошобинони Маскавро бо саҳнаҳои классикӣ шод кунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафари ҳунарӣ дар шароити пандемия мушкил аст - марзҳо баста ё замони убури сарҳад риояи карантин ҳатмӣ мешавад.

Дар пасманзари баста будани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия сафари ҳунарии хориҷ чанд маротиба лағв мешуд, вале дар охир кормандони театри ба номи В. Маяковский тавонистанд ба Русия бирасанд.

"Мо то охир умед доштем, ки метавонем биёем. Вале рӯзҳои охир вақте гуфтанд, ки дар Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ манъ мешавад, дар воқеъ хавотир шудем. Вале мо тамринро идома медонем ва бо дастгирии ВУХ Русия ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мо тавонистем сафар кунем", - нақл мекунад, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, директори театри Маяковский Мунира Дадаева.

Вале ҳамагирии коронавирус тағйироти худро ворид кард. Ҳунармандон дар доираи ҷашнвораи "Сафарҳои бузург" бояд дар Ярославл, Киров ва Йошкар-ол ду саҳнаро бозӣ мекарданд. Вале дар ватани театр шаҳри Ярославл ба далели маҳдудияти карантинӣ баргузории барномаҳои фарҳангиро манъ карданд ва сафарро ба Маскав ба саҳнаи театри Еt Cetera ва "Современник", яке аз театрҳои машҳури кишвар гузарониданд.

Албатта бозӣ кардан дар театри Маскав дар шароити нав баргузор шуд - яъне толор бояд танҳо 25 дарсад пур мешуд ва ин навгониҳо ҳунармандонро ҳаяҷонзада кард.

"Албатта ҳар ҳунарманд мехоҳад дар толори пура за тамошобинон ҳунарнамоӣ кунад. Вале маълум аст, ки дар сурати ба саҳна баромадан тамошобинон чӣ гуна ҳунармандро пешвоз мегиранд. Ва моро толор бисёр гарм ва самимӣ пешвоз гирифтанд, - мегӯяд Дадаева. Росташро мегӯям - ҳайрониҳо буданд. Дар саҳнаи театри Лоҳутӣ девораҳо ба таври дигар гузошта шудаанд ва мо маҷбур шудем бархе аз лаҳзаҳои саҳнаро каме дигар ба саҳнаи ин ҷо мутобиқ кунем. Албатта мо ҳаяҷонзада шудем. Ин ку театри "Современник" аст. Хушбахтона ҳамааш хуб гузашт, умедворам ба маскавиҳо низ писанд омад".

Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Из личного архива Мохпайкар Еровой

Саҳна натанҳо ба маскавиҳо балки ба дигар тамошобинон низ, ки ҳунармандони тоҷик намоиш доданд, писанд омад. Ҳам ҳунармандон ва ҳам костюмерҳо аз таҳти дил кӯшиш кардаанд. Пӯшокҳои асри миёнаро чунон моҳирона омода кардаанд, ки рӯҳияи он замонро нишон медиҳад. Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунармандони машҳури Тоҷикистон - Мустафоев, Ярмолик, Шукурова, Мурзинов, Андамбеков, Дадаева ва Бобоев бозиданд.

"Мардуми Киров моро бисёр гарм истиқбол карданд. Толорҳои пур аз тамошобинон моро барои бозӣ рӯҳбаланд мекарданд, то Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ кунем", - гуфт ҳунарманд Мустафоев бо таассуф аз он, ки танҳо ду маротиба саҳна намоиш дода мешавад.

Барои ҳунармандони ҷавон сафар ба Русия нахустин сафари ҳунарӣ буд ва намоишномаи театри ба номи Маяковский аз саҳнаи аслияш каме фарқ мекард.

"Мо "Ҳамлет" ва "Тартюф" - ро ба таври муосир рӯи саҳна гузоштем, махсусан пӯшокҳо ва декоратсияҳо. Ё масалан намошномаи Молер, ки ҳама дидани як персонаж Тартюфро одат кардаанд, вале дар намоишномаи мо ду персонаж нақш офарид. Дар умум зимни ҳунарнамоӣ дар назди тамошобинони Маскав ҳаяҷонзада мешавӣ, чун талаботи мардуми ин ҷо бештар аст. Мо доим ба ҳар намоиши худ хуб омодагӣ мебинем, вале ин ҷо ҳаяҷон бештар аст", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон директори театр.

Ба гуфти ӯ ширкат дар фестивали "Болшие гастроли" - (Сафарҳои бузург) дар давраи ҳамагирии коронавирус дар воқеъ як нафаси тоза аст. Коронавирус натанҳо ба кори театр таъсир кард, балки ба барномаи онҳо низ тағйирот ворид намуд. Ҳамин тавр, ин замон дар театр саҳнаҳо барои кӯдакон ба намоиш гузошта намешаванд, чун волидон аз тарси сироят шудан ба коронавирус фарзандонашро дигар ба театр намебаранд.

Вале тарафи хубияш ҳам ҳаст. Ба мавҷи дуюми коронавирус нигоҳ накарда, тамошобинон пас аз чандин моҳи танаффус ташнаи ҳунар шудааанд ва эълонҳоро бодиққат пайгирӣ мекунад.

294
Барчаспҳо:
Маскав, тамошобинон, Театри Маяковский, театр
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон