Далер Назаров дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевКонцерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерт дар қаҳвахонаи "Море Внутри" дар метрои Соколники баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Ҳунарманди номии тоҷик Далер Назаров дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад.

Консерти Далер Назаров 30 октябр дар тарабхонаи "Море Внутри" дар метрои Соколники баргузор мешавад.

Оғози барномаи консертӣ соати 20:00 гуфта мешавад.

Билетҳо аз 1200 рубл нархгузорӣ шудаанд.

Ахиран ҳунарманди номии тоҷик дар ҳошияи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав меҳмон шуда, бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мусоҳиба карда буд.

Ӯ гуфта буд, ки худро фиристодаи мардуми тоҷик мешуморад. Ҳар ҷо, ки равад фарҳанги бузурги тоҷикронро муаррифӣ мекунад.

"Анъанаҳои тоҷикӣ хело зебо ва хело аҷиб ҳастанд. Бояд дар дили фарзандони худ меҳри фарҳанги тоҷикиро ҷо кард. Мо фарҳанги зебое дорем, ки одамонро ба ҳам меорад", - гуфта буд вай.

Лентаи хабарҳо
0