Здание Европейского банка реконструкции и развития, архивное фото

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба соҳибкор-занони Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо кардаст

63
Маблағи ҷудокардаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳри қарздиҳии занони соҳибкор ва роҳбарони савдои хурду миёна пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳри рушди соҳибкорӣ миёни занон дар Тоҷикистон ба миқдори 1 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст.

Маблағҳои ҷудошуда ба ташкилоти хурди молиявии “Ҳумо” интиқол дода шудаанд. Ҳамин тариқ ташкилоти “Ҳумо” мувофиқи барномаи “Занон дар тиҷорат”, ки чанде пеш дар Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд , панҷумин шарики ҳамкории бонки аврупоии таҷдид ва рушд гардид.

 Мувофиқи нақша маблағи ҷудогардида баҳри қарздиҳии занони соҳибкор ва роҳбарони савдои хурду миёна пешбинӣ шудааст.

Инчунин қарздиҳию қарзгирӣ мувофиқи барномаи кӯмаки техникӣ сурат хоҳад гирифт.

“Мо аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳри ғамхорӣ ва дастгириҳояш дар амалигардонии барномаҳои ҷамъиятӣ ва экологӣ, ки баҳри беҳбудии зиндагии ҷомеа пешбинӣ шудаанд изҳори миннатдорӣ баён мекунем. Чунин барномаҳо дар амалигардонии мақсади асосии ширкатҳои кишвар кӯмак мекунанд. Мо вобаста ба масъалаҳои ҷинсӣ (гендерӣ) аҳамият медиҳем ва баҳри рушд ва зиёдшавии миқдори занони соҳибкор, чӣ миёни ҳамкорон ва чӣ миёни мизоҷон, кӯшиш мекунем”,- қайд кардааст мудири кулли Ҳумо, Мавсуда Вайсова.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми сентябри соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон барномаи дастгирии занони соҳибкорро пиёда карда буд.

Барномаи “Занҳо дар тиҷорат” метавонад дар кишвар сафи соҳибкор-занҳоро зиёд карда дар рушду пешрафти онҳо кумак кунад.

Тахмин меравад, ки лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд метавонад барномаҳои қарздиҳиро баҳри занони соҳибкори кишвар дастрастар намояд.

 

63
Барчаспҳо:
созмони қарздиҳии хурд, Бонк, Занони соҳибкор, Тоҷикистон