Арҷгузории ҳамтои узбакистонии Шукурҷон Зуҳуров ба миллати тоҷик

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нурдинҷон Исмоилов ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошт

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси Палатаи қонунгузории Олии Узбакистон Нурдинҷон Исмоилив ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Исмоилов ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кардааст.

Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сафари ҳамтои узбакистониаш изҳори хушнудӣ намудааст.

"Ташрифи шуморо ба Тоҷикистон муҳим мешуморем ва боварӣ дорем, ки ин сафар дар равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Узбакистон саҳифаи нав боз мекунад ва дар тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо саҳми арзанда мегузорад. Ба назари мо, самарабахшии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад”, - таъкид доштааст вай.

Умедворем, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд, афзудааст Зуҳуров.

Ба гуфтаи Зуҳуров ва Исмоилов Тоҷикистон тайи солҳои ахир беш аз 180 созишнома ва қарордодро дар ҳаҷми беш аз 730 миллион доллар ба тасвиб расониданд.

Инчунин танҳо соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳаҷми тақрибан 100 миллион доллар қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ёдрас мешавем, раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси Узбакистон 19-уми ноябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт.

Дар назар Исмоилов бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Лентаи хабарҳо
0