Турнир по женскому боксу Женщины против насилия, наркомании и гендерного неравенства

Се бонуи муштзани тоҷик кишварро дар мусобиқаи Ҳиндустон муаррифӣ мекунанд

40
(Таҷдидшуда 15:39 19.11.2018)
Се варзишгардухтар дар чемпионати ҷаҳон AIBA оид ба муштзанӣ миёни занон дар Ҳиндустон, Тоҷикистонро муарифӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Ҳиндустон Деҳлӣ миёни занон чемпионати ҷаҳон AIBA оид ба муштзани ва ё бокс баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 350 варзишгар аз 73 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқа медалҳо мувофиқи10 вазн муаян шудаанд. Дар ҳайати варзишкорони тоҷик се  духтар иштирок мекунанд.

Иштироккунандагони ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ғолибони ин навъи варзиш дар дохили кишвар мебошанд.

Масалан, чемпиони якчандкаратаи ҷумҳурӣ, ғолиби мусобиқаи Осиё миёни донишҷӯён дар соли 2016 ва боксёр-духтари машҳури тоҷик Шоира Зулқарнаеваи 23-сола дар вазни 60 кг баромад хоҳад кард.

Инчунин барои ба даст овардани медал Миҷгона Самадоваи 20-сола дар вазни 57 кг ва ҳамсоли ӯ Гулмира Исроилова дар зери вазни 81 кг муқовимат хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки аз аввал дар рӯйхат номҳои Мадина Ғафороваи 19-сола чемпиони Тоҷикистон дар соли гузашта ва Рӯҳафзо Ҳақназароваи 19-сола барои иштирок дар ин сабқати ҷаҳонӣ пешниҳод шуда буданд.

Аммо сабаби наомадани ин ду варзишкор-духтар ба Деҳли маълум нест.  

40
Барчаспҳо:
тоҷикдухтар, бокси касбӣ, Ҳиндустон, Тоҷикистон