Народная поэтесса Таджикистана Гулрухсор Сафиева

Гулрухсор: ҳар як фарди тоҷик бояд китоби Айниро дошта бошад

88
Шоири мардумии Тоҷикистон бар он аст, ки "Айнӣ арзандатарин фарзанди халқи тоҷик аст, ва ҳар фарди тоҷик бояд китоби Айниро мутолиа намояд ва дошта бошад"

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ҳангоми рӯнамоии нашри тозаи "Куллиёт"-и нависандаи  номии тоҷик Садриддин Айнӣ гуфтааст, "ҳар як фарди тоҷик китоби Айниро бояд дошта бошад ва мутоила кунад".

Дар Душанбе Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии "Китоби Душанбе" идома дорад. 18 октябри соли 2018 дар бинои Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" рӯнамоии китобҳои тозанашр баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева нусхаи тозанашри "Куллиёт"-и Садриддин Айниро рӯнамоӣ кардааст.

"Айнӣ арзандатарин фарзанди халқи тоҷик аст, ва ҳар фарди тоҷик бояд китоби Айниро мутолиа намояд ва дошта бошад", - изҳор доштааст шоир.

"Куллиёт"-и устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси набераи устод Айнӣ - Эраҷ Айнӣ дар шаҳри Истамбули Туркия бо сифати баланд дар теъдоди 1000 нусха чоп гардидааст.

Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии "Китоби Душанбе" то 20 октябр идома меёбад. Дар доираи намоишгоҳ баргузори чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ аз қабили конфронсҳо, суҳбати мизи гирд, мубодилаи афкор, муаррифии китоб ва ҷамъбасти озмунҳо дар назар аст.

Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва қаҳрамони Тоҷикистон аст.

88