Аслишо Акимбеков, роҳбари кумитаи фарҳанги созмони ҷамъиятии Нур

Суҳбати ошкорои Аслишо: Аз кӯдакӣ, шуҳрат, муҳоҷират ва ишқ то камбудии тӯйҳо

2373
Аслишо Акимбеков, ровӣ ва муаллифи барномаҳои тафреҳии тоҷикон дар Русия, дар бораи кӯдакӣ, ишқи ногаҳонӣ, хонадоршавии хоксорона, нияти таъсиси оҷонсӣ ва вуруди тағйирот дар тӯйи тоҷикон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Акимбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон барои бори нахуст сабаби муҳоҷираташ ба Маскавро баён дошта, мушкилоти муҳоҷирати тоҷикон, боварҳои нодуруст дар бораи ин халқ, рисолати ҳар тоҷик дар хориҷ ва тасмими ҷадидашро барои роҳёбӣ ба телевизиони Русия шарҳ дод.

Акимбеков суҳбатро аз пешниҳоди ҷадидаш барои баргузории  шоми мусиқии тоҷикон дар Маскав оғоз кард:

“Мусиқиро дар ҳаммом ҳам гӯш  кардан мумкин, аммо сурудхонӣ ҳамроҳи ҳамватанон ҳаловати дигар дорад. Барои ин ният дорем, рӯзҳои шанбе, моҳе як бор барои афроди аз 18-сола боло ҷамъомадҳое ташкил кунем, ки ҳозирин тавонанд мусиқии тоҷикиро гӯш кунанд, бирақсанду ғизоҳои миллиро бичашанд”.

Ба гуфтаи Аслишо феълан ҷамъияти тоҷикони Русия ба ду гуруҳ тақсим шудаанд, ки яке фақат кор мекунад ва дигаре барои тафреҳу истироҳат ҳам фурсат меёбад. Лоиҳаи шомҳои мусиқӣ барои гуруҳи дуюм пешбинӣ шудааст.

Акимбеков таъкид намуд, ки дар ин ҳамоишҳо маҳдудияте аз рӯи миллат нахоҳад буд ва ӯ ният дорад, дӯстонашро аз миллатҳои дигар даъват намояд.

Аз “шпагат” то шуҳрати нахустини шербача

Сипас риштаи суҳбат ба кӯдакии Аслишо ва майлаш ба соҳаҳои гуногун рафт. Ӯ гуфт, дар хурдсолӣ ба машқи  тэквандо рафт, аммо аз талоши якум барои нишастан ба “шпагат” фаҳмид, ки варзиш хоси ӯ нест.

“Дар маҳфили ихтироъкорон талош кардам ҳавопаймочаҳо бисозам, аммо ба чизе ноил нашудам. Ниҳоят бо пешниҳоди амакам, корманди театр ба маҳфили ҳунармандон рафтам ва фаҳмидам, ки саҳнаро мехоҳам”, - изҳор дошт Аслишо.   

Нахустин нақши Аслишо дар саҳна шербачае будааст, ки модарашро одамон куштаанд. Шоҳигарии ҳайвонот қасди қассос аз одамонро кардаанд, аммо сагчае ба ҳимояти инсонҳо мехезад ва ба шарофати ин саг шербача мефаҳмад, ки на ҳамаи одамон золиманд.

“Намоишамонро тариқи телевизион нишон доданд. Баъди ин бархе дар кӯча маро мешинохтанд, гарчанде бо сарпӯши зард нақш офарида будам. Муаллимони мактаб бештар таърифам мекарданд, дар ҳоле, ки пештар барои баҳо ва рафтори бад сарзаниш менамуданд.  Фаҳмидам, ки машҳур будан бароям писанд аст” - гуфт ӯ.

Холов – “падари телевизионӣ”-и Акимбеков

Театр-студияи “Радуга” ё худ Рангинкамон,  ки Аслишо он ҷо баромад мекардааст, аз сӯи созмони байналмилалии Save the Children дастгирӣ меёфт. Боре намояндагони созмон ба тамрини ҳунармандони ҷавон омада, суол кардаанд, ки кӣ ба русӣ ҳарф зада метавонад. Ҳама ба Аслишо ишора кардаанд ва намояндагон гуфтаанд, ки “табрик, ту ба Ҳиндустон меравӣ”.

“Ҳинд нахустин кишвари хориҷие буд, ки сафар доштам. Эҳсосам чунин буд, ки гӯиё дар қутии танге зиндагӣ доштаам, ки кушода шуду ман дидам, ки ҷаҳон хеле бузург аст. Садҳо кӯдакро, ки забону рафтори гуногун доштанд, дидам. Бисёре аз онҳо, сарфи назар аз синнашон метавонистанд ба калонсолон фаҳмонанд, ки ояндаро чӣ гуна мебинанд. Ин таҳаввули бузурге барои ҷаҳонбиниям шуд”, - зикр кард ровии ҷавон.

Дар пайи бозгашт ба Ватан, Аслишо, ризокори ҷавонро ба барномаи “Ман ва ҷаҳон” даъват намудаанд. Дар ин барнома Аслишо мавриди таваҷҷуҳи барандаи телевизион -Комил Холов қарор гирифтааст. Феълан Акимбеков аз Холов ба истиллоҳ  “падари телевизионӣ”-аш ном мебарад. Холов, Аслишоро ба ҳайси барандаи “Навиди наврасон” даъват кардааст ва баъдан дар барномае, ки нахуст ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, ҷойгузини Холов шудааст.

Нахустин сафар ба Маскав ва якумин шаурма ба ҷои шурбо

Сафари дуюми хориҷии ровии ҷавон ба Гурҷистон будааст, ки тариқи Маскав сурат гирифтааст. Ин сафар дар доираи барномаи ризокорон - The One Minutes Jr амалӣ шудааст ва Аслишо нахустин таассуроташро аз Маскав чунин тасвир кард:

“Меҳмоннавозӣ дар хуни тоҷикон аст. Вақте амакҳоям дар Маскав аз сафарам огоҳ шуданд, маро даъват карданд. Интизор доштам, ки меҳмонӣ меравем, чойу ошу шурбо мехӯрем. Аммо ғайриинтизор дар назди меҳмонхонаи “Москва”, дар наздикии Майдони Сурх қарор гирифтем, ки он ҷо амакам дӯкон барои фурӯши шаурма дошт.  Нахустин бор шаурмаро чашидам”.

Ошкоро: Сабаби муҳоҷират ба Маскав

Дар мавриди сабабҳои муҳоҷират ба Маскав, Акимбеков изҳор дошт, ки дарк кардааст дар Тоҷикистон дигар барояш аҷоиб нест, эҳсос кардам, ки маро чизи бештаре интизор аст.

“Маскав имкон дод, ки тавоноиямро бисанҷам. Зарфияти ин шаҳрро доштам ва тасмим гирифтам, ки онро амалӣ намоям”, - таъкид кард ӯ.

Аслишо аз кӯдакӣ тариқи телевизион одамҳои машҳурро медид, ки халқу кишварашонро дар хориҷ муаррифӣ мекарданд, аммо тоҷикон дар ин миён хеле кам будаанд. Акимбеков хост, симои шахшудаи тоҷик – муҳоҷирро миёни оммаи Русия тағйир диҳад. Барои ин ба таҳияи барномаю чорабиниҳо пардохт.

Тасхири пойтахти Русияро аз дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав дар Химкӣ оғоз кардааст. “Ман ба суроға не, ба калимаи “Маскав” дар номаш таваҷҷуҳ кардам”, - бо табассум изҳор дошт Акимбеков

Ӯ ба ҳайси ташкилотчии маҳфилҳо ҳанӯз аз соли 2009 дар Тоҷикистон баромад мекардааст, вақте ҳамроҳи дӯстонаш нахустин маҳфили Blackberry Party-ро ташкил намуд. Ин таҷриба ба ӯ дар баргузории чорабиниҳои донишҷӯён кӯмак кардааст.

Соли 2015 бо ровӣ аз ҷамъияти тоҷикони “Нур” тамос гирифта, барои баргузории ҷашни Наврӯз дар Маскав кӯмак хостаанд. Дар пайи ин Акимбекови фаъолро роҳбари Кумитаи фарҳанги “Нур” таъин намудаанд.

Пешниҳоди тағйирот дар низоми тӯйгузаронии тоҷикон

Дар баробари таҳияи барномаю чорабиниҳои гуногун,  Акимбеков инчунин ба ҳайси барандаи тӯйҳо баромад мекунад.  Мегӯяд, аз ин кор ҳаловат мебарад, аммо низоми баргузории тӯйҳо ниёз ба беҳбудӣ дорад.

“Ҳозир дар ҷои аввал – маблағ, тиҷорат меистад. Тӯйҳо барои ҳосил кардани таассуроти “вау” баргузор шуда истодаанд, аммо ҷанбаҳои руҳию равонӣ заиф шуда истодаанд. Ҳамчун баранда талош мекунам, тӯйҳо хоксорона ва боэҳсосот бошанд. Калимаҳои мувофиқ пайдо мекунам, ки меҳмонон дар лаҳзаҳои зарурӣ биханданду бигирянд” – афзуд ӯ.

Акимбеков дар тӯйҳои тоҷикон, узбекҳо, арманҳо, озарбойҷониҳо ва ғайра барандагӣ мекунад, аммо мехоҳад оҷонсие ташкил кунад, ки танҳо ба ташкили тӯйи тоҷикон машғул бошад.

“Баъзе ҷанбаҳои тӯйҳои миллиамонро хуш надорам ва мехоҳам тағйирот ворид кунам. Масалан, ҳамеша дар тӯйҳо мизҳо аз ҳад зиёд бо ғизо пур мебошанд, дар ҳоле, ки хӯрдани ин миқдор ғайриимкон аст. Мехоҳам оҷонсиям ин мудро тағйир диҳад”, - изҳор дошт Акимбеков.

Ишқи ногаҳонӣ дар Маскав

Аҷоиб, аммо дар тӯйи худи Аслишо, навхонадорон танҳо ақди никоҳро сабт намуда, бо дӯстон ош хӯрдаанд ва ҷашни бештар аз инро баргузор накардаанд.  Ин ҷуфт ният дорад, ки ҷашнро баъд - замоне ки худашон ва чӣ гунае мехоҳанд,  баргузор хоҳанд кард.

“Ба Маскав барои таҳсил охири август омадам ва охири сентябр дӯстдоштаамро вохӯрдам. Дар зиндагӣ бисёр чиз аз тасмимҳои худамон вобаста аст, аммо ин мулоқот тақдирсоз буд. Дар Тоҷикистон ошиқи ҳеч кас нашудам ва ногаҳон дар Русия духтареро дӯст доштам, падараш аз Удмуртия ва модараш аз Латвия мебошанд”, - изҳори ҳайрат кард ӯ.

Муҳоҷират: Тоҷикон қурбони вазъ шуданд

Дар мавриди мушкилоти муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия Акимбеков мегӯяд, ки тоҷикон қурбони вазъу ҳаводис шуданд.

“Агар ҷанги шаҳрвандӣ намебуд, аксари тоҷикон феълан дар Ватан зиндагӣ мекарданд ва муносибат дар ҷаҳон ҳам бо онҳо тамоман дигар мебуд.  Аммо ҳар тоҷике, ки дар Ватан зиндагӣ намекунад, бояд донад, ки мо ҳама пораҳое аз як тасвири умумием ва ҳар қисми ин хеле муҳим аст”,-таъкид кард Акимбеков.   

Муҳимтарин “асъоре”, ки дар саррофиҳо нест

Барандаи тоҷик мегӯяд, муҳимтарин “асъор” дар ҷаҳони муосир ин таваҷҷуҳ аст. Вақте таваҷҷуҳро тариқи рафтори баду густохӣ нисбати атрофиён ба даст меёрем, дигарбора ин “асъор”-ро дарёфтан, ҳатто тариқи корҳои хуб  хеле мушкил хоҳад буд.

“Рақси лезгинкаро аз зеботаринҳо дар ҷаҳон мешуморам, инро ҳамчун хатмкунандаи донишкадаи фарҳанг мегӯям. Аммо вақте дар маркази Маскав мусиқии баланд монда, ба атрофиён аҳамият надода, лезгинка мерақсанд, ин рақсро паст мезананд. Бояд донем, ки дар куҷо ва чӣ гуна рафтор бояд кард”, -шарҳ дод Акимбеков.

Гардиши куллӣ дар зиндагӣ: Ба телевизиони Русия меравам

Ба бовари Аслишо вақте нафаре оммавӣ баромад мекунад, назди халқаш бояд масъулиятро эҳсос кунад.  

“Дер боз мардум аз ман мепурсанд, ки Аслишо чаро барои кор ба телевизиони Русия намеравӣ, чун қобилияту зарфияташро дорӣ. Аммо танҳо ба наздикӣ дарк кардам, ки мехоҳам, ҳар тамошобини  русиягӣ - аз чечен то башқирд дар ман чизе аз худ ва барои худ пайдо кунад. Рӯзҳои наздик тасмим гирифтам, ки ба озмунҳои телевизионӣ меравам. Барои ҳамин метавон гуфт, ин мусоҳиба гардиши куллие дар пай дорад ва ояндаи наздик дар зиндагиям ҳама чиз тағйир меёбад”, -хулоса кард Акимбеков.

2373
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Сальма Хайек

Шабнам ва Манижа дар Ҳолливуд: хориҷиҳои чун себи дукафон ҳаммонанди ситораҳои тоҷик

1049
(Таҷдидшуда 16:06 28.02.2021)
Пӯшида нест, ки одамони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон новобаста аз нажод ва одатҳояшон ба ҳамдигар монанданд. Чанд ситораи Ҳолливудро номбар кардан мумкин, ки агар куртаи тоҷикӣ пӯшидаву акс гиранд, ба тоҷикдухтар табдил меёбанд

Духтарони зебои Тоикистонро - як дороии дигари кишвар мегӯянд. Бонувони минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста аз иқлиму шароит зоҳиран фарқ мекунанд: ранги ҷашм, ҳаҷми он, абрӯ, бинӣ ва ҳоказо.

Пӯшида нест, ки новосбата аз нажоду рангу шакли даҳону бинӣ одамони ҷаҳон ба ҳам монанданд.

Ситораҳои Ҳолливуд, ки машҳури тамоми дунёянд, агар куртаи тоҷикӣ пӯшанду акс гиранд, онҳоро аз як бону тоҷикистонӣ фарқ кардан мушкил мешавад.

Sputnik Тоҷикистон рӯйхати чунин ҳунрамандони саҳнаи ҷаҳониро ҷамъоварӣ кард.

Пенелопа Круз

Ҳунарпешаи Ҳолливуд Пенелопа Круз яке аз дурахшонтарин диваҳои кинои Ғарб аст, бешубҳа, аввалин шуда байни онҳое истидааст, ки духтари бадахшонӣ метавон гуфт.

Актриса Пенелопа Крус
© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Актриса Пенелопа Крус

Ба чашмони чуқури ғарқшуда ва абрӯвони саркаши ӯ нигариста, шумо бешубҳа мефаҳмед, ки қаҳрамони "Осмони ванилӣ" метавонист дар ягон гӯшаи Шуғнон таваллуд шавад.

Доғи кунҷитаки рӯи Круз хоси мардумони кӯҳиест, ки дар баландии бештар аз 6 ҳазор аз сатҳи баҳр зери нурҳои сӯзони офтоб ба сар мебаранд. Дар ҳамин ҳол, Пенелопа Круз зодаи шаҳри Алкобендами Испания аст.

Салма Хайек

Духтари оташин, Салма Хайек тамоми хусусиятҳои зоҳироро дорост, ки барои гирифтани унвони "тоҷикдухтар" мубориза барад.

Сальма Хайек
© AFP 2020 / PEDRO PARDO
Сальма Хайек

Агар ба чеҳраи Салма бодиққат нигарем ва махсусан ба аксҳои ҷавониаш метавон чанд ҷои монандашро бо ҳунарманди зебои тоҷик Манижа Давлатова пайдо кард: чашмони гирд, қаду қомати расо ва муҳимаш абрӯвони сиёҳ. 

Албатта метавонанд, мухлисони Манижа иддао кунанд, ки мисли ҳунарманди тоҷик дар ҷаҳон зебое нест.

Манижа Давлат, архивное фото
© Фото : Аккаунт в Facebook
Манижа Давлат, архивное фото

Салма Хайек зодаи Мексика аст ва дорандаи ҷоизаи "Оскар" мебошад.

Ким Кардашян

Дар назари аввал, изҳороти монандаи ситораи шоуи амрикоӣ ба ягон духтари тоҷик шубҳаовар ва ҳато метавонад таҳқиромез намояд.

Ким Кардашьян
© AFP 2020 / JOHN LAMPARSKI
Ким Кардашьян

Аммо бо назардошти он ки феълан стандартҳои зебогӣ дар тамоми ҷаҳон тағйир меёбад ва маҳз асари "технологияи нав" як гурӯҳ бонувони ба ҳам монандро сохтааст. Рӯшантар гӯем, лабҳои бо роҳи сунъӣ васеъкарда, андоми бо роҳи амалиётҳои ҷарроҳӣ тағйирдодашуда, мӯйҳои сунъӣ ва абрӯвони сунъӣ барои ситораҳои тоҷик низ истисно нест.

Овозхони тоҷик Шабнами Сурайё
Овозхони тоҷик Шабнами Сурайё

Бигзор дигаргуниҳои зиҳирии овозхони попи тоҷик Шабнами Сурайё, худашон бозгӯӣ ин далелҳо бошанд.

Селена Гомес

Овозхон ва ҳунарпешаи чобуки амрикоӣ Селена Гомес бо чашмони бодомшакл метавонист  дар замони хонигарии Бухоро таваллуд шавад ва боиси илҳоми шоирони тоҷику форс шавад.

Актриса Селена Гомес
© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Актриса Селена Гомес

Дар чеҳраи ин зани мексикоӣ-итало-англисӣ, ба мисли метисои ҳақиқӣ, якбора якчанд гурӯҳҳои этникӣ муттаҳид шуданд, бинобарин чеҳраи ӯ  ба намуди духтарони минтақаҳои шимолии Тоҷикистон - Хуҷанд ё Панҷакент шабоҳат дорад.

Селена Гомес шояд хабаре ҳам надорад, ки дар як гӯшаи ҷаҳон духтари ба вай монанди оддие ба сар мебарад.

Фрида Пинто

Ҳунмарманди ҳиндуитабор, ки бештар дар филмҳои бритониёиву амрикоӣ нақш мебоазад, духтари сабзинаи тоҷикистониеро мемонад.

Фрида Пинто
© AFP 2020 / LISA O'CONNOR
Фрида Пинто

Фрида дар Бомбей таваллуд шудааст ва махфӣ нест, ки тоҷикону ҳиндустониҳо монанд. Фрида Пинто решаҳои португалӣ низ дорад, аммо аз ҳиндустонӣ буданаш, хушаш меояд.

1049
Дилафруз  Хоникбоева,

Аз Боми ҷаҳон ба дили Амрико: кист тоҷикдухтаре, ки ба тими Байден роҳ ёфт - акс

31719
(Таҷдидшуда 18:05 19.02.2021)
Хабари ба тими Ҷо Байден шомил шудани як зодаи Тоҷикистон корбаронро шигифтзада кардааст: чигуна ин духтарак аз Боми ҷаҳон тавонист дар дили Амрико муваффақ шавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дилафрӯз Хоникбоева, як тоҷикдухтар дар Амрико ба як мансаби олӣ тавонист роҳ ёбад. Хабар дар бораи он, ки як духтар аз Тоҷикистон ба тими президенти нави Амрико Ҷо Байден шомил шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод ва шигифтзада кард. 

Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки то куҷо ин хабар дуруст ва Дилафрӯз Хоникбоева кист.

Аслан дар бораи расидан ба як мансаби аршад дар Амрико худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ба иттилои вай, ӯ ҳамакнун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.

Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст.

Гузашта аз ин, худи Хоникбоева шомил шудан ба тими Байденро дар навиштааш тасдиқ мекунад.

"Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайъати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам", - менависад вай.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук садҳо кораброн аз ин хабар изҳори хушнудӣ кардаву садҳо нафар ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтаанд ва барояш комёбӣ таманно кардаанд.

"Мо аз ин ҳамватани худ ифтихор дорем ва барояш муваффақият таманно мекунем", - менависад як корбари Фейсбук.

"Чӣ хабари хуше, бо ту ифтихор дорем ва бароят муваффақият таманно мекунем. Бигзор сафи ту баринҳо бештар шаванд", - менависад нафари дигар.

Худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш бо чанд забон ба шодишариконаш изҳори сипос кардааст ва гуфтааст, ки ҳатто интизор ҳам надошт, ки ин қадар мактубу шодбошӣ мегарад ва гоҳе ҳангоми хондани онҳо аз чашмонаш ғайриинтизор ашк рехтанд.

Дилафрӯз Хоникбоева кист?

Ин зани ҷавон, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.

"Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд", - навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.

Дилафруз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст. 

Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад. 

Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.

Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.

Оиладор ва донандаи чанд забони хориҷӣ аст.

31719
Барчаспҳо:
тоҷикдухтар, Ҷо Байден, Тоҷикистон, Амрико
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

0
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих