Кадр из рекламного ролика PUMA с певицей Manizha

Овозхони тоҷиктабор Манижа ва панҷ нақш дар таблиғи брендҳои ҷаҳонӣ

255
(Таҷдидшуда 15:56 11.06.2018)
Манижа баробари иҷрои нақш дар намоҳангҳои худ, тавонист маҳсулоти чанд бренди ҷаҳониро таблиғ кунад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Овозхони машҳури тоҷиктабори Русия Манижа тавонист ба воситаи намоҳанг ва таронаҳояш дар Инстаграм шӯҳрати калон пайдо кунад: ҳоло ӯро гӯш мекунанд, тамошо мекунанд ва ба вай пайравӣ мекунанд.

Ин шӯҳрат аз назари ҷаҳониён низ дур намонд, аз ин рӯ брендҳои машҳури ҷаҳонӣ ба наворҳои таблиғотӣ Манижаро даъват карданд.

Sputnik Тоҷикистон чанд навори таблиғотии  аҷиберо гирдоварӣ кард, ки дар он нақши асосиро Манижа бозидааст.

MAYBELLINE NY бо Manizha ва Мария Иванкова

Баҳори соли 2017 Манижа барои тарҳи муштарак бо бредни косметикии машҳури MAYBELLINE суруди Lady- ро сабт кард. Манижа якҷо бо ровии машҳури телевизион Мария Иванкова дар навори таблиғотии YouTube-шоу "Ороиш дар шаҳри калон" ("Макияж в большом городе") нақш офарид.

Роликро дар Ню-Йорк ба навор гирифтанд.

Дар тарона Манижа бо забони англисӣ аз духтарон даъват кардааст, ки  доим кӯшиш кунанд, муваффақ бошанд.

Навор дар Ютуб 1,6 миллион боздид гирифтааст.

Манижа ба ширкати MAYBELLINE мусоҳибае ороста, дар бораи эҷодиёт ва ҷидду ҷаҳдаш дар роҳи шӯҳрат нақл кардааст.

"Ман эҷодиётро аз мизи корӣ кар кардаам. Он вақт ҳамагӣ  як Айфони шикаста доштам. Дар барам модарам ва хоҳарам буданд, ки ба ман дар гирифтани навор кӯмак карданд. Ба назарам чунин менамуд, ки овозхон будан аҷиб ва хандаовар аст, аммо ман дере нагузашта фаҳмидам, ки роҳи интихобкардаам дуруст буд. Ин мактаби хурд ба ман исбот кард, ки ҳар коре, ки ту аз таҳти дил ва бовиҷдона анҷом медиҳӣ, ҳатман подоше дорад",- гуфтааст вай дар мусоҳиба.

МТС — тарофаи "Хайп" бо Манижа, Фрост ва Big Russian Boss

Тирамоҳи соли 2017 Манижа дар навори таблиғотии тарофаи нави "Хайп"- и оператори мобилии МТС нақш офарид.

Ҳарчанд навор ҳамагӣ 10 сония давом мекунад, онро 5 миллион корбар тамошо кардааст.

PUMA Women — #DoYou бо Манижа

Тирамоҳи соли 2016 Манижа намояндаи бренди машҳури варзишии PUMA шуд. Вай дар навор мегӯяд, ки то кадом дараҷа мушкилиҳоро паси сар кардан, муҳим аст.

Манижаро барои синну соли ҷавонаш ба таблиғот даъват карданд.

"Ба саҳна баромадан осон нест. Ман қариб аз хурдӣ бо саҳна шинос ҳастам, вале ҳар бор пеш аз баромадам маро ҳаяҷон фаро мегирад", — мегӯяд вай дар навор.

PUMA Манижаро қаҳрамони замон номидааст, ки ҷаҳонро тағйир медиҳад

"Шояд ту иштибоҳ кунӣ, биафтӣ ё мағлуб шавӣ. Шояд заиф бошӣ, шояд битарсӣ… Аммо замоне ки қадами аввалро мегузорӣ, тамоми мушкилиҳо рафъ мешаванд. Ту ҳама корро метвонӣ! Танҳо бо худ бош", — мегӯяд овозхон дар навор.

Наворро дар саҳифаи расмии PUMA танҳо 5 ҳазор маротиба, дар саҳифаи иҷтимоии Манижа бошад, 13 ҳазор маротиба боздид карданд.

LG + Manizha

На ҳамагон медонанд, ки Манижа дар навори таблиғотии яхдони LG Instaview Door-in-Door низ иштирок кардааст.

Дар навор овозхон рақс мекунад, суруд мехонад ва ҳамзамон кулчақанд мехӯрад.

Glamour + Manizha

Манижа дар таблиғи маҷаллаи Glamour низ иштирок кардааст. Ҳангоми тамошои намоҳанге, ки худи Манижа нақш офаридааст, на ҳамагон дарк карда метавонанд, ки дар навор ӯ баробари суруд хондан, лабсурхкунаки Chanel-ро низ таблиғ мекунад.

255
Барчаспҳо:
тарона, таблиғот, Манижа Сангин, Тоҷикистон, Русия